Функсияҳои давлат – самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошад, ки моҳият ва таъиноти иҷтимоии давлатро ифода намуда, бо мақсади иҷрои мақсад ва вазифаҳои давлат роҳандозӣ мешаванд.
Истилоҳи “функсия” аз калимаи лотинии “functio” гирифта шудааст, ки маънояш “иҷро намудан, амалӣ намудан” аст. Мафҳуми “функсия”-ро аввалин маротиба файласуф ва олими олмонӣ – Лейбнитс (1646-1716) ба илм ворид намудааст.
Функсияи давлат чун мафҳуми илмӣ ва самти фаъолияти давлат як қатор хусусиятҳо дорад:
1. Мафҳуми “функсияи давлат” аз мафҳуми “вазифаи давлат” фарқ мекунад.
Вазифаи давлат – мушкилии (проблема) ҳаётан муҳими ҳалталаб мебошанд, ки дар назди давлат дар марҳилаи муайяни таърихӣ қарор доранд.
Функсияҳои давлат – самтҳои муайяни фаъолияти давлат мебошад, ки баҳри иҷрои вазифаҳои давлат ба сомон мерасанд. Давлат баҳри иҷрои вазифаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигарон дар самтҳои мухталиф фаъолият мекунанд.
Мафҳуми “функсияи давлат” хусусияти “динамикӣ” дошта, ба амали фаъолонаи давлат ишора мекунад. Мафҳуми “вазифаҳои давлат” бошад, бештар хусусияти “статикӣ” дорад. Вазифаҳои давлат дар конститутсия, ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, барномаҳо ва консепсияҳои давлатӣ эълон мешаванд.
2. Функсияи давлат моҳият ва таъиноти иҷтимоии давлатро ифода мекунанд. Моҳияти синфӣ ё умумииҷтимоии давлат тавассути функсияи давлат муайян мешавад. Функсияи давлат моҳияти давлат, ҳадафҳо ва вазифаҳои аслии давлат, ҷавобгӯи манфиатҳои кӣ будани онҳоро муайян мекунад.
3. Функсияи давлат хусусияти объективӣ ва субъективӣ доранд. Аз як тараф функсияи давлат хусусияти объективӣ доранд, чунки аз талаботи объективии ҷомеа бармеоянд. Аз тарафи дигар функсияҳои давлат хусусияти субъективӣ доранд. Функсияҳои давлат гарчанде, ки объективӣ бошанд, ҳам зимни фаъолияти бошууронаи инсон амалӣ мешаванд. Функсияи давлат самти фаъолияти давлат буда, бо иштироки одамон (шахсони мансабдори давлат, хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандон) амалӣ мешаванд.
4. Функсияи давлат объект ва мазмуни худро дорад. Объекти функсияи давлатро соҳаи муайяни ҳаёти ҷомеа ташкил медиҳад, ки дар он фаъолияти функсионалии давлат амалӣ мешавад. Ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайраҳо объектҳои функсияҳои давлатро ташкил медиҳанд. Ҳар як функсияи давлат объекти худро дорад.
5. Функсияи давлат аз функсияи мақомотӣ давлат фарқ мекунанд. Функсияи давлат мафҳуми бешубҳа васеътар аст. Функсияҳои мақомотӣ ҷудогонаи давлатӣ аз функсияҳои алоҳидаи давлат бармеоянд, тобеи онанд.
6. Функсияҳои давлатҳои имрӯза мазмуни бештар гуманитарӣ доранд. Ҳамаи функсияҳои давлат, аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иқтимоӣ, экологӣ ва дигарон ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд тобеъ карда мешаванд.
7. Функсияҳои давлат мазмуни миллӣ доранд. Миллат омили асосии ташаккули давлат ба ҳисоб меравад.
8. Функсияҳои давлат хусусияти динамикӣ доранд. Функсияҳои давлат инкишоф меёбанд, бо баробари пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа ба амал меояд.
9. Функсияҳои давлат хусусияти комплексӣ доранд. Функсияҳои давлат баҳри ҳалли вазифаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва дигарон равона мегарданд, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа амалӣ мешаванд.
10. Функсияҳои давлат бо шаклҳо ва усулҳои махсус амалӣ мешаванд. Шаклҳои ва усулҳои амалишавии функсияҳои давлат бо инкишофи ҷомеа тағйир меёбанд.
Намудҳои функсияҳои давлат.
Функсияҳои давлат дар иртибот ба маҳакҳои гуногун ба намудҳои ҷудогона тасниф мешаванд:
1. Дар иртибот бо моҳияти синфӣ ё умумииҷтимоии давлат функсияҳои дават ба ду намуд ҷудо мешаванд:
а) функсияҳои синфӣ, ки аз тазоди синфии ҷомеа бармеоянд ва моҳияти синфии давлатро ифода мекунанд.
