Саволи №1. Таассуроти аввал ва одоби сухан гуфтан бо телефон дар бизнес;
Саволи №2. Муарифӣ намудан ва даст фишурдан дар бизнеси байналхалқӣ.

Ҷавоб ба саволи №1. Муаррифӣ кардан – Одатан ҳангоми вохўриҳо дар бизнес бо тартиби муайян муарификунӣ, дастфишўрӣ ва мубодилаи карточкаҳои визитӣ ба амал меоянд. Ҳангоми муарифӣ кардан ном, насаб ва номи падарии шахси муарифишударо пурра ба забон овардан лозим аст. Баъзан ҳолатҳое пеш меоянд, ки худро муарифӣ кардан зарур аст. Дар ҳолатҳои зерин метавонед худро муарифӣ намоед:
– ба вохўрие ҳозир шудаед, ки касеро намешиносед;
– ҳангоме, ки Шуморо ҳеҷ кас муарифӣ намекунад;
– ҳангоми хўрок хўрдан, агар дар паҳлўятон шахси ношинос нишаста бошад;
– агар эҳсос кунед, ки номи Шуморо фаромўш кардаанд.
Дастфишўрӣ – Баъди аз оне, ки худро муарифӣ намудед, мебояд даст фишуред. Дар олами бизнес дастфишўрӣ ягона шакли иҷозат дода шудаи дастрасонии ҷисмонӣ ба инсон мебошад, зеро бўсидан ва ба оғуш гирифтан аз рўи этикаи бизнес манъ карда шудааст. Ҳангоми дастфишўрӣ зарур аст, ки қувваи худро танзим намоед. Нагузоред, ки дастфишўрӣ ниҳоят пурқувват бошад. Аз ҷиҳати дигар ниҳоят суст ҳам бояд набошад.
Дастфишўрӣ бояд чунин бошад:
– баъди муаррифӣ кардан;
– боқувват, аммо бе дард;
– як хел дар мудати чанд сония;
– ду бор ё се бор афшонидан;
– дасти рости Шумо бояд ягон вақт банд набошад;
– агар дастатон арақ карда бошад, хубтараш онро бегумон ба шиматон тоза кунед.
Аз рўи хислати дастфишўрӣ бисёриҳо баъзе сифатҳои кории шарики бизнесро муайян мекунанд. Ба дастфишўрии шарикони худ аҳамият диҳед, шояд қаблан аз мақсадҳои онҳо дар вохўрӣ  бохабар гардед.
Панҷаи дасти беҷон ё муллоими барои дастфишўрӣ дароз шуда аз сустӣ ва характери нобоварӣ ба худ дарак медиҳад. Баръакс дастфишўрии аз ҳад зиёд боқувват  оиди характери ғазабнокӣ дарак медиҳад. Яъне ин аз он шабоҳат медиҳад, ки ман маетавонам бо қувва ва қобилияти худ шуморо маҷақ кунам.
Шахсони ором ва боваринок ба худ дасташонро устуворона дароз мекунанд. Агар Шумо ҳис намудед, ки ба Шумо ин гуна даст дароз карда шудааст, донед, ки дар назди Шумо шахси ба худ боваринок истодааст.
Агар ба Шумо дасти ба монанди кунда шах шударо дароз кунанд, донед, ки шахсе даст дароз кардааст, ки намехоҳад ба Шумо гузашт кунад, баръакс мехоҳад, ки Шумо бо қоидаҳои ў бозӣ кунед.
Вақте, ки шахс нўги ангуштонашро барои салом дароз мекунад, ин аз такаббурии ў шабоҳат медиҳад. Шарике, ки дасти дароз кардаи Шуморо на пурра, балки аз нўги ангуштон медорад, мехоҳад аз наздик будан бо Шумо масофаро нигоҳ дорад.


Ҷавоб ба саволи №2. Таассуроти аввал – яке аз ҷузъиётҳои муҳими этикаи бизнес ба ҳисоб меравад. Дар хотир гиред, ки сонияҳои ба шумор лозиманд, ки ба шахси дигар таасуроти аввалро гузоред, вале тамоми умр лозим аст, ки онро ислоҳ кунед. Барои таассуроти аввал гузоштан 60-90 сония лозим аст. Дар асоси 3-ҷузъиёти муомилот таассуроти аввал гузошта мешавад.
Вербалӣ – он чизе, ки мо мегўем.
Вокалӣ – чи тавр ҳамон чизро мо мегўем.
Визуалӣ – дар вақти гуфтан мо чӣ намуд дорем.
Вербалӣ ин 10 калимаи аввал гуфтан, ки ба онҳо салом гуфтан, муаррифӣ намудан ва муносибати Шумо ба ин вохури чӣ гуна аст дохил мешаванд. Агар шумо хоҳед, ки таассуроти аввали фаромўшнашаванда гузоред, ҳатман номи шахсро гиред.
Вокалӣ яъне мо чӣ гуна сухан меронем, ба ин интонацияи сухан, баланд ё паст садо додани сухани мо, зада садо додани сухани мо, суръати он ва ғ. дохил мешаванд. Ҳар як калима чанд тарзи сухан гуфтанро дорад. Дар одоби бизнес таассуроти аввал гузоштан хеле муҳим аст.
