Сенарияи гузаронидани конференсияи илмӣ-бадеӣ дар гимназияи (мактаби) №__  ба номи ____ дар мавзӯи “Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор”

Ҷойи гузаронидан: ____
Вақти гузаронидан: ____
Санаи гузаронидан: ____

Барандаи 1:
Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод,
Мавҷзан дар зери гардун, қосиди оянда бод.
Парфишон гашта ливоят, дар фазои беканор,
Шӯҳрати ту бахти моро боз афзоянда бод!
Баранадаи 2:
Тоҷикистон, Тоҷикистон, мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст!
Барандаи 1:
Ассалому алайкум, меҳмонони арҷманд, омӯзгорони гиромиқадр! Ҳамаи мо дар арафаи ҷашни __-умин солгарди Истимқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии ин иди барои миллати тоҷик дар ҳақиқат ҳам бузург, табрику таҳният намуда, бароятон тандурустӣ, хушбахтӣ ва хонаи ободу бурдборӣ ва ба хонандагонатон таҳсили аъло таманно менамоем.
Барандаи 2:
Соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақили миллӣ шуд. Дар натиҷаи сиёсати рӯҳбахши бозсозӣ, баъди тобеияти 70-сола халқи тоҷик озодӣ ба даст овард ва Тоҷикистон ба кишвари озод мубаддал гашт. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин озодӣ ба мо гӯё ба таври осон насиб гашта бошад. Вале аслан ин тавр нест ва барои дарёфти ҳақиқат ба таърихи халқамон рӯ меорем…
Ном:
Дар солҳои 90-уми асри гузашта дар сиёсати додхилии Тоҷикистон нофаҳмиҳо дар байни мардуми тоҷик рух доданд ва ин боиси авҷгирии ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар ана ҳамон шароити вазнин, ки дар пойтахти давлат вазъияти фавқулодда эълон шуда буд, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олӣ бо таклифи собиқ сарвари давлат Раҳмон Набиев, Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Шӯрои Олӣ интихоб мегардад ва ӯ барномаи сиёсии худро вобаста ба шароити онвақта чунин иброз медорад: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Тоҷикистони азизи мо бошад, 9-сентябри соли 1991 – Истиқлолияти худро ба даст оварда аз пеш вазниниҳои зиёдеро аз сар гузаронид.
Барандаи 1:
Соли 1991….(садои гиряи кӯдак)
Ном 1:
Бишнавед, ин садои Тоҷикистони хурдакакест, ки ӯ мехоҳад, мардумонаш халқи бо ору номусаш гаҳвораи ӯро ҷумбонанд. Меҳоҳад, ки миллати бонангаш ӯро дар оғӯш гирифта навозиш кунад. Бале, ӯ орзуи ба воя расиданро дорад…
Барандаи 2:
Соли 1992 (Садои даҳшат – сабт аз фитта)
Ном 2
Не, не, не! Намеҳоҳам, ки он рӯзро ба ёд орам. Чӣ рӯзи сахт, чӣ даҳшат буд, ки ба сари мардуми мо омад. Душмани миллати ман тавонист он сарзаминеро, ки бо ҳам мардумонаш, ёру бародар буданд, ба якдигар душман созанд. Чандин ҷавононро ғӯрамарг, чандин наврасонро хуни ҷигар, дили садҳо модаронро сад пора гардонд.
Не, не, не!!! Ман намеҳоҳам,ки дигар он рӯзҳо такрор шаванд.
Барандаи 1:
Соли 1994: (Аз фитта садои чаҳ-ҷаҳи булбул садо медиҳад)
Ном 3:
Инак, дар сарзамини ман Сулҳ, дӯстӣ, якдигарфаҳмию ваҳдат ҳукмфармо гашт. Боз паррандагони хушилҳоми сарзаминам дар шохаҳои сарсабзи диёрам лонаҳо гузоштанд. Дар тӯли солҳои истиқлолият шоҳроҳи абрешим, яъне роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қайроққум, роҳи мошингарди Ҷумҳурии азизи моро мамлакатҳои хориҷии кишвар пайваст гардонд. Рафту омад ба Бадахшони кӯҳистон наздик гардид. Тавоноӣ ва обрӯи истиқлол маҳз ҳамин аст.
