1. Агарчӣ сухани нек надошта бошӣ, пас, дили нек дошта бош;
2. Қадри обро касе медонад, ки чоҳ кандааст;
3. Ба хари танбал бори бештар мегузоранд;
4. Гувоҳи дурӯғгӯй ҳамеша тайёр;
5. Олим аз илму дониш сухан мегӯяду аҳмақ аз чизҳои хӯрдааш;
6. Агар барои нотавонӣ хашмгин шавӣ, далел он аст, ки қавӣ нестӣ;
7. Оташи хашмро бо оби сукут хомӯш бинамо;
8. Ҳар кӣ худро нашиносад, ӯро нашинос;
9. Дӯсти ҳокимшуда дӯсти гумкарда аст;
10. Агар хоҳӣ дар роҳи ҳаёт шикаст нахӯри лаззати дунёро дар моли дунё набин;
11. Дар савдо дӯстӣ нест;
12. Агар хоҳӣ зиндагият хуб гузарад, сабр намо;
13. Саг дар кӯчааш шер аст;
14. Агарчӣ зиндагият бе ғам намешавад, вале ғами беҳуда махӯр;
15. Ҳаргиз дар ҷустуҷӯи ишқ мабош, чунки зиндагӣ худ ишқ аст;
16. Чашмгуруснагон аз баҳри фарзанд мегузаранд, вале аз баҳри пул не;
17. Одам дар зодгоҳи худ азиз аст;
18. Дар дусти самимият лозим аст, дар вақти ҳисоб – дақиқият;
19. Оромӣ – доноӣ – хашмнокӣ – нодонӣ;
20. Одамро аз рӯйи либосаш пешвоз мегиранд ва аз ҷиҳати ақлу хирадаш гусел мекунанд;
21. Касе, ки бисёр дидааст, бисёр медонад, касе, ки бисёр гап мезанад, чизе намедонад;
22. Аз кӯҳансол мапурс, аз корафтода пурс;
23. То вақте, ки дар дегат шӯрбо меҷӯшад, аз ту дида одами хуб нест;
24. Худситоӣ машғулияти бекорчӣ аст;
25. Он чӣ, ки ба меъда зиён мерасонад, ғизо нест ва он касе, ки ба ту ғаму андӯҳ меоварад, дӯст нест;
26. Сарвати мол дорӣ, дар барат ҳазор дӯст ва пулу молат, ки рафт канӣ ҳамон дӯст?;
27. Як хушомадгӯйи бадтар аз даҳ хӯҷаин аст;
28. Сарвати барзиёд – дарди сар;
29. Аз гиря кардан бар сари мурда, ба зинда кӯмак кардан савоб аст;
30. Аз одами бераҳм саги вафодор беҳтар аст;
31. Аблаҳро пурсидан ҳоҷат нест, худаш ҳамаро нақл мекунад;
32. Нонро гармиаш хубу, суханро ростиаш;
33. Обро ба ҷое рез, ки хушк бошад, суханро дар ҷое гӯй, ки лозим бошад;
34. Девор аз таҳкурсияш хароб мешавад, дарахт аз болояш, одам аз дилаш;
35. Муллои ҷоҳил гирли дег чарх мезанад;
36. Ҳавои бад тағир меёбаду одами бад не!;
37. Ҳар як нокомӣ қадамест, барои комёбӣ;
38. Танбалӣ остонаи қашшоқӣ аст;
39. Ҷомаро наваш хубу, дӯстро кӯҳнааш;
40. Зебоӣ дар сухан аст, на дар чеҳра;
41. То шахси бадро нашиносӣ ба қадри одами хуб намерасӣ;
42. Ашёро баъд аз шикастан ва одаму ҳайвонро баъд аз мурдан ба қадраш мерасанд;
43. Сухани хуб морро аз лонааш берун меоварад;
44. Ба некӣ ҳар кас ба некӣ ҷавоб дода метавонад, аммо ба бадӣ танҳо марди ҳақиқӣ некӣ мекунад;
45. Дар ҷавони илм омӯз, дар калонсолӣ онро ба кор бар;
46. Шири гов аз даҳонаш вобаста аст;
47. Худо, ки шифо дод, табиб ба пои худаш меояд;
48. Барои шахси боистеъдод ва меҳнатдӯст сарҳад мавҷуд нест;
49. Дар ҷое, ки сухан эътибор дорад, кор пеш меравад;
50. Зиндагонӣ мегузарад, оне, ки ҳамқадами он шуда наметавонад, танҳо мемонад;
51. Ба инсоне, ки муҳаббат надорӣ, дӯстӣ макун;
52. Маслиҳат аз хизмат бартарӣ дорад;
53. Вақт – тӯҳфаи қимматнок аст;
54. Комёбии беназири забон дар фаҳмо будани он зоҳир мегардад;
