Боре як духтараки ҷавон ба назди падари худ омада, шикояткуниро оғоз кард:
-Падар, ман хаста шудам, хаёти ман чунон душвор аст, мушкилиҳои зиёде дорам, ман доимо муқобили ҷараён шино мекунам, дигар қувват надорам… чӣ кор кунам?
Падар дар ҷавоб табассум кард ва ба ҷои посух ба савол се зарфи обдорро ба болои оташ гузошт. Ба даруни як зарф сабзӣ, ба дуюмӣ тухм, ба зарфи сеюм бошад каҳва андохт. Пас аз чанд муддат ӯ сабзӣ ва тухмро аз об берун гирифт, каҳваро бошад ба даруни пиёла рехт.
-Чӣ тағйир ёфт? – пурсид ӯ аз духтараш.
-Тухм ва сабзӣ дар об ҷӯшида пухтанд, каҳва бошад дар об ҳал шуд – ҷавоб дод духтар.
-Не духтарам, ин танҳо назари сарсари ба чизҳост. Нигоҳ кун – сабзии сахт дар даруни оби ҷӯш мулоим ва фарсуда шуд. Тухми зудшикан, ки дохилаш маҳлул буд, сахт шуд. Онҳо зоҳиран тағйир наёфтанд, танҳо таркиби худро зери таъсири ҳолати нохуби якхела – оби ҷӯш дигар карданд. Одамон ҳам ҳамин тавранд – боқувватҳо метавонанд аз таъсири ягон рӯйдодҳои нохуб заифу бемадор шаванд, дар ҳолате, ки нафарҳои заифу нозук аз таъсири ин гуна рӯйдод обутоб ёфта, боқувват мешаванд.
-Қаҳва чӣ? – пурсид духтар.
-О! Ин аз ҳама шавқовараш! Каҳва дар муҳити нави нохуб ба пуррагӣ омехта шуд ва онро тағйир дод. Оби ҷӯшро ба нӯшокии хушбӯи беҳамто табдил дод.
Одамони махсусе ҳастанд, ки ҳеч як ҳолату руйдодҳо ба онҳо таъсир расонида, онҳоро тағйир дода наметавонанд. Баръакс онҳо худашон ҳолату руйдодҳоро тағйир дода, онро ба як чизи хубе табдил медиҳанд ва дар баробари он аз ин ҳолат як фоида ва дониши нав барои худ мегиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.