-Ту хеле оқилӣ. Доимо табъи ту хуш аст, ҳеҷ гоҳ оташин намешавӣ. Ба ман ҳам кӯмак кун, то ин ки монанди ту шавам, – хоҳиш кард шогирд аз устодаш.
Устод розӣ шуд ва ба шогирдаш гуфт, ки як картошка ва як халта биёрад.
-Агар ту аз касе хашмгин шавӣ ва нисбати ӯ хафагиву ранҷишро дар дилат ҷой кунӣ, – гуфт устод, – он гоҳ ин картошкаро гир. Дар як тарафаш номи худатро, дар тарафи дигараш бошад, номи он одамеро, ки байни туву ӯ низоъ сар зад, навис ва картошкаро ба даруни халта гузор.
-Фақат ҳамин қадар кор? – пурсид шогирд бо тааҷуб.
-Не, – посух дод устод. Ту бояд ин халтаро доимо бо худ гирифта гардӣ. Ҳар вақте, ки аз касе ранҷидӣ, ба даруни он як картошкаи дигарро илова кун. Шогирд розӣ шуд.
Аз байн чанд вақт гузашт. Халтаи шогирд боз бо чанд картошкаи дигар пур шуд ва хеле вазнин ҳам гардид. Онро доимо бо худ гирифта гаштан хеле ноқулай буд. Илова бар он, картошкае, ки дар аввал ба халта гузошта буд, вайроншавиро сар карда буд. Он пӯсида буд ва бӯи хеле бад мекард.
Шогирд ба назди устод омад ва гуфт:
-Инро бо худ гирифта гаштан дигар имконнопазир аст. Якумаш ин, ки халта вазнин аст, дигар ин, ки картошка пӯсида вайрон шуд. Ягон чизи дигар пешниҳод намо.
Аммо устод чунин ҷавоб дод:
-Дар дили ту низ айнан чунин ҳолат рӯй медиҳад. Вақте ту аз касе ба ғазаб меоӣ, меранҷӣ, он гоҳ дар дили ту санги вазнине пайдо мешавад. Аммо ту онро дарҳол пай намебарӣ. Баъд сангҳо зиёд мешаванд. Рафторҳо ба одат мубаддал мешаванд, одат бошад ба хулқе, ки нуқсҳои зиёд дорад, табдил меёбад. Ин борро фаромӯш кардан осон аст, барои бо худ гирифта гаштан, он хеле вазнин аст. Ман ба ту имконият додам, то ин ки ҳамаи ин ҷараёнро мушоҳида намоӣ. Ҳар вакте, ки мехоҳӣ аз касе ранҷӣ, ё касеро ранҷонӣ, фикр кун, оё ба ту ин санг лозим аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.