Одамон ҳар руз бо ҳамдигар робита намуда, дар ин ё он шакл ба ҳамдигар информатсия медиҳанд, оид ба ҳақиқати ба даст оварда фикр меронанд ва ба қарори муайяне меоянд.
Доир ба он, ки чиро информатсия меноманд, якчанд нуқтаи назар мавҷуд аст:
1) Информатсияи техникӣ, ки тавассути хатҳои телеграфӣ фиристода мешавад ва дар экранҳои радиолакаторҳо инъикос меёбад. Миқдори чунин информатсияро метавон аниқ ҳисоб намуд ва ҷараёни он тобеи қонунҳои физикӣ мебошад.
2) Информатсияи семантикӣ, яъне тобишҳои маъногӣ дорад. Масалан, чунин информатсия бештар дар асарҳои бадеӣ вомехӯрад. Ба чунин информатсия тарзҳои гуногуни баҳодиҳии миқдорӣ пешкаш гардида, назарияи математикӣ сохта мешавад.
Информатсия ба мисли энергия ё суръат бузургии физикӣ мебошад. Информатсия то андозае ҷараёни дар системаҳои табиӣ (физикӣ) ва сунъӣ амалкунандаро тасвир менамояд.
Информатсия яке аз мафҳумҳои асосии илмӣ буда, дар қатори чунин мафҳумҳо, ба мисли мода, энергия, фазо ва вақт асосан манзараи дунёи илми муосирро ташкил медиҳад. Онро тавассути мафҳумҳои соддатар муайян кардан номумкин мебошад.
Ба калимаи информатсия дар техника, илм ва ҳаёт маъноҳои гуногун ҷой медиҳанд.
Дар зери мафҳуми информатсия дар ҳаёт маълумотҳо дар бораи дунёи фарогиранда, тариқи ҷараёни онҳо ва дарк намудани онҳо аз тарафи одамон ё дастгоҳи махсус фаҳмида мешавад.
Дар зери мафҳуми информатсия дар назарияи информатсия на ҳаргуна маълумот, балки ҳамон маълумотҳое, ки номуайянии мавҷударо ё пурра ё қисман бартараф мекунанд, фаҳмида мешавад. Ба ақидаи К. Шенон, информатсия ин номуайянии бартарафшуда мебошад.
Дар зери мафҳуми информатсия дар кибернетика, ба ақидаи Н. Виенер, қисми донишро мефаҳманд, ки вай барои мавқеи худро муайян кардан, амалиёти фаъоли идоракунӣ, такмилдиҳӣ ва инкишофи системаҳо истифода бурда мешавад.
Дар зери мафҳуми информатсия дар назарияи семантикӣ (маънои хабаррасонӣ) маълумотҳоеро мефаҳманд, ки дорои навигарӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.