Агар донам, ки рузе мемирад ишқат,
Зи лабҳоят набояд буса мекардам.
Агар донам, ки султони дилат ман не,
Зи андуҳам набояд қисса мекардам.
Ба ҳангоми саломат, гарм бифшурди кафамро,
Лек қалбамро надонистӣ.
Мисоли мурғ пар-пар мезаду мемурд,
Вале инро ту фаҳмида натонистӣ.
Агар донам, ки чашматро аз ҷуям нест,
Нигоҳамро зӣ ту маҳбус мекардам.
Тамоми дафтари умрам, ҳамин инак,
Саропо қиссаи афсус мекардам.
Ва лекин боз мебинам, зӣ чашмонат,
Кӣ иблис ларз ларзон дарс мегирад.
Гаҳе найранги шайтон чун камӣ мекард,
Инак, аз барқи чашмат қарз мегирад.
Агар донам, ки дар ҳар таппиши қалбат,
Дигар кас ҳокимона зиндагӣ дорад.
Диламро пештар аз марг мекуштам,
Кӣ шояд руи хокам барг меборад.
Агар донам, ки рузе мемирад ишқат,
Зи лабҳоят набояд буса мекардам.
Агар донам, ки султони дилат ман не,
Зи андуҳам набояд қисса мекардам.

Марҳамат, метавонед ҳамин шеърро бо формати mp3 гуш кунед:


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.