36 саволу чавоб аз фанни забони точики

1. Савтиёт чист?
Ҷавоб: Савтиёт илм дар бораи овозҳо аст;
2. Зада чист?
Ҷавоб: Шиддатнок талаффуз шудани яке аз ҳиҷоҳои калимаро зада меноманд;
3. Исм чист?
Ҷавоб: Исм ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, номи ашёро ифода мекунад ва ба саволҳои чӣ? чиҳо? кӣ? киҳо? ҷавоб медиҳад;
4. Исмҳои хос чист?
Ҷавоб: Исмҳои хос ба шахс ва ашёи алоҳида мансубанд;
5. Сифат чист?
Ҷавоб: Сифат ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, аломат, хосият ва чигунагии ашёро мефаҳмонад ва ба саволҳои чӣ хел? чӣ гуна? кадом? ҷавоб медиҳад;
6. Шумора чист?
Ҷавоб: Шумора ҳиссаи номии нутқ буда, миқдор ва тартиби ашёро бо адад ифода мекунад;
7. Ҷонишин чист?
Ҷавоб: Ҷонишин ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломат, ашё ва миқдори онҳоро далолат мекунад, вале худи онҳоро номбар намекунад, вай ба ҷои исм, сифат ва шумора меояд;
8. Феъл чист?
Ҷавоб: Феъл ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, амал ва ҳаракати ашёро мефаҳмонад;
9. Масдар чист?
Ҷавоб: Масдар шакли ибтидоии феъл буда, номи амал ва ҳолатро ҳамчун протсесс мефаҳмонад. Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад;
10. Феъли ҳол чист?
Ҷавоб: Феъли ҳол амалу ҳолатеро ҳамчун аломати феъли асосӣ мефаҳмонад. Он амали иловагии ба феъли асосӣ пайравбударо ифода мекунад;
11. Зарф чист?
Ҷавоб: Зарф ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломати амал ва аломати аломатро мефаҳмонад ва шароити воқеъ гардидани амалу аломатро нишон медиҳад;
12. Пешоянд чист?
Ҷавоб: Пешоянд ҳиссаи номустақили нутқ буда, бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳад. Пешоянд пеш аз калима меояд;
13. Пасоянд чист?
Ҷавоб: Пасоянд ҳиссаи номустақили нутқ буда, бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳад ва пас аз калима меояд;
14. Пайвандак чист?
Ҷавоб: Пайвандак ҳиссаи номустақили нутқ буда, аъзоҳои ҷумлаи сода ва ҷумлаҳоро ба якдигар мепайвандад;
15. Ҳиссача чист?
Ҷавоб: Ҳиссачаҳо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ба фикри гуфташуда муносибати гўяндаро мефаҳмонанд. Онҳо барои ифодаи тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд;
16. Нидо чист?
Ҷавоб: Нидо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ҳаяҷону ҳиссиёт ва майлу иродаро ифода мекунад;
17. Муродиф чист?
Ҷавоб: Муродифҳо калимаҳои аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик, вале аз ҷиҳати таркиби овозиашон ҳархела мебошанд;
18. Мутазод чист?
Ҷавоб: Мутазод калимҳои муқобилмаъно мебошад;
19. Омоним чист?
Ҷавоб: Омонимҳо калимаҳоеанд, ки шаклан якхела буда, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд;
20. Архаизм чист?
Ҷавоб: Калимаҳои кўҳнашударо архаизм меноманд. (кал. юнонӣ архаиз – қадима);
21. Воҳидҳои фразеологӣ чист?
Ҷавоб: Воҳидҳои фразеологӣ таркиб, ибора ва ҷумлаҳои рехтае мебошанд, ки маънои яклухти маҷозӣ доранд;
22. Ибора чист?
Ҷавоб: Ибора калимаи арабӣ буда, маънои баён, ифода, суханро дорад. Ибора аз ҷамъбастагии ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно бо ёрии бандаки изофӣ ё бидуни он ташаккул меёбад;
23. Ҷумла чист?
Ҷавоб: Гурўҳи калимаҳои ба ҳам алоқаманд ё калимаи алоҳидае, ки фикри томро мефаҳмонад, ҷумла номида мешавад;
24. Ҷумлаи содаи дутаркиба чист?
Ҷавоб: Ҷумлаи содае, ки дар он ҳар дуи сараъзои ҷумла (мубтадо ва хабар) иштирок менамояд, дутаркиба ном дорад;
25. Ҷумлаи содаи яктаркиба чист?
Ҷавоб: Ҷумлаҳои содае, ки дар таркибашон танҳо яке аз сараъзоҳо (ё мубтадо ё хабар) мавҷуд аст, яктаркиба меноманд;
26. Ҷумлаи мураккаб чист?
Ҷавоб: Ҷумлаи мураккаб аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода ташкил ёфта, дорои ягонагии маъно, сохт ва оҳанг мебошад, баръакси ҷумлаи сода фикри мураккабро мефаҳмонад;
27. Ҷумлаи мураккаби пайваст чист?
Ҷавоб: Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз ҷумлаҳои содаи баробарҳуқуқ ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда таркиб меёбад;
28. Ҷумлаи мураккаби тобеъ чист?
Ҷавоб: Ҷумлаи мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳое таркиб меёбад, ки яке дигареро шарҳ дода ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунанда алоқаманд мешавад;
29. Пунктуатсия чиро меомўзад?
Ҷавоб: Пунктуатсия тарзи истифодаи аломатҳои китобатро меомӯзад;
30. Аломати нохунак барои чӣ хизмат мекунад?
Ҷавоб: Аломати нохунак барои ҷудо кардани обекти сухан ва маънои киноявӣ хизмат менамояд;
31. Услуб чист?
Ҷавоб: «Услуб» калимаи арабӣ буда, дар фарҳангҳо ба маънои тарз, тариқ, сабк, шева маънидод шудааст;
32. Услуби бадеӣ чист?
Ҷавоб: Услуби бадеӣ усули таълифи асарҳои бадеӣ мебошад;
33. Ҳуҷҷатнигорӣ чист?
Ҷавоб: Ҳуҷҷатнигорӣ аз ҳуҷҷатҳои расмӣ иборат аст. Ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд мухтасар, далелнок, равшану фаҳмо ва ҷавобгӯи меъёрҳои сохторӣ (шаклӣ) бошад;
34. Ариза чӣ хел ҳуҷҷат аст?
Ҷавоб: Ариза ҳуҷҷатест, ки тавассути он хоҳиши нависандаи он ба тариқи расмӣ ба муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иброз мегардад;
35. Лексикология чист?
Ҷавоб: Лексикология илм оид ба луғат аст;
36. Истилоҳот чист?
Ҷавоб: Истилоҳ луғати хоси мансуб ба илму фарҳанг буда, мазмуни он асосан ба мутахассисони соҳа маълум аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.