30 саволу чавоб аз фанхои чамъияти

1. Маҷлиси Олӣ чист?
Ҷавоб: Мачлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти олии қонунгузор ва намояндагии халқ мебошад;
2. Парламент чист?
Ҷавоб: Мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор буда, дар Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ ном дорад;
3. Маҷлиси Олӣ аз чанд палата иборат аст?
Ҷавоб: Маҷиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
4. Маҷлиси Миллӣ чист?
Ҷавоб: Палатаи болоии Маҷлиси олӣ буда, ба таври ғайримустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Аз чор се ҳиссаи аъзоён ба таври ғайримустақим интихоб мешаванд, як ҳиссаи онро (8 нафар) раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад;
5. Маҷлиси Миллӣ чанд аъзо дорад?
Ҷавоб: Маҷлиси Миллӣ мувофиқи Конститутсия 33 аъзо дорад;
6. Маҷлиси намояндагон чист?
Ҷавоб: Палатаи доимо амалкунанда ва касбӣ мебошад. Мутобиқи Сарқонун 63 аъзо дорад;
7. Давлати демократӣ чист?
Ҷавоб: Демократия калимаи юнонӣ буда, ҳокимияти халқ аст. Давлати демократӣ давлатест, ки дар идоракунии он халқ ба воситаи мақомоти намояндагӣ ё бевосита иштирок мекунад;
8. Давлати ҳуқуқбунёд чист?
Ҷавоб: Давлате, ки ба ҳуқуқ асос меёбад. Давлате, ки волоияти қонун, кафолати давлати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, тақсимоти ҳокимият вуҷуд дорад;
9. Волоияти қонун чист?
Ҷавоб: Волоияти қонун маънои онро дорад, ки қонун барои ҳама як хел аст. Аз коргари оддӣ то сардори давлат вазифадор аст, ки онро риоя кунад;
10. Кафолати давлатии қонун чист?
Ҷавоб: Кафолати давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон. Давлат бояд иҷрои ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро таъмин намояд;
11. Ҳокимият ба кадом рукнҳо (қисмҳо) тақсим мешавад?
Ҷавоб: Дар давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи (қисмати) ҳокимият вуҷуд дорад – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ.
– Ҳокимияти қонунгузор – мақомоте, ки қонун таҳия ва қабул мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти қонунгузор – Маҷлиси Олӣ буда, халқ бо воситаи намояндагонаш дар таҳияву қабули қонунҳо иштирок мекунад;
– Хокимияти иҷроия – раиси он президенти ҷумҳурӣ буда, ба он ҳукумат дохил мешавад;
– Ҳокимияти судӣ – ба таркиби он суди конститутсионӣ, суди Олӣ, суди Олии иқтисодӣ ва суди ҳарбӣ дохил мешаванд;
12. Нишонаҳои давлати демократиро гӯед?
Ҷавоб: Дар давлати демократӣ сардори он аз тарафи халқ интихоб карда мешавад. Мавҷудияти ҳизбҳо ва мафкураҳои гуногуни сиёсӣ мумкин аст. Гуногунандешӣ – плюрализми афкор вуҷуд дорад. Таҷзияи (тақсими) ҳокимият вуҷуд дорад. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ. Бо шаҳрвандон дар конститутсия ҳуқуқу озодиҳои демократӣ дода мешавад. Дар давлати демократӣ иктисоди бозоргонӣ амал мекунад;
13. Шаклҳои идоракунии давлат чанд хел аст?
Ҷавоб: Шаклҳои идоракунии давлат ду хел аст: монархия ва республика. Монархия – яккаҳукумронӣ буда, мутлақ ва конститутсионӣ мешавад, республика – ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, иштироки васеи халқ таъмин шуда, сардори давлат интихобӣ аст сарқонун ва мақомотҳои қонунгузору намояндагӣ, иҷроия ва судӣ вучуд дорад;
14. Ҷумҳурият чист?
Ҷавоб: Ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, меросӣ нест. Иштироки васеи халқ дар идоракунии давлат дида мешавад. Мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор – парламент мавҷуд буда, халқ намояндагони худро ба ин интихоб мекунад ва онҳо ирода ва манфиатҳои халқро ифода менамоянд. Ҷумҳурият Сарқонуни худро дорад. Сардори давлат ба роҳи интихоби умумихалқӣ ба муҳлати муайян интихоб мешавад.Ҷумҳурият президентӣ, парламентӣ ва омехта мешавад;
15. Ҷумҳурияти президентӣ чист?
Ҷавоб: Дар Ҷумҳурии президентӣ – президент ба таври умумихалкӣ интихоб карда мешавад. Ҳокимияти пурқуввати президент мавҷуд буда, президент ваколатҳои зиёд дорад. Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, президенти он сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) аст. Ваколат (салоҳият)-и президент самтҳои сиёсати хориҷиро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад, вазорату кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро бо роҳи пешниҳод кардан ва маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон таъин ва озод мекунад. Раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳоро таъин ва озод мекунад;
16. Тартиботи сиёсӣ чист?
Ҷавоб: Тартиботи сиёсӣ – ин усули амалисозии ҳокимияти сиёсӣ, ҳолати сиёсии ҷомеа аст. Ин дар натиҷаи ҳамкорию зиддияти қувваҳои сиесӣ, фаъолияти тамоми муассисаҳои сиесӣ ба вуҷуд меояд. Тартиботи сиёсӣ мефахмонад, ки ҳокимият чӣ хел амалӣ мешавад, бо роҳи бовар кунонидан, дар асоси қонун ё бо роҳи зӯрӣ.
Типҳои тартиботи сиёсӣ: демократӣ ва зиддидемократӣ. Типи зидди демократӣ: тоталитарӣ ва авторитарӣ мешавад;
17. Шакли давлатдории Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Шакли давлати Ҷумҳурии президентӣ мебошад. Президент аз тарафи халқ ба таври умумӣ, мустақил, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад. Сохтори давлати Тоҷикистон унитарӣ – ягона, содда буда, мақомотҳои олӣ ва маҳаллии идоракунӣ вуҷуд дорад;
18. Дар моддаи аввали Конститусия чӣ қайд шудааст?
Ҷавоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноаянд. Давлати соҳибихтиёр давлатест, ки аз ягон давлати дигар вобаста набуда, мустақилона сиёсати дохилию хориҷиро амалӣ месозад, дорои ҳудуд, забон, Сарқонун, Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ аст. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он дин ва муассисаҳои динӣ ба корҳои давлат ҳуқуқи дахолат кардан надоранд;
19. Суруди Миллии Тоҷикистон:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дуррии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаи,
Ту баҳри ворисон чаҳони ҷовидонаи
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ту модари ягонаи,
Бақои ту бувад, бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад, мароми ҷисму ҷони мо.
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

