Марав аз ман, кӣ бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад ғамҳои ширинам.
Агар бо ман гули руят набошад хор хоҳам шуд,
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад айёми гулчинам.
Агар аз ман гузаштӣ, бигзарад умрам ба нокомӣ,
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад меҳроби оинам.
Чӣ оромист, оромии оби мурдаи соҳил,
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад орому таскнинам.
Ту бо ман то ғаме аз ишқ дорӣ, ғам махур аз ишқ,
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад тумору зарринам.
Ту эй дилхоҳи деринам, ту эй тадбиру тамкинам,
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад табрику таҳсинам.
Ту бо ман то ҷавон ҳастӣ, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун,
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад ишқи нахустинам.
Агар тир ҳам ба сар борад, туро ман дуст медорам,
Агар чархам биёзорад, туро ман дуст медорам.
Ту яктоӣ манӣ эй гул, тасаллои манӣ эй гул,
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дуст медорам.
Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷуи ман,
Агар ишқам ба марг орад, туро ман дуст медорам.
Агар гардуни дун якдам набигзорад, кӣ хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дуст медорам.
Қасам бар холи абруят, қасам бар шуълаи руят,
Қасам бар чашми хуморат, туро ман дуст медорам.

Марҳамат, метавонед ҳамин шеърро бо формати mp3 гуш кунед:


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.