Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,
Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.
Азизу беҳтарини ман, модари ман,
Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.
*     *     *
Аз сари пистони ту сар мешавад умри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,
Қобили сурат шавад обу гиле.
*     *     *
Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Ҷунбиши гавҳора ёд аз чархи даввор оварад.
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил ба сомон аст аз сомони ту.
*     *     *
Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст,
Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон.
*     *     *
Бо нураш гарчӣ ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар.
Намегардад валекин он баробар,
Ба ин пурӯувватӣ бо меҳри модар!
Фақат модар ба ҳар гармову сармо,
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо.
Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо,
Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре занад бар пои фарзанд,
Дили модар шавад ғамгин муқаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯи сафедаш.
Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеч гаҳ тар.
*     *     *
Ишқам, умедам, хаётам туи, эй модари ҷон, модарам,
Қалбам, садоям, навоям туи, эй модари ҷон, модарам.
Ширин забонӣ, дармони ҷонӣ, эй модари ҷон, модарам,
Танҳо бароям ту меҳрубонӣ, эй модари ҷон, модарам.
*     *     *
Модар, модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
Нолам зи ғамат, хок бар сар гирам,
Кошке бимирам дар пеши пои модар.
*     *     *
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
*     *     *
Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам.
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд,
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.
*     *     *
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
*     *     *
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.
*     *     *
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд.
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.
*     *     *
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
*     *     *
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу мӯҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.
*     *     *
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
*     *     *
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?
*     *     *
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.
*     *     *
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар.
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.
*     *     *
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.
*     *     *
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман,
Барои модари миллат бимирам!


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.