Вақте, ки информатика мегуянд, ҳар як шахс дар назар дорад, ки сухан дар бораи ягон информатсия меравад ва информатсия бошад ба ягон объект тааллуқ дорад.
Информатика – ин равияи мукаммали илмӣ буда, характери байнифаннӣ дорад. Вай дар инкишофи равияҳои дигари илмҳо таъсир расонида, дар муттаҳидсозии илмҳо нақши муҳим мебозад.
Информатика ин сегонаи «Модел, Алгоритм ва Барнома» аст.
Информатика илм ва техника буда, ба доду гирифти информатсия, нигоҳ доштани информатсия ва ба коркарди мошинӣ вобастагӣ дорад. Информатикаро дигар гуна ҳам таъриф медиҳанд, чунки информатика илми бисёршоха мебошад. Информатика нуқтаи назари гуногунро фаро гирифта аз нуқтаи назари математикӣ то файласуфӣ, ба ғайр аз ин ҳамчун илми инкишофёфта мебошад, ки ҳоло ҳам инкишоф ёфта истодааст. Информатика илми муосир буда, дар бораи он танҳо дар миёнаҳои қарни ХХ сухан оғоз кардаанд. Ва ин аввали инкишофёбии илми муосири техникаи компютерӣ мебошад. Ин илм бо суръати баланд инкишоф ёфта истодааст. Мувофиқи таърифи дар боло гуфташуда информатика – ҷамъ кардан, аз нав кор карда баромадани информатсия дар бораи олами моро иҳотакунанда мебошад. 
Пас савол ба миён ояд, ки информатика ба фанҳои физика, кимиё ва биология ба кадом андоза алоқаманд аст?
Информатика ягон фанро пурра дар бар намегирад, аммо ба ҳар кадоми онҳо умумияте дорад. Информатика барои он зарур аст, ки якҷоя бо математика ба фанҳои дигар ёрӣ расонида, онҳоро бо роҳҳои тадқиқот ва коркарди информатсия таъмин менамояд.
Хулоса вақте, ки сухан дар бораи информатикаи имруза меравад се самти асосӣ дар назар дошта мешавад:
1. Коркарди усулҳо ва алгоритмҳо ва ба таври автоматӣ ҷамъ кардан, нигоҳ доштан, ҷустуҷу ва нақли информатсия.
2. Ба вуҷуд овардани моделҳо, алгоритмҳо ва табдили информатсия.
3. Коркарди технологияи компютерӣ ва сохтани барномаҳо, ки ба тараққиёти ду самти аввала имконият медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.