Монитор таҷҳизоте мебошад, ки барои дар экрани худ тасвир кардани информатсияи компютерҳои фардӣ хизмат мерасонад.
Ду меъёри корӣ бо мониторҳо ҷой дорад:
– Меъёри матнӣ (меъёри кор бо аломатҳо ва матнҳо);
– Меъёри графикӣ (меъёри кор бо нуқтаҳои хурдтарини «Пикселҳо», ки имкон медиҳад расму графикаҳо тасвир карда шаванд).
Ҳангоми кор бо меъёри матнӣ тамоми экран ба ададҳои муайяни мавқеъҳо ҷудо карда мешавад. Экран дар ҳар яке аз ин мавқеъҳо метавонад, аломатеро аз маҷмуи маҳдуд гирифта, тасвир кунад. Ба сифати аломатҳо – ҳарфҳо, рақамҳо ва аломатҳои дигари махсус қабул карда шудааст. Яъне як ҳарф, як адад ва як аломати махсус аломат номида мешавад.  Экран дар меъёри матнӣ дар худ сатрҳо ҷудо мекунад, ки аз мавқеъҳои зиёде иборат аст.
Воҳиди информатсиявии ба экран баровардашавандаи меъёри графикӣ ин нуқтаҳои алоҳидаи экран-пиксел мебошад, ки он имкон медиҳад расму графикҳои гуногун кашида шавад.
Намудҳои гуногуни мониторҳо мавҷуданд, ки аз якдигар аз ҷиҳати имкониятҳои худ ва рангҳо фарқ мекунанд.
Асосан мониторҳо аз руи рангҳо ду намуд мешаванд:
– Мониторҳои сиёҳу сафед (монохромӣ);
– Мониторҳои ранга.
Ҳоло дар компютерҳои фардии ҳозиразамон мониторҳои рангаро истифода мебаранд. Мониторҳои сиёҳу сафед бошад қариб, ки аз байн рафтаанд.
Мониторҳои ранга чунин наъвҳоро доро мешаванд:
–  Мониторҳои навъи EGA (16-хел намуди рангҳоро дошта, миқдори пикселҳояш 640×200 ё 640×350 мебошад);
– Мониторҳои навъи VGA (256-хел тобиши рангҳоро дошта, миқдори пикселҳояш, 640×200 ё 640×480 мебошад);
– Мониторҳои навъи SVGA (аз 65 ҳазор то 16-млн. хел тобиши рангҳоро дошта, миқдори пикселҳояш 1280×1024 ё 1600×1200 мебошад).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.