Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи чунин мардони баргузидаи ҷомеаи башарист, ки бо эҷодиёт, таълифот ва таълимоти худ на танҳо барои форсизабонон хидмати бузурги таърихие кардааст, балки дар даромадгоҳи Шӯрои Амнияти Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида бо забонҳои машҳури олам сабт шудани абёти зерини ҷовидонаи Саъдӣ мебошад, ки аз китоби пешбурди тамаддун ва рушду камоли афкори бадеии ҷаҳонӣ низ саҳми носутурдание дорад. Афкору оро ва андешаҳои гуманистии Саъдӣ имрӯз ҳам барои тарбияи маънавии инсоният, пойдор гардондани сулҳ, таъмин намудани иттиҳоду иттифоқи халқу миллатҳои саёраи мо хизмат карда истодааст. Шоҳиди барҷастаи ин маънӣ дар пештоқи «Гулистон»-и ӯ гирифта шудааст:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саъдӣ саромад ва устоди ғазали навин буд. Ба ҳамин муносибат муаллифи номаълуме ӯро дар қатори Фирдавсиву Анварӣ пайғамбари назм хондааст:
Дар назм се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд, ки «ло набию баъдӣ»,
Авсофу қасидаю ғазалро,
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.
Муаллифи дигаре низ дар бораи Саъдӣ сухан ронда, мавкеъ ва аҳамияти эҷодиёти ӯро аз шаҳомати дастгоҳи атобаки Форс Саъд ибни Зангӣ болотар донистааст:
Номи Саъдӣ дар «Гулистон»-аш,
Беҳ зӣ Саъду саою айвонаш.
Роҷеъ ба тарҷумаи ҳол ва ҷараёни зиндагии Саъдӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва тазкираҳо маълумоти пароканда ва хеле ихтилофнок дучор мешавад. Аз рӯи онҳо барқарор намудани тарҷумаи ҳоли ҳақиқии ӯ бисёр душвор ва ҳатто номумкин аст. Бинобар ин дар ҳалли ин масъала муҳаққиқони саъдишинос асосан ба ахбори осори худи Саъдӣ муроҷиат кардаанд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо номи пурраи Саъдӣ – Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ мебошад. Зодгоҳаш шаҳри Шероз аст, вале соли таввалудаш дар маъхазҳо ҳар хел нишон дода шудааст. Агар ба ҳисоб гирем, ки Саъдӣ дар байни халқ ба умрдарозӣ маъруф аст, санаи 1184-ро низ метавон ҳамчун соли таввалуди ӯ тахмин кард. Дар сурате, ки соли вафоти ӯ санаи 1292 аст, 108 сол умр диданаш равшан мегардад, ҳарчанд, ки дар ин бобат фикрҳои дигар ҳам ҳаст.
Падари Саъдӣ аз одамони маъруфи Шероз буда, аз рӯи баъзе ишоратҳо дар дастгоҳи ҳукмрони он вақтаи Шероз Саъд ибни Зангӣ хидматеро ҳам дар ӯҳда доштааст. Вай дар симои фарзанди хурдсолаш осори ақлу заковатро мушоҳида мекард ва ба таълиму тарбияташ ба ҷон мекушад. Ҳамин тавр, Мушрифиддини хурдсол дар сояи ҳиммату ғамхориҳои падари меҳрубону модари мушфиқ дар мактаб мехонд ва чун ҳама кӯдакон аз баду неки одаму олам хабар надошт. Вале ин хушбахтии кӯдаконаи ӯ дер давом накард, самиму сарди аҷал ниҳоли умри падари бузургвори ӯро аз беху бун барканд. Саъдӣ ятим монд. Ӯ вақтҳое, ки дар ҳимояту сарпарастии падар мезист, чигунагии ҳоли тифлони бе падарро намефаҳмид ва дар ин бобат фикр ҳам намекард. Вале чун худаш ятим монд, ба сахтию талхии танҳоию бекасӣ ба зудӣ сарфаҳм рафт. Ба ҳоли ятими бепадар касе эътибор намедод. Ин барои Мушрифиддини хурдсол, ки дар аҳди падар басо навозишҳо аз хешу бегона дида буд, хеле аламангез буд. Ин аст, ки ӯ вақте, ки ӯ ба рушду камол расид, на танҳо худ ба ятимон меҳрубонӣ мекард, балки дигаронро низ ба ин амри савоб даъват менамуд. Дар ин бора ӯ дар боби дуюми маснавии «Бӯстон» чунин навишта аст:
Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан.