20. Раиси ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кист?
Ҷавоб: Раиси ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) дар Точикистон президент – Раиси Ҷумҳур аст (моддаи 64 конститутсия);
21. Вилояти суғд, шаҳри Хуҷанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аҳолӣ доранд?
Ҷавоб: Вилояти Суғд беш аз 2,658 миллион, шаҳри Хуҷанд беш аз 180 ҳазор, Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9,46 миллион аҳолӣ доранд;
22. Калонтарин шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои вилоятҳо кадоманд?
Ҷавоб: Калонтарин шаҳрҳои чумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб, Кўрғонтеппа, Турсунзода, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Ҳисор аст.
Маркази вилояти Суғд – Хучанд, маркази вилояти Хатлон – Бохтар, маркази вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Хоруғ аст;
23. Қаҳрамонони Тоҷикистон кистанд?
Ҷавоб: Ин унвони олии давлати Точикистон буда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ шудааст. Қаҳрамонони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум мебошанд;


24. Қаҳрамонони Чанги Бузурги Ватанӣ кистанд?
Ҷавоб: Аз Точикистон Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, 55 нафар буда, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев, Туйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Неъмат Қаробоев ва дигаронанд. Дар шаҳри Хуҷанд ба шарафи онҳо хиёбон ташкил шуда, суратҳои қаҳрамонони вилоят гузошта шудааст;
25. Адибони машҳури халқи тоҷик (аз адабиёти классики ва муосир) киҳоянд?
Ҷавоб: Адибони машҳури халқи тоҷик – А.Рудакӣ, А.Фирдавсӣ, А.И.Сино, У.Хайём, Ҳофизи Ш., Саъди Ш., К. Хуҷандӣ, А.Ҷомӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Сотим Улуғзода, А.Лоҳутӣ, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, М. Қаноат, Лоиқ ва Фарзона;
26. Асосгузори адабиёти классикӣ ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик кист?
Ҷавоб: А.Рӯдакӣ ва С.Айнӣ;
27. Ходимони барҷастаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кистанд?
Ҷавоб: С.Айнӣ (аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон), Б.Ғафуров, С.Умаров (дуюмин президенти АФ Тоҷикистон), Акбар Турсунов, Мухаммадчон Шакурӣ;
28. Ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кистанд?
Ҷавоб: Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Б.Ғафуров, Т.Улҷабоев, Ҷ.Расулов, Р. Набиев, Қ.Махкамов ва Эмомали Раҳмон;
29. Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷикистон кай қабул шудааст, он аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?
Ҷавоб: Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуда, аз 10 боб, 100 модда иборат аст:

Боби I. Асосҳои сохтори Конститутсионӣ;
Боби II. Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд;
Боби III. Маҷлиси Олӣ;
Боби IV. Президент;
Боби V. Ҳукумат;
Боби VI. Ҳокимияти маҳаллӣ;
Боби VII. Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон;
Боби VIII. Суд;
Боби IX. Прокуратура;
Боби X. Тартиби тағйири Конститутсия.

Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба иловаҳо ворид шуд. Дар натиҷаи райъпурсӣ аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003. Дар натиҷаи райпурсии соли 1999 парламенти Тоҷикистон ду палатагӣ доимамалкунандаи касбӣ шуда, мӯҳлати интихоби президент на зиёда аз ду бор шуд. Соли 2003 мӯҳлати интихоби президент 7 сол шуда, ҳак дорад аз 1 бор зиёд интихоб шавад. Мӯҳлати ваколати судяҳои халқӣ аз 5 сол ба 10 сол гузаронида шуд;
30. Рамзҳои давлати Тоҷикистон кадомҳоянд?
Ҷавоб: Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ мебошад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.