Хуршеди сипеҳри безаволи ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафоли ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчун булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ, ки бимириву нанолӣ ишқ аст.
Дил ошиқи чашми масти турконаи туст,
Ту шамъиву олам ҳама парвонаи туст.
Ҷону дили мо ошиқи девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.
Гар як нафасат зӣ зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Ҳуш дор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон,
Умр асту чунонаш гузаронӣ гузарад.
Гар бода хури ту бо хирадмандон хур,
Ё бо санами лоларухи хандон хур.
Бисёр махур, вирд макун, фош масоз,
Андак хуру, гаҳ-гаҳ хуру, пинҳон хур.
То битвонӣ ранҷа магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро.
Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.
Шоҳи талабӣ, бирав гадои ҳама бош,
Бегона зи хешу ошнои ҳама бош.
Хоҳӣ, ки туро чу тоҷ бар сар бинанд,
Дасти ҳама гиру хоки пои ҳама бош.
Онҳо, ки куҳанд шуданду онон, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду, равему, боз оянду раванд.
Аз омаданам набуд гар дурру суд,
В-аз рафтани ман ҷоҳу чалолаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гушам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣ буд.
Бар коргаҳе кузагаре рафтам душ,
Дидам ду ҳазор куза гуёву хамуш.
Ногоҳ баровард яке кузахуруш,
Ку кузагару, кузахару, кузафуруш.
Як қатраи об буду, бо дарё шуд,
Як зарраи хок, бо замин якҷо шуд.
Омад шудани ту андар ин дунё чист,
Омад магасе палиду нопайдо шуд.
Марҳамат, метавонед ҳамин рубоиётро бо формати mp3 гуш кунед:
Тавсифнома (Хислатнома, Характеристика)
Шеъри ошикии агар донам... (текст+mp3)