Надони, чӣ будаш фурӯ монда сахт?
Бувад тоза бе бех ҳаргиз дарахт?
Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.
Ятим гар бигиряд, ки нозаш харад?
В-агар хашм гирад, ки бораш барад?
Ало, то нагиряд, ки арши азим,
Биларзад ҳаме, чун бигиряд ятим.
Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафқат бияфшонаш аз дида хок.
Агар сояи худ бирафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.
Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар бар канори падар доштам.
Агар бар вуҷудам нишасти магас,
Парешон шуди хотири чанд кас.
Кунун душманон гар барандам асир,
Набошад кас аз дӯстонам насир.
Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар тифли аз сар бирафтам падар.
Саъдӣ баъди хатми мактаб ният дошт, ки таҳсилро дар яке аз мадрасаҳои Шероз давом диҳад. Вале ин кор ба ӯ муяссар нашуд. Дар ин ҳол ӯ ба номи яке аз хоҷагони Шероз, ки падараш низ солҳо дар хидмати ӯ буд, мактубе манзум навишта, арзи садоқат ва хизмат намуд:
Падарам бандаи қадими ту буд,
Умр дар бандагӣ бар сар бурдаст.
Бандазода, ки дар вуҷуд омад,
Ҳам ба рӯи ту дида бар кардааст.
Хидмати дигаре нахоҳам кард,
Ки маро неъмати ту парвардааст.
Эҳтимол меравад, ки ин кӯшиши Саъдӣ ҳам бе натиҷа мондааст. Зеро, чунон ки аз байти зерин пайдост, ӯ аз Шероз ва аҳли он ба куллӣ дилгир шуда, майли Бағдод кардааст:
Дилам аз сӯҳбати Шероз ба куллӣ бигирифт,
Вақти он аст, ки пурсӣ хабар аз Бағдодам.
Ҳамин тавр, Саъдӣ аз барори кори худ дар Шероз тамоман ноумед шуда, барои давом додани таҳсил ба Бағдод, ки маркази хилофат ва илму адаб буд, рахти сафар баст. Дар Бағдод ба мадрасаи машҳури «Низомия», ки барои мусофирон шароити беҳтаре дошт, қабул шуд ва илмҳои маъмули замони худ, аз ҷумла улуми адабия, тафсир, фиқҳ, ки дар он замон аҳамияти калони амалӣ дошт, тахассуси комил пайдо кард. Саъдӣ дар маҷлисҳои баҳси фақеҳони номдори маркази хилофат борҳо иштирок карда, бо фасоҳати сухан, дурустии далелҳо ва мантиқи маҳокима бар онҳо ғолиб омада, таҳсину офарини аҳли маҷлис ва ҳозирон гардида буд. Дар ин бора ҳикояти муфассале низ дар боби чоруми «Бӯстон» оварда шудааст.
Бо вуҷуди он, ки Саъдӣ дар илми фиқҳ ва дигар илмҳои замонаи худ ба дараҷаи камолоти ҳақиқӣ расида буд, вале ӯ то охири умр ҳеҷ кадоми ин илмҳоро ба худ ихтисоси доимӣ қарор надод. Вай баъди хатми мадрасаи «Низомия» ба нияти дидани оламу шинохтани одам аз Бағдод роҳи сафарро пеш гирифта, муддатҳо дар шаҳру мамлакатҳои гуногун мусофиратҳо кард. Дар ин сафарҳо Саъдӣ Осиёи Сағир, Ҳабаша, Миср, Шом, Фаластин, Арабистон, Ҳиндустон ва бештари шаҳрҳои Эронро саёҳат намуд. Аз рӯи баъзе ҳикоятҳои «Гулистон» гуё ӯ ба Арманистон, Туркистони шарқӣ ва баъзе аз кишварҳои Аврупо низ сафар карда будааст.
