1. Мастӣ барад ба пастӣ;
2. Умри санъат дароз асту, ҳаёти одамӣ кӯтоҳ;
3. Аз як даст садо намебарояд;
4. Аз пашша фил масоз;
5. Марг беҳ аз расвоӣ;
6. Ваъда додӣ вафо кун, қавл додӣ иҷро кун;
7. Аввал бубин ҷои худ баъд бимон пои худ;
8. Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад;
9. Бе ранҷ наояд ба даст ганҷ;
10. Дуд бе оташ намешавад;
11. Поёни шаби сиёҳ сафед аст;
12. Meҳнатро бисёр кун гапро кам; 
13. Бисёр донистан нишонаи доногӣ нест;
14. Майдон аз далер аст;
15. Дер ояду, шер ояд;
16. Кам гӯю, бисёр кун;
17. Кори имрӯзаро ба фардо нагузор;
18. Либоси зебо, ин ақлу одоби инсон нест;
19. Аз ҷав ҷав рӯяду, аз гандум гандум;
20. To тавакал накунӣ, чизе ба даст наёрӣ;
21. Ҳар кор вақту соат дорат. Осиёб бо навбат;
22. Оҳанро дар гармиаш мекубанд;
23. Ба кӯрпаат нигоҳ карда, пой дароз кун;
24. Гуруснагӣ табобати беҳтарин аст;
25. Рузӣ бину, аз рӯзгор омӯз;
26. Хоки ватан аз мулки Сулаймон беҳтар;
27. Кори саросемагӣ, боиси ханда аст;
28. Меҳнат кунӣ роҳат мебинӣ;
29. Кори шаб хандаи рӯз;
30. Тани сиҳат гавҳари ноёб;
31. Охири ханда-гиря;
32. Ҳамеша зиндадил бош;
33. Сухан бисёр дону андаке гӯй. Якеро сад магӯй, садро яке гӯй;
34. Аз фикри як кас, фикри ду кас беҳтар аст;
35. Кай думи уштур ба замин мерасад;
36. Акли солим беҳ аз пули бисёр;
37. Каҳрат биёяд, биниатро газ;
38. Ҳамеша Ҳақ бо касе нест, ки беҳтар сухан мегӯяд;
39. Бӯсаҳои дуздида ҳамеша ширинанд;
40. Ҳар касе нигаҳбони шарофати хеш аст;
41. Барои инки бузург бошӣ, аввал кӯчак бош;
42. Ҳоҷат модари ихтироъ аст;
43. Он чиро, ки қалам зӯраш мерасад, шамшер тавони онро надорад;
44. Устод будан дар як фан беҳтар аз он аст, ки шахс дар сад кор дахолат кунад ва ҳеҷ якро ба хубӣ надонад;
45. Беҳтарин сабаб қалби инсон аз, беҳтарин омӯзгор замон аст, беҳтарин китоб ҷаҳон аст ва беҳтарин дӯст Худованд аст;
46. Фақат марди оқил сарватманди воқеӣ аст;
47. Ахмақ, ки ба даст шамшер дошта бошад худро эмин надон;
48. Аз бадии касе, ки ба ў некӣ кардаи дар ҳазар бош;
49. Беҳтар аст дубора савол кунӣ, то инки як роҳи иштибоҳ биравӣ;
50. Ҳар иштибоҳеро иллате аст;
51. Дар ваъда суст ва дар вафо тез бош;
52. Қалбат дунёи туст;
53. Ҳар кас метавонад худкушӣ кунад, аммо ҳар фарде лаёқат надорад зиндагӣ кунад;
54. Ҳаргиз наметавонед бадиҳои худро бо хурдагирӣ аз дигарон бипӯшонед;
55. Фарди кунҷков дар нимароҳаи хирадмандӣ аст;
56. Ҳангоме, ки хашм ҳарф мезанад ақл чеҳраи худро мепушонад;
57. Зан ва шавҳар агар якдигарро бихоҳанд дар кулбаи вайрона ҳам зиндагӣ мекунанд;
58. Ваҳдат қувват мебахшад;
59. Лашкари гусфандонеро, ки як шер роҳбарӣ мекунад, метавонад бар лашкари шероне, ки як гусфанд ҳидоят мекунад пирӯз шавад;
60. Толеи ҳар кас ба дасти худаш аст;
61. Роз, ки аз се гуш гузашт дигар роз нест;
62. Хоби посбон чароғи дузд аст;
63. Касе, ки як бор маро фиреб медиҳад барои ӯ нанг аст, вале касе, ки ду бор маро фиреб медиҳад барои ман нанг аст;
64. Духтари оқил xавони фақирро ба пирамарди сарватманд тарxеҳ медиҳад;
65. Он касе, ки аз ранҷи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранҷ хоҳад буд;
66. Одами дурусткор ба хотири як қитъа устухон худро ба саг табдил намекунад;
67. Марди чоплус як душмани махфӣ аст;
68. Он ки тӯҳмат мезанад, ҳазор бор мекушад ва қотил як бор;
69. Дӯстонро дар хилват сарзаниш кунед ва дар малои омма таҳсин;
70. Агар намедонӣ бипурс;
71. Офати саховатмандӣ исроф аст;
72. Сиришт, ки аз дар ронда шуд аз тиреза медарояд;
73. Касе, ки дар берун аз хона худро оқилтар аз муҳити хонааш нишон медиҳад, аҳмақе беш нест;
74. Онки ашкҳои як кӯдакро нахушконад, худ хоҳад гирист;
75. Дуруғгӯ ба фиреби дигарон шурӯъ мекунад ва ба фиреби худаш поён меёбад;
76. Бо қарз агар домод шудӣ бо ханда Худоҳофизӣ кун;
77. Забонатро нигоҳ дор ҷойгоҳат боло меравад;
78. Агар ба меҳмонии гург меравӣ сагро бо  ҳамроҳат бубар;
79. Одами хашмгин наметавонад ҳақиқатро бигӯяд;
80. Сари мор бурида шавад дигар як ресмон аст;
81. Оқил забонашро дар қалб ва аҳмақ дар даҳон ҷой додааст;
82. Касе, ки аз ранxи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранx хоҳад буд;
83. Дунё пас аз марги мо чи дарё чи сароб;
84. Шароби бепулро ҳам қозӣ мехӯрад;
85. Шағол, ки аз боғ қаҳр кунад фоидаи боғбон аст;
86. Кӯр аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино;
87. Бодовардаро бод мебарад;
88. Мурғашро куша гуфта намешавад;
89. Ҷавоби аблаҳ хомўшист;
90. Марг ба фақиру ғанӣ нигоҳ намекунад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.