Ном 4:
Зи истиқлол бо иқбол бошӣ,
Ҳамеша халқи ман хушҳол бошӣ.
Ҳама: Ин саодат, ин дилафрӯзӣ муборак бод,
Тоҷикистон ҷашни фирӯзӣ муборак бод!
Ном 5:
Бо эълони Истиқлолият китоби таърихи тоҷикон варақгардон гардид ва дар он саҳифаҳои тозае кушода шуд. Истиқлолияти Тоҷикистон иди миллат аст. Барои кулли мардуми Тоҷикистон муҳимтарин осудагӣ ва таъмини амнияти ҳамагон аст.
Ном 6:
Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам,
Қавиазму зафарэъҷод, халқи қаҳрамон дорам.
Ба болои сарам мурғи саодат мекунад парвоз,
Замини сабзу хуррам, обҳои зарфишон дорам.
Ном 7:
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рамзи дӯстию ваҳдат мебошад. Пайкара моро водор мекунад, ки ба таърихи куҳан ва ба қадри истиқлол расем.
Сулҳу ваҳдат ҷовидон ояд ҳаме,
Бар диёри тоҷикон ояд ҳаме.
Вориси Исмоили Сомонием.
Ин ҳақиқат бар забон ояд ҳаме.
Ном 8:
Қабои Хусравӣ бар сар наояд ҳар касеро хуш,
Назебад тоҷи султонӣ сари ҳар носазоеро.
Салоҳи мулк агар ҳоҳӣ, биёмӯз эй шаҳи олам,
Тариқи подшоҳиро зи Исмоили Сомонӣ.
Ном 9:
Баъди ҳазору сад баҳор, бахти баланд гашт ёр,
Мояи меҳру ифтихор, бахти баланд омадӣ.
Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1994 Конститутсияи ҷумҳуриро қабул кард. Конститутсия ҳуҷҷатест, ки роҳи пешрафти халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо муайян месозад. Он қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохти иқтисодию сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, вазъи ҳуқуқии шахсият ва мақомоти хокимияти давлатиро дар марказ ва маҳаллаҳои ҷумҳурӣ ташкил менамояд. Конститутсия нисбати дигар қонунҳо ва санадҳои қонунгузорӣ мартабаи олиҳуқуқӣ дорад.
Ном 10:
Қонуни мо, ки ҳуҷҷати пурифтихори мост,
Қонуни истироҳату таҳсили кори мост.
Қонуни сарфарозиву авҷу барори мост,
Қонуни халқу давлати пуриқтидори мост.
Ном 11:
Замини тоҷикон гул кард, боғи тоҷикон гул кард,
Дили хуррам, сари сабз аз баҳори тоҷикон дорам.
Ба қонунномаи пешво бо хати зар бинвишт,
Ҳуқуқи халқҳоро бин, чӣ бахти ҷовидон дорам.
Ном 12:
Ба ту, қонуни давлатам, ташаккур,
Барои бахти тобонам, ташаккур.
Намуди бахти одам дар кафи пӯст,
Адолатро нигаҳбонам, ташаккур.
Ном 13:
Тоҷикистони азиз, ватани хурдакаку, вале дар бузургӣ аз ҷаҳон калони мо, хонаи умеди мо, ки аз меҳраш рӯи олам пур мешавад соҳиби суруди миллӣ, парчам, нишон ва пули худ – сомонӣ аст.
Ном 14:
Парчами мо, чун сари шеъри фалак боло шуд,
Зиндагӣ дар назари пиру ҷавон воло шуд.
Сухан аз ваҳдати гумшуда ба гӯшам омад,
Боғи умри ҳама, ғарқи сумани зебо шуд.
Ном 15:
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон, зиёиён, дӯстию бародарии ҳамаи халқҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад.
Нишони миллати ман тоҷи хусравонии ӯст,
Нишони миллати ман, рахту сахтҷонии ӯст.
Нишони миллати манн, умри ҷовидонии ӯст,
Нишони миллати манн, шӯҳрати ҷавонии ӯст.