55. Некӣ, тарраҳум – он чизест, ки кар мебинад ва нобино мешунавад;
56. Виҷдон қонуни қонунҳост;
57. Илм барои ҳаёти инсон чизи ҳатмӣ ва зарурист;
58. Мо худ умрро кӯтоҳ намекунем, кӯтоҳумрӣ ба мо насиб шудааст;
59. Ҳар он, кӣ беандеша сӯхан гӯяд, хато бошад;
60. Ҳамон шахсе худро таъриф мекунад, ки худро эҳтиром мекунад;
61. Танҳо аз оне метавон омӯхт, ки ӯро дӯст медорӣ;
62. Хато кардӣ, аз ислоҳаш сар мапеч;
63. Оне, ки рӯҳафтода шудааст, пеш аз маргаш фавтидааст;
64. Барои он, ки ба оянда бирасӣ, аз гузашта омӯз;
65. Касе, ки иштибоҳ намекунад, таҷрибаандӯхта намешавад;
66. Инсон мавҷуди олиест, ки ба ҳама чиз одат мекунад;
67. Вақте, ки силоҳҳо садо медиҳанд, забонҳо хомӯшанд;
68. Магаси шитобкор ба шир меафтад;
69. Бекор – забони бадгӯй дорад;
70. Аз дурӯғ гуфтан, хомӯш нишастан хубтар аст;
71. Дар вақти торикӣ ҳама гурбаҳо якранг метобанд;
72. Зоҳирро дигар кардан мумкин аст, аммо хислатро ба гӯр мебаранд;
73. Зоғро агар бо гулоб шӯянд ҳам, сафед намешавад;
74. Шӯъларо ҳоло, ки аланга нагирифтааст, хомӯш кун;
75. Ҷое, ки уқоб нест, бум уқоб аст;
76. Ҷое, ки гулҳо шукуфтаанд, занбӯрҳо ҷамъ мешаванд;
77. Зоҳиран ҳамвору ботинан хордор;
78. Мурғи ваҳширо ба косаи заррин ҳам хӯрок диҳӣ, ба беша гурехта меравад;
79. Борон қатраи хурд аст, аммо рутубаташ зиёд;
80. Агар кор омад накунад, дар хушкӣ ҳам ғарқ мешавӣ;
81. Аз паси дуд тохту беоташ монд;
82. Қошуқи калони бехӯрок касеро сер намекунад;
83. Агар сӯзан гузашт, ришта ҳам мегузарад;
84. Ҳар як қурбоққа ботлоқи худро таъриф мекунад;
85. Об ба куҷое, ки ҷорӣ мешавад, моҳӣ ҳам ба ҳамон тараф шино мекунад;
86. Дурӯғ аз рост ширинтар аст;
87. Бӯр нақши сафед мегузорад, ангишт нақши сиёҳ;
88. Бисёр доштан на ҳамавақт хуб аст;
89. Ҳар чиз, ки безеб менамояд, хуб аст;
90. Ҷав коридӣ умеди гандум макун;
91. Ҳоло, ки асп нест, аз хар намон;
92. Хирси гурусна шӯхиро намедонад;
93. Сер бо гурусна бозӣ намекунад;
94. Агар дар боғ гул набошад булбул ҳам намесарояд;
95. Мурдаи як паланг – тӯйи ҳазор рӯбоҳ;
96. Аз гург гурбача мерӯяд;
97. Бар сари ҳар хӯҷаин боз хӯҷаине ҳаст;
98. Хар ҳарчанд давон бошад, ҳам асп шуда наметавонад;
99. Мор зоҳиран ҳамвор аст аммо ботинан заҳрдор;
100. Хӯроки меҳнатӣ ширин мешавад;
101. Гадо аз саг наметарсад;
102. Даре, ки аз он даромадӣ сахт мапӯш;
103. Касе, ки дарахт шинонад, дар сояи он истироҳат мекунад;
104. Барои зоғ зоғчааш сафед, барои хорпӯшт бачааш нармак аст;
105. Вақте, ки тӯфанг набошад, бо оҳӯ дучор мешавӣ;
106. Ба гург раҳм кунӣ, туро мехӯрад;
107. Роҳи савдогарон як аст, аммо ризқашон гуногун;
108. Ҷанҷол, ки гузашт зӯрҳо бисёр мешаванд;
109. Чизе, ки худо надод мулло намедиҳад;
110. Кори занҳо – баракати хона;
111. Барои доништалаб то Бағдод як қадам роҳ аст;
112. Тарзе ибодат кун, ки гӯё пагоҳ мемирӣ;
113. Танбал барои кор кардан вақт надорад;
114. Иштиҳои одами бекор ҳамеша хуб аст;
115. Панд ба нодон боронест дар шӯристон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.