Визуалӣ – ба ҷузъиётҳои визуалӣ дар одоби бизнес на танҳо сару либос, балки ҳаракатҳои бадан ва мимика низ аҳамияти хос дорад. Одамон ба ҷузъиётҳои визуалӣ боварии зиёдтар ҳис мекунанд, нисбат ба суханҳо. Бинобар ин бисёр чизҳое, ки Шумо мехоҳед гўед, метавонед тавассути либос, ҳаракатҳо, мимика ва бо қоидаҳои рафтор иброз намоед.
Чи хеле, ки тахлилҳо нишон медиҳанд, барои таассуроти аввал гузоштан одамон ба се мавқеъ аҳамият медиҳанд.
Мавқеи миёна- ин мавқеи гардан, ки ба занҳо ягон намуд ороишот ва ба мардҳо бастани галстук маслиҳат дода мешавад.
Мавқеи болоӣ – ин пеш аз ҳама ороишоти мўи сар мебошад. Барои занҳои дарозии мўи сар бояд то китф бошад. Дар ҳолати дароз будан ба болои сар ҷамъ намудан лозим аст.
Мавқеи поёнӣ – ин пойафзоли Шумо ва ҳолати тоза будани он мебошад. Барои занҳо якрангаи ториктар (сиёҳ, қаҳваранг) бо пошнаи тунук ва барои мардҳо рангаш сиёҳи бандакдор бо пошнаи тунук маслиҳат дода мешавад.
Аз рўи ҳамин се мавқеъ ва ҳолатҳои онҳо таассуроти аввал ба шахс гузошта мешавад.
Табассум
Табассум – ин мафҳум дар этикаи бизнес ниҳоят муҳим аст. Аз ҳама услуби оддии ба атрофиён нишон додани хушмуомилагии худ, ин табассум кардан ба онҳо мебошад. Аввалан дар назди оина машқ кунед, то ки табассуми Шумо табиӣ барояд, даҳони худро калон кушода табассум кардан зарур нест.
Дар ҷараёни муоширати вербалӣ алоқаи чашмон ва табассум муҳимияти аввалиндараҷа доранд. Табассум бе сухан метавонад ба атрофиёни Шумо гўяд, ки «аз дидани Шумо хеле шодам » ё « бо Шумо сухан гуфтан ба ман бисёр хуш аст ». Аз табассуми Шумо метавонад маълум мешавад, ки алакай бо шахс хуб муносибат мекунед.
Одоби муошират кардан бо телефон
Дар сўҳбати телефонӣ овози Шумо – ин карточкаи визитии шумост, ки аз бисёр ҷиҳатҳо сину сол, намуди зоҳирӣ, ҷинс ва маълумотнокии шуморо муайян месозад. Шумо бояд аз хотир набароред, ки 50%-и таассуроти аввал нисбати Шумо ҳатман аз он вобаста аст, ки дар телефон чи гуна садо доред. Асосаш ҳамавақт бурро гап занед. Гўшаки телефонро аз даҳонатон дуртар нигоҳ доред.
Асосан сўҳбати телефониро бояд шахсе шунавад, ки бе восита ба ў занг зада истодаанд. Аз хотир набароред, ки зангҳои телефонӣ пулакианд. Дар ягон гуфтушунид, вохўрӣ ва ё дигар ҷойҳои ҷамъияти будан телефони худро хомўш кунед, ё дар ҳолати вибрацияи бе мусиқӣ гузоред. Телефонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ истифода намудан лозим аст. Агар дар вохўрии корӣ ба Шумо ҳатман зарур бошад, ки телефони худро дар ҳолати хомўш нашуда нигоҳ доред, мебоист дигаронро қаблан огоҳӣ намоед. Агар дар вохўрӣ ба Шумо зарур бошад, ки бо телефони занг занед бояд ба ягон ҷои танҳои равед. Ором гап занед, агар дар атрофии Шумо одамон бошанд. Шояд сўҳбати Шумо ба худатон писанд бошад, аммо ба дигарон халал мерасонад.
Дар ҳолати бо телефон сўҳбат кардан сақич нахоед ё об нанўшед. Агар ногоҳ сулфа кардед ҳатман узр пурсед.
Принсипи асосиро дар хотир гиред – ҳеҷ гоҳ ба мизоҷ занг назанед, агар ба овози худ боварӣ надошта бошед.
Новобаста ба он, ки як қисмати гуфтушунидҳо дар бизнес тавассути телефон сурат мегиранд, дар бисёр ҳолатҳо одамон одатан ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, ки ин фоизи баланди гуфтушинидҳои беасос гузашташударо ифода мекунад.
Ба хатогиҳои телефонӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст:
– муарифӣ накардани худ;
– тез гап задан;
– суханро буридан;
– гўш накардан;
– савол надодан;
– хайру хуш накардан.
Дар ҳолати, ки ба Шумо бо телефон занг мезананд, бояд чунин рафтор намоед.
– ҳатман муаарифӣ кардан ва ба сўҳбат даъват кардан;
– агар ҳамсўҳбат худро муаррифӣ накунад, пурсед, ки бо кӣ гап мезанед;
– баъд аз салом фурсате истед ва ба шахси бо телефон занг зада имконият диҳед, ки иброз кунад барои чи занг мезанад;
– ҳамавақт ҳамсўҳбатро огоҳ кунед, агар ўро бо касе пайваст кардани бошед;
– ҳатман иттиллоотҳои заруриро нависед, бо монанди рақамҳо, номҳо ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.