Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд ва дар бистари марг мехобид, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт:
-Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад?
Пирамард дар ҷавоб гуфт:
-Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам худи ҳамин гапро аз устодам пурсида будам. Устоди ман пир буд, ӯ ҳафтод сол дошт ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ бе ягон сабаб механдад. Он гоҳ ӯ ба ман гуфта буд:
“Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Нохост фикре ба сарам омад: ин интихоби ман астку, ҳаёти ман! Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам”. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ вақте бедор шавам, аз худ суол мекунам: Хайр, имрӯз ту чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Ва доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.