Дар бозори компютер, компютерҳои фардӣ ба чунин номгуйҳо тақсим шудаанд:

1. Стансияи корӣ – «Work Station – Рабочая станция». Чунин компютерҳо компютери пурқуввати корӣ мебошад. Одатан ин гуна компютерҳоро дар корхонаҳои калон, электростансияҳо ва дар баъзаҳои ҳарбӣ истифода мебаранд. Ин компютер дорои платформаи ду протсессора буда, ғунҷоишашон максималӣ мебошад. Суръати корӣ ва хотираи фавриашон бузург мебошад.
Якчанд дискҳои дурушти ғунҷоишашон калон пайваст карда шуда, бисёр вақт ба шабакаҳои локалии корхона пайваст мебошанд.
Стансияи корӣ вобаста аз гузориши масаъла, барои ҳисобкуниҳои илмӣ, сохтани графикҳо ё ин ки дигар таъинотҳо истифода мешавад. Ба қисмати графикии стансияи корӣ чунин таҷҳизотҳо дохил мешаванд: 3D – видеокартаи касбӣ, таҷҳизоти қабулкунии мавҷҳои телевизионӣ ва радио, инчунин сканери баландсифат ва ғайра.
2. Компютерҳои руи мизӣ – «Desktop». Чунин компютерҳо ба чор гуруҳ тақсим мешаванд:
1) офисӣ;
2) хонагӣ;
3) дизайнерӣ;
4) барои бозиҳо.
Инҳоро аз руи се сатҳ баҳо медиҳанд:
1. Сатҳи аввал «Easy PC»;
2. Сатҳи миёна «Mainstream»;
3. Сатҳи баланд «High End».
1) Компютерҳои офисӣ ба барномаҳои синфи офисӣ алоқаманд буда, ба шабакаҳои локалӣ пайваст шуда аз ҷиҳати маҳсулнокӣ ва сифат аз компютерҳои дигар фарқ намекунанд.
2) Компютерҳои хонагӣ. Одатан чунин компютерҳоро барои вақтхушиҳои хонагӣ ва барои иҷрои масалаҳои на он қадар вазнини таълимӣ истифода мебаранд. Онҳо дорои видеокартаҳои сифати миёна ва як қатор дигар таҷҳизотҳо мебошанд. DVD – дискдонҳо ва CD ROM -и суръати кориашон миёна пайваст карда шудааст. Инчунин видеокартаҳои дорои таҷҳизоти хориҷкунӣ, ки имконият медиҳад мониторро ба телевизор иваз кунанд. Ба ғайр аз ин имконияти ба шабакаи глобалӣ пайвастшавӣ ба воситаи модемро дорад. Таҷҳизотҳои зерине, ки ба чунин компютерҳо метавонад илова шавад, чунинанд: Принтер, Сканер, ТВ-тюнер, WEB-камера ва ғайра.
3) Компютерҳои дизайнерӣ. Ин гуна компютерҳоро барои таҳрири кинофилмҳо, мусиқиҳо ва рекламаҳо истифода мебаранд. Чунин компютер қариб, ки бо компютери стансияи корӣ якхелаанд. Барои он, ки корҳои вазнини графикиро иҷро мекунад, онҳо дорои видеокартаҳои махсусӣ, суръати кориашон баланд мебошанд. Компютерҳои дизайнериро бисёртар дар студияҳои телевизионӣ барои таҳрири барномаҳои намоишӣ истифода мебаранд.
4) Компютерҳо барои бозӣ. Чунин компютерҳо платаи системавии пурқуввати графикиро доро мебошанд. Барои ҳамин элементи асосии он видеокартаи графикӣ ба шумор меравад. Онҳо протсессори суръати баланддор ва хотираи фаврии калонро доро мебошанд. Компютер барои бозӣ метавонад дорои чунин таҷҳизотҳои иловагӣ бошад: джойстик, рулҳои мошинӣ, педалҳои мошинӣ, каскаҳо, айнакҳо ва дастпушакҳо.
3. Ноутбук – «Notebook». Чунин компютер компютери фардӣ – дастӣ ба шумор меравад ва аз як ҷой ба ҷойи дигар буда мешаванд ё ин, ки дар дохили автомашинаҳо истифода мекунанд. Ба ғайр аз оне, ки ноутбук камҳаҷм аст, инчунин бо аккумулятор низ кор мекунад. Одатан дар ноутбукҳо микропротсессори махсусро истифода мебаранд.
Ноутбукҳо чипсетҳои хурди графикӣ барои кор кардан бо меъёри графикиро доранд. Дар чунин компютерҳо DVD/CD-RW – пайваст карда шуда ва дар қатори клавиатура, муш ҷойгир карда шудааст. Имконияти пайваст кардани дискдонҳо барои дискетаҳои 1,44 Мбайт ва портҳои (PC/2, USB) барои мушро пайваст кардан дорад.
4. Ноутбукҳои руи мизӣ – «DeskNote». Ин синфи компютерҳо соли 2002 ба миён омад. Ин компютери номбурда аз ноутбук ягон фарқияте надорад ба ғайр аз он, ки аккумулятор надошта ба тарзи автономӣ кор намекунанд. Инчунин дар ин навъи компютер протсесорҳои оддӣ истифода карда мешаванд.
5. Компютерҳои фардии планшетӣ – «Tablet PC». Чунин компютерҳоро барои кашидани нақшаҳои муҳандисӣ истифода мебаранд. Ин гуна компютерҳо монитори калони алоҳида дошта, имконияти дохил кардани матнҳои дастнавис ва қалам барои кашидани расму графикҳоро доранд. Баъзе моделҳо клавиатура, трекбол, шинаҳо барои CD-ROM ва дискҳои чандирӣ доранд.
6. Компютерҳои фардии киссагии – «Personal Digital Assistant, PDA». Чунин компютерҳо ба гуруҳи компютерҳои синфи паст дохил мешаванд. Истифодабарии ноқулай дошта, барномаҳои камро қабул менамоянд. Аммо бисёр имконияти пайвастшавӣ ба компютерҳои руи мизӣ, барои кучонидани маълумотҳо (монанди китоби рақамҳои телефонҳо, китобчаи қайди информатсияҳо) ва ғайраро дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.