Ном 16:
Имрӯзҳо дар саросари кишвари мо, сулҳу ваҳдат хукмронӣ дорад. Зиндагии ором, хотири ҷамъ, дили пур аз фараҳ ва умеди мо пеш аз ҳама аз ҷаҳду талошҳои сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад.
Ном 17:
Бо некият монди нишон, дар қомуси давру замон,
Бо номи фарзандони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо!
Ном 18:
Дидам, нури Худованд, бар сару ҳам рӯи ту,
Накҳати пайғамбарон дар ҳар калому мӯи ту.
Чун бигашти сояи Оллоҳ, дар ин мулки азиз,
Шоду масруранд мардум, аз аъмолу хӯи ту.
Ном 19:
Подшоҳо, дар лабонат, ғунчаи гул сабз шавад,
Ҳар каломат баҳри мардум чаҳ-чаҳи булбул шавад.
Офариди бар диёрат сулҳу ободию бахт,
Дар қудумат мушкрезон, наргису сумбул шавад.
Ном 20:
Подшоҳо, чун саховат дар Ватан бисёр шуд,
Ҷумла мардум некбахту соҳиби дастор шуд.
Бар сари халқи диёрат нур бод хуршедсон.
Базми хурсандӣ ба боғу ҳам гулу гулзор шуд.
Подшоҳо, нури Оллоҳ бар сарат рахшанда бод,
Душмани бадҳоҳи миллат хору боз шарманда бод.
Ном 21:
Ман тоҷикам ва зодаи ин сарзаминам. Аз сарзамине, ки тӯли асрҳо арзи ҳастӣ менамояд. Сарзамине, ки дорои кӯҳҳои баланд, обҳои софу шифобахш ва табиати биҳиштмонандеро соҳиб аст. Сарзамин ҳар мевае, ки тавонист дар тӯли қарнҳои зиёд фарзандони номдору барӯмандеро дар мисоли Рӯдакиву Ибни Сино, Ҳофизу Бедил, Саъдиву Камоли Ҳуҷандӣ, Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва дигару дигарон, кӣ бо номи онҳо мо фахр мекунем, моро дар ҷаҳон мешиносанд.
Ном 22:
Яке гӯяд, ки аз боми ҷаҳонам,
Дигар гӯяд, ки аз Хатлонзаминам.
Агар аз ман бипурсанд, к-аз куҷоӣ,
Бигӯям, тоҷикам, тоҷикзабонам.
(Суруд дар иҷрои хонандагон «Тоҷикам ман-Ориёӣ»)
Барандаи 1:
Ҳоло рақс дар иҷрои хонандагони синфи __
Барандаи2:
Ваҳдату эҳё муборак Тоҷикистон, Шӯҳрати дунё муборак Тоҷикистон!
Саҳнача дар иҷрои хонандагони синфи __
Барандаи 1:
Ҳар мева лаззати худро дорад,
Ҳар миллат либоси худро.
Либос рамзи миллати мост,
Умед ба ояндаи давлати мост.
Барандаи 2:
Матои атлас, чакан хоси миллату давлати мост. Занҳои Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунанд ва мо аз он ифтихор дорем, барои зинда гардонидани мероси ниёгонамон бо дастгирии Президенти кишварамон дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Чакомаи гесу» гузашта истодаааст. Дар ин озмуни миллӣ хонандагони мо низ саҳм гузоштанд.
(Дар зери садои мусиқӣ духтарони тоҷик ба рӯи саҳна мебароянд)
Барандаи 1:
Духтари тоҷик қамарӣ,
Духтари тоҷик шакарӣ.
Оҳ шакарӣ, оҳ қамарӣ,
Оҳ ҷигарӣ, оҳ дигарӣ….
Рақс дар иҷрои хонандаи синфи __
Барандаи 1:
Эй Ватан, эй Тоҷикистони азиз,
Эй диёри беҳтар аз ҷони азиз!
Тӯй дорӣ, тӯй дар ҳар хонадон,
Тӯйи сури давлати Сомониён!
Барандаи 2:
Тоҷикистон, бо ту дорам ифтихор!!!
Бо ҳамин корнференсияи илмӣ-бадеӣ бадеӣ бахшида ба __-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба итмом мерасад. Ба ҳамаи Шумоён хонаободӣ ва сарбаландӣ ҳоҳонем…!


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.