б) функсияҳои умумииҷтимоӣ, ки аз талаботи объективии ҷомеа бармеоянд ва моҳияти умумииҷтимоии давлатро ифода мекунанд.
Функсияҳои синфии давлат дар давлатҳои синфӣ, ки ифодакунандаҳои лаҳзаи пайдоишашон, функсияҳои умумииҷтимоиро, ки аз талаботи ҷомеа бармеояд, амалӣ мекунанд.
2. Вобаста ба муҳлати амал функсияҳои доимӣ ва муваққатии давлат ҷудо карда мешаванд.
Функсияҳои доимӣ, аз қабили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, мудофиа ва дигар. Дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи давлат амалӣ мешаванд.
Функсияҳои муваққатӣ дар давраҳои алоҳида, аз ҷумла дар давраи ҷанг, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра амалӣ мешаванд.
3. Функсияҳои давлатро вобаста ба аҳамияташон дар адабиётҳои илмӣ ба асосӣ ва ғайриасосӣ ҷудо мекунанд. Ин тасниф бо мақсади ҷудо намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат истифода мешавад. Ба андешаи ҷонибдорони ин тасниф, функсияҳои асосӣ, аз қабили мудофиаи давлат, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва дигарон бо мақсади ҳалли вазифаҳои стратегӣ ва муҳимтарини давлат амалӣ мешаванд.
Функсияи ғайриасосӣ, аз қабили пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, мубориза бо эпидимия ва дигарон ба фаъолияти мақомоти алоҳидаи давлатӣ алоқаманд буда, тобеъи функсияҳои асосӣ мебошанд.
4. Аз рӯйи маҳаки ҳудудӣ функсияҳои давлатҳои федеративӣ ва функсияи давлатҳои ягона ҷудо карда мешаванд. Дар давлатҳои федеративӣ функсияҳои умумифедеративӣ ва функсияи аъзои федератсия фарқ карда мешаванд. Функсияҳои аъзои федератсия тобеи функсияҳои умумифедеративӣ мебошанд.
5. Функсияҳои нави давлат: функсияи глобалӣ, функсияи иттилоотӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, мусоидат барои воридшавии давлат ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамгироӣ бо ҳамаи давлатҳо бидуни ба инобат гирифтани сохти сиёсии онҳо, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, узвҳо ҷудогонаи бадани инсон ва дигарон.
6. Дар иртибот бо самтҳои фаъолияти давлат дар дохилӣ ва хориҷӣ кишвар функсияҳои дохилӣ ва функсияҳои хориҷии давлат ҷудо карда мешаванд:
Функсияҳои дохилии давлат дар дохили давлат, баҳри рушду нумӯи ҷомеа, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, амнияти миллӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд. Функсияҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, экологӣ, мудофиаи давлат, иттилоотӣ ва ғайра аз ҷамлаи функсияҳои дохилии давлат мебошанд.
Функсияҳои иқтисодӣ, функсияҳои иҷтимоӣ, функсияҳои сиёсӣ, функсияҳои фарҳангӣ, функсияҳои идеологӣ.
Функсияҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа. Функсияҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмиллӣ ва конститутсияҳое, ки ҳифзи ҳуқиқи инсонро ба зиммаи давлат мегузоранд амалӣ мешаванд.
Давлат дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофаш функсияҳои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро амалӣ менамояд. Қонуният кафолати волоияти қонун дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ мебошад. Амнияти миллӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, озуқаворӣ, иқтисодӣ ва ғайра, заминаи сулҳу суботи ҷомеа, амалӣ гаштани манфиатҳои миллӣ, тақвияти истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии давлат мебошад. Сулҳу суботи ҷомеа заминаи ҳаёти осудаҳолонаи одамон, рушду нумӯи ҷомеа буда, зимни амалӣ гаштани тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигари давлат, тавассути фаъолияти босамари мақомоти амният ва дигари давлат, инчунин шаҳрвандон таъмин мешаванд. Дар робита бо функсияҳои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ давлат вазифаи мубориза бо коррупсияро иҷро мекунад. Коррупсия (аз калимаи лотинии corruption- ришва додан, бо ришва ба худ тобеъ намудан)- амали зиддиҳуқуқӣ ва зиддиахлоқӣ мебошад, ки дар истифодаи салоҳият ва имконияти шахсии мансабдор ба манфиатҳои шахсӣ зоҳир мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.