Саъдӣ мувофиқи шароити ин ё он маҳал ва тақозои вақт худро ба суратҳои гуногун, масалан, баъзан ҳамчун дарвеш, гоҳе дар либоси аҳли илму ваъз, вақте ба сурати суфию муршид намудор мекард. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Саъдӣ дар ин сафарҳо бо табақоти гуногуни мардуми он замон ошно гардида аз маҷмӯи ахлоқу одоб, рафтору кирдор ва урфу одатҳои халқҳои мухталиф баҳраҳо бардошт, ки он ҳама дидаву шунидаҳои ӯ минбаъд дар осораш хулоса шудаанд.
Мероси адабии Саъдӣ аз назму наср иборат аст.
Осори манзуми Шайх Саъдӣ аз маснавии оламшумули «Бӯстон», қасоиди форсӣ ва арабӣ, чор адад маҷмӯаи ғазалиёт бо номҳои «Тайибот», «Бадоеъ», «Ҳавотим», «Ғазалиёти қадим», китоби соҳибия, маснавиёт, қитъаот, рубоиёт ва муфрадот иборат аст.
Осори мансури Шайх бошад аз шаш рисолаи хурд бо номҳои «Дар тақрири дебоча», «Дар тақрири маҷолиси панҷгона», «Дар суоли Соҳибдевон», «Дар ақл ва ишқ», «Дар насиҳати мулук», «Тақрироти салоса» ва китоби «Гулистон» иборат аст.
Алҳол мо ин ҷо фақат дар бораи «Гулистон», тартибу танзим, таркибу структура, услуби нигориш, мақому аҳамияти ин асар дар эҷодиёти Саъдӣ ва дар таърихи адабиёт, инчунин кайфияти таҳияи матни ҳозираи «Гулистон» чанде таваққуф карданӣ ҳастем. Зимнан бояд гуфт, ки дар бораи осори Саъдӣ, алалхусус «Гулистон», ховаршиносони ҳамзабон ва хориҷӣ даҳҳо ва садҳо тадқиқоти хурду калонро анҷом додаанд, ки ҳар кадом мувофиқи замону макони таълиф ва ҳадафу мақсади муаллифон ҷолиби диққат ва қобили мутолиаву омӯзиш мебошад. Ҳангоми навиштани ин мақола мо беҳтарин муҳокимаҳо ва хулосаҳои муҳақиқони Саъдиро ба назар гирифта бошем ҳам, тадқиқи «Гулистон» – ро асосан аз рӯи маълумоти худи хамин асар манзур гардондаем.
Инак «Гулистон».
Саъдӣ дар дебочаи «Гулистон» аз хусуси шӯҳрати сухани худ ва мазияти он, хоса осори мансураву муншаоташ, забони хомаро ба гуфтор оварда, таъкид намудааст, ки «зикри чамили Саъдӣ», андар даҳони авом афтодааст ва чакидаҳои килки гуҳаррези ӯро «хосу ом» ба муҳаббату эътиқоди тамом қабул доранд: «Зикри ҷамили Саъдӣ, ки дар афвоҳи авом афтода ва сити суханаш, ки дар басити замин рафта ва қасаб-ул-ҷайби ҳадисаш, ки ҳамчун шакар мехӯранд ва руқъаи муншаоташ, ки чун коғази зар мебаранд…лоҷалам коффаи аном аз хосаву ом ба муҳаббати ӯ ғароидаанд».
Аз ин иқтибос бармеояд, ки Саъдӣ дар назари тамоми халқ, тамоми табақаҳои аҳолӣ мақбулу маҳбуб будааст ва ба ақидаи ӯ, маҳбубият ва шӯҳрати ҳақиқӣ фақат ҳамон вақт ба адиб муяссар мешавад, ки халқи оддӣ, мардуми авом ва оммаи ӯро эътироф намоянд ва навиштаҳояшро дӯст доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.