Фазлиддин Муҳаммадиев Аминович нависанда.
Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1957), Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон (1978), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1967).
Зиндагинома:
Дастпарвари мактаби миёнаи №.15 ш. Самарқанд. Соли 1946 ба Сталинобод омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш чун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” (минбаъд – “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло – “Ҷумҳурият”, 1947-1949) сар шудааст. Мактаби марказии комсомол (Москва, 1951), курси олии адабии назди Институти адабии ба номи М.Горкий (Москва)-ро хатм кардааст (1962). Минбаъд дар вазифаҳои Котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – “Ҷавонони Тоҷикистон”, 1951-1954), муҳаррири рӯзномаи “Газетаи муаллимон” (ҳоло – “Омӯзгор”, 1954), мудири шӯъбаи маданият ва маишати рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (1954-1955), котиби масъули маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло – “Фирӯза”), “Хорпуштак” (1955-1957), мудири шӯъба, котиби масъули моҳномаи “Шарқи Сурх” (ҳоло – “Садои Шарқ”, 1957-1960), муҳаррири маҷаллаи “Хорпуштак” (1962-1964), узви коллегияи сенариянависони Киностудияи ”Тоҷикфилм” (1965-1966), муҳаррири калони нашриёти “Ирфон” (1967-1968), мудири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии ЭСТ (1969-1973), сармуҳаррири Комитаи давлатии ҶТ оид ба синамо (1973-1976), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978-1981) кор кардааст. Фазлиддин Муҳаммадиев 16 октябри соли 1986 бар асари кордзании чанд тан авбош дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҷон додааст. Фазлиддин Муҳаммадиев дар оромгоҳи Боғи Лучоб ба хок супорида шудааст.
Эҷодиёт:
Фазлиддин Муҳаммадиев аз соли 1981 бо кори эҷодӣ машғул буд. Муаллифи маҷмӯаи очеркҳои “Муҳоҷирон” (1959), “Сози Мунаввар” (1967), китобҳои “Одамони кӯҳна” (1963), “Дар он дунё” (1965), романи “Палатаи» кунҷакӣ” (1974), повестҳои “Шоҳии япон” (1982), “Варта” (1983), маҷмӯаи публисистии “Дӯстон тоҷи сар” (1985). Бисёр асарҳои нависандаҳои ҷаҳон, аз ҷумла “Зарбаи аввал”-и Андре Стил, “Ҷазираи гулистон”-и Михаил Садовяну, “Ҷамила”, “Алвидоъ, Гулсарӣ” ва “Дуроҳаи бӯҳронӣ”-и Чингиз Айтматов, пиесаҳои Н. Погодин “Достони саввуми муассир”, “Ҷон модаракон” ва “Садо аз тобут”-и Абдулло Қаҳҳорро ба тоҷикӣ гардонидааст. Худ низ мазҳакаи “Охирин арӯси амирулмӯъминин”-ро навиштааст. Бисёр асарҳояш ба забони англисӣ, франсавӣ, олмонӣ, испанӣ, чехӣ, руминӣ, маҷорӣ, булғорӣ, арабӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.
Мукофоту ҷоизаҳо:
Бо ордени “Дӯстии халқҳо”,
“Нишони Фахрӣ”,
Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986),
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967),
Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст.
Дар бораи эҷодиёти нависанда:
Дар бораи Фазлиддин Муҳаммадиеви публисист ягон асари таҳкикӣ вуҷуд надорад. Вале зимни таҳлили асарҳои калонҳаҷми ӯ чунон ки ишора рафт, баъзе фикру мулоҳизаҳо баён шудаанд. Аз ҷумла, мунаккиди шинохта Соҳиб Табаров дар заминаӣ очерку ҳикояҳои нахустини Ф. Муҳаммадиев андешаронӣ карда, навишта буд: Дар очерк аксаран ҳамон ҷавҳари зиндагӣ асоси мавзуъро ташкил мекунанд, ки онҳоро худи нависанда бевосита дида, мушоҳида карда, дар бораи онҳо тасаввуроти муайяни худро дорад ва ба онхо дуруст бахо дода метавонад. Муҳаққиқ аз боби очеркҳои «Муҳоҷирон» ва «Фаттоҳ ва Музаффар» сухан ронда, дуруст таъкид менамояд, ки Ф. Муҳаммадиев дар атрофи «масъалаҳои иқтисодиёти колхозӣ» сухан ронда, зимни таҳлили онҳо «характер ва хусусиятҳои каҳрамононро мекушояд». Таваҷҷуҳи К. Раҷабовро маҳорати Ф. Муҳаммадиев дар идрок ва донистани «характерноктарин ҳодисаҳои дороӣ аҳамияти калон» ҷалб кардаст. Атахон Сайфуллоев дар очеркҳои Ф. Муҳаммадиев «моҳирона истифода кардани ҷузъиётро» таъкид намуда, қайд менамояд, ки қаҳрамонони нависанда «ягон корномаии фавқуллода, ягон хизмати бузург нишон надиҳанд ҳам, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият сазовори пайравию эҳтиром мебошанд». М. Муллоҷонов бошад, таъкид менамояд, ки ба Фазлиддин Муҳаммадиев «кушиши таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳо аз воқеот, бо назари васеътар дидан ва дарк кардани олам хос аст».
Некдошт:
Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе гузошта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.