Протоколи Интернет – ин як навъи алоқа, робита, рафтуомад, муносибат мебошад, ки мошинҳо тавонанд бо ҳамдигар маълумотҳоро доду гирифт кунанд ва ин ҳаст шарҳдиҳии конкретии протокол. Он хабарҳое, ки мо ба дигар шахс равон мекунем ин ҳам бо воситаи протоколҳои Интернет равон карда мешавад. Истифодабарандагон дар Интернет аз рӯи қоидаи ягона кор мекунанд. Ҳамчун забони умуми дар шабакаи Интернет барои доду гирифти додаҳо асосан протоколҳо истифода бурда мешавад.
IP (Internet Protocol) протокол
Протоколи IP интиқоли информатсияро дар байни компютерҳои шабака таъмин менамояд. Тарзи кори ин протоколро бо муқоиса бо интиколи информатсия ба воситаи почтаи муқаррарӣ дида мебароем. Барои он, ки мактуб ба ҷои лозимӣ рафта расад дар рӯи конверт суроғаи қабулкунанда (кому письмо) ва суроғаи равонкунанда (от кого письмо) навишта мешавад. Монанд ба ин информатсияи дар шабака равонкардашуда дар конверт ҷой карда мешавад ва дар он IP-суроғаҳои равонкунанда ва қабулкунанда навишта мешавад. Мисол «Кому: 198.78.213.185»; «От кого: 193.162.4.32». Маълумоти дар конвертбуда бо забони компютери IP-пакетҳо номида шуда, аз пайдарпаии байтҳо иборат аст.
TCP/IP – (Transmission Control Protocol ва Internet Protocol)
Протоколи TCP – протоколи интиқол, тақсими файлро ба IP-пакетҳо дар просеси интиқол ва ғункунии файлҳоро дар вақти қабул карданро таъмин мекунад.
Протоколи TCP/IP охири солҳои 70 – ум дар Америка истифода шуда аст. Дар эволютсия протоколи TCP/IP якчанд этапҳои асосиро қайд кардан мумкин аст. Соли 70 – ум ARPANET протоколи NCP – Network Control Protocol – ро истифода бурдааст. Соли 1973 протоколи FTP – яъне (File Transfer Protocol) истифода бурда мешуд. Солҳои 1974 протоколи TCP ва 1981 протоколи IP пайдо шуд. Асосан аз ин якчанд намуди протоколҳо ду намуди протокол бештар истифода бурда мешавад, ки инҳо протоколи TCP/IP мебошад. Азбаски ин ду намуди пртоколҳоро чун протоколи TCP/IP истифода мебаранд.
IP – Интернет протокол
Нишона аз 4 – гуруҳи ададҳои 3 – рақама иборат аст, ки аз як дигар бо нуқтаҳо ҷудо карда мешавад. Мисол: 194.67.211.245
Протоколи SMTP – ин яке аз асоситарини протоколи почтаи электронӣ мебошад, ки онҳо барои доду гирифти мактубҳо истифода мешавад. Байни бисёри истифодабарандагон истифода бурда мешавад ва он бояд ҳамон системаи равон кардаро то қабулкунанда аниқ расонад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.