Барандаи 1:
Ай офтоби тобон бишнав саломи моро,
Ай тутии шакарлаб эй мурғакони хушгап.
Ай сокили дурахшон бишнав саломи моро,
Эй халқи Тоҷикистон бишнав саломи моро.
Барандаи 2:
Зи хок то ба кайҳон бишнав саломи моро,
Ай соҳиби маҳфил ай ҷони мову ай дил.
Ай заргари Зарафшон ай куҳкани Бадахшон,
Бишнав саломи моро.
Саломи пур аз меҳру сурур нисори шумо бод меҳмонони олиқадр, омузгорони азизу меҳрубон, толибилмони муҳтарам ва кулли азизони дилу дида.
Барандаи 1: Иҷозат диҳед дарси тарбиявиямонро бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоем.
Барандаи 2:
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷахон,
Бартар аз дидори рӯи дустон.
Ҳеч шодӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дустони пурҳунар.
Барандаи 1: Чӣ тавре, ки дар боло қайд кардем дарси тарбиявии мо бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Барандаи 2: Конститутсия аз чанд боб ва чанд мода иборат аст?
Акнун бигуед, ки боби 1 кадом модаҳоро дар бар гирифтааст?
Барандаи 1: Саволҳо дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Барандаи 2: Аввалин бор конститутсия кай ва дар кадом мамлакат қабул шудааст?
Ҷавоб: Соли 1787 дар И.М.А аввалин маротиба қабул шудааст.
Барандаи 1: Конститутсия аввалин маротиба дар кадом сохти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадааст?
Ҷавоб: Конститутсия аввалин маротиба дар сохти бурҷуазӣ ба вуҷуд омадааст.
Барандаи 2: Аввалин президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӣ буданд?
Ҷавоб: Қаҳор Маҳкамов
Барандаи 1: Эмомали Раҳмон бори аввал кай президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд:
Ҷавоб: 6-уми ноябри соли 1994
Барандаи 2: Мувофики қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд аз синни чандсолагӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Ҷавоб: Аз сини 16 солагӣ.
Барандаи 1: Шаҳрвандӣ аз синни чандсолагӣ метавонад соҳиби шиноснома шавад?
Ҷавоб: Аз сини 16 солагӣ.
Барандаи 2: Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон аз синни чандсолагӣ амалӣ мегардад?
Ҷавоб: Аз синни 16 ва 14 солагӣ барои ҷиноятҳои вазнин.
Барандаи 1: Ноболиғ кист?
Ҷавоб: Ашхоси ноболиғ эътироф мегардад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд, вале ба синни хаждаҳсолагӣ нарасидаанд.
Барандаи 2: Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфта шудааст?
Ҷавоб: Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки оила дар паноҳи давлат мебошад ва дар бораи оила ғамхорӣ мекунанд.
Барандаи 1: Рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед ва маълумоти мухтасар диҳед.
Ҷавоб: Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барандаи 2:
Тоҷикистонам, диёри беназир,
Ҳаргиз озоре набини баъд аз ин.
Шеърҳо дар васфи Ватан-Тоҷикистон аз тарафи хонандагон _____
Барандаи 1:
Хишти коҳии ваҳдатат поянда бод,
Шоҳсутуни давлатат поянда бод.
Барандаи 2: Саҳнача аз ҷониби хонандагон _____
Барандаи 1: Тоҷикам ман, тоҷикам ман, тоҷикам,
Барандаи 2: Ман ба дунё шуҷратафкан тоҷикам.
Барандаи 1: Хуни ман хуни ниёгони ман аст,
Барандаи 2: Хамнажодам бо таҳамтан тоҷикам.
Барандаи 1: Суруд дар васфи Ватан дар иҷрои хонанда(гон)-и синфи _____
Акнун мо мехоҳем бо рақси мавзуне таъби шуморо болида созем.
Барандаи 2: Сухани ҷамъбастиро ба ҷонишини директор ___________________ медиҳем.
Чаканпуш, ки бошад сунати мо,
Чакан зам менамояд зинати мо.
Агар мо қадри аҷдодон надонем,
Каси дигар надонад қиммати мо.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.