Коммутатор – ин яке аз таҷҳизотҳои шабакавӣ буда, барои тақсим намудани нокилҳои шабакавӣ ба компютерҳо инчунин барои идора намудани кори шабака истифода бурда мешавад. Коммутаторҳо якчанд намуд ва дорои иқтидорҳои гуногун мебошанд. Аз руи иқтидори тақсим намудани ноқилхо ва хуб идора намудани шабака комутаторҳо 8-порта, 16-порта, 24-порта, 36-порта ва 64-порта мешаванд. Дар ҳар яке аз ин портҳои таҷҳизот мо метавонем, нокилҳои шабакавиро пайваст намуда ва тарзи кори ҳар яке аз ин компютерҳое, ки ба шабака пайваст аст, идора намоем ё ин ки таҷҳизоти дигари шабакавӣ, яъне нав-ро низ ба яке аз портҳои ин таҷҳизот пайваст намуда, миқдори компютерҳое, ки ба шабака пайваст мешаванд, зиёд намоем. Коммутатор метавонад, ҳар як компютере, ки ба у пайваст аст, тарзи суръти кори уро яъне кори шабакаро тағйир дихад. Ин таҷҳизот ҳар яке аз компютерҳоро аз рӯи рамзи махфии корти шабакавӣ, яъне аз руи (MAC-адрес) муайян намуда, ба IP-суроғаи ӯ маълумот равон ё қабул менамояд ва ҳангоми равон намудани маълумот ӯ аниқ ва ба ҳамон компютере, ки дархост равон карда буд ба шабака маълумотро мефиристад.
Вирусхои компютери ва химояи компютерхо аз вирусхо
Маълумот оиди маршрутизатор