Ману ту аз ғурури чашмбаста,
Дари дилро ба руи ҳам бастем.
Дигарон аҳд бастанду шикастанд,
Ману ту аҳди нобаста шикастем.
Вале то зиндагист, то қисмате ҳаст,
Дилам номи дил аз номи ту ҷуяд.
Агар садсол ояд хушксолӣ,
Дилам чун лола аз ишқи ту руяд.
Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ, аз ғами ман ёд кун,
Бо ҳазорон нолаву фарёду шеван ёд кун.
Ишқи мо чун ғунчаи гул буду, як хандиду мурд,
Ғунчаи пажмурдае бинӣ ба гулшан, ёд кун.
Бе аҷал куштӣ, муҳаббатҳои ширини маро,
Ёд кун, он ошиқи нокоми худро, ёд кун,
Туро дар сина ҷо кардам, ба ҷонам ошно кардам,
Маро аз худ бадар кардӣ, Худо ҳофиз.
Ало эй раҳнамои дил, маро афканда по дар гил,
Раҳи худро дигар кардӣ, Худо ҳофиз.

Марҳамат, метавонед ҳамин шеърро бо формати mp3 гуш кунед:


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.