Саволи №1. Одоби муоширати корӣ;
Саволи №2. Қоидаҳои рафтор;
Саволи №3. Вазъи ҳассос дар гуфтушунидҳо: ҳадди имконпазири гузашткунӣ.

Ҷавоб ба саволи №1. Меъёрҳову қоидаҳои рафтори баодобона дар муо­шират ба ҳампешагони худи кас, тартиботу шаклҳои муомила дар раванди бархурдҳои хидматӣ одоби муо­ширати корӣ номида мешавад.
Одоби инзамонӣ ойину суннатҳои амалии қариб тамоми халқҳоро аз қадимтарин замонҳо то рўзгори мо ба мерос. гирифтааст. Қавоиди одоб асосан байналхалқӣ мебошад, зеро дар кулли кишварҳо беш ё кам як хел риоя карда мешавад. Ҳамзамон одоби муоширати ҳар як кишвар мумкин аст ҷаҳатҳои хеле муҳими ба худ хос дошта бошад, ки онро боист суннатҳову урфу одати таърихӣ, миллӣ, динӣ ва ғайра аст.
Одоби муоширати корӣ қоидаҳои ба якдигар салом додану алек гирифтан, худро муаррифӣ кардану шинос намудан, муошират бо тобеону ҳампешагон, ичунин баргузор кардани гуфтушунидҳои корӣ ва мукотиботро дар бар мегирад. Одоб инчунин маънои аз зоҳири худ, бохабар шудан, риояи сару либос, қавоиди рафтору муоши­рат ва суханронӣ иборат аст.
Одоби муошират аҳамияти амалӣ дорад ва ин аз он иборат аст, ки имкон медиҳад одамон бе заҳмати барзиёд шаклҳои қаблан омода шудаи аз тарафи умум эътироф гардидаи муомилаи хушро барои муошират истифода баранд.
Асосҳои одоби муоширати корӣ ҷузъиёти зеринро дар бар мегирад:

  1. Маданияти нутқ, ки нафақат аз лиҳози сарфу наҳв ва сабку услуб дуруст сухан рондан, инчунин дар гуфтор ба кор набурдани калимоти дурушти гўшхарошро фаро мегирад.
  2. Хушмуомилагии оддӣ чун нишонаҳои ҳатмии одоб хунари салом додан, хушбошӣ кардан, ташаккур гуфтанро дар назар дорад.
  3. Роҳ надодан ба дуруштӣ ва густохӣ дар ҳар гуна шакли ба зуҳур омаданаш. Дуруд гуфтани аввал ба калонҳо, ба ҷо овардани риояи мақому дараҷаҳо. Ба ҳисоб овардани хусусиятҳои миллии дуруд гуфтан.
  4. Хештандорӣ, роҳ надодан ба густохӣ, бетакаллуфӣ, дар ҳолатҳои душвор худдорӣ карда тавонистан.
  5. Эҳтиром доштан ба мусоҳиб, роҳ надодан ба такаббур, таърифу тавсифи шахси худу кишвари худ. Хоксор будан дар либоспушӣ, рафтору гуфтор.
  6. Нармтабиатӣ, ба иззати нафси мусоҳиб нарасида баҳс карда тавонистан. Раво надидани фишороварӣ дар баҳс ба василаи ишорат кардан ба обрўву эътибори каси дигар. Таҳаммул кардан ба ақидаи номатлуби мусоҳиб. Ҳунари иқрор кардан ба иштибоҳи худ, худтанқидгар будан.
  7. Дар ҳар гуна вазъият ба қавлу ваъдаи худ вафо карда тавонистан, дар ҳолатҳои мухталиф уҳдадории ба зима гирифтаро ба ҷо овардан.
  8. Дурусткорӣ, адолатпешагӣ, муносибати хайрхоҳона доштан нисбат ба зердастон. Сахтгиру серталаб будан ба худ ва ба дигарон. Ҳунари иҷрои корро ба зимаи худ гирифта тавонистан.

Сару либоси соҳибкор завқи салим доштан, мўдшинос буданашро бояд таъкид бикунад, вале дар айни замон бо ниҳояти ҷидият фарқ доштаву «чашмхарош» набошад. Намуди зоҳирии соҳибкор набояд эъти­бори ўро коҳанад, шахсияти обрўманд буданашро таъкид бикунад.
Мувофиқи одоби муоширати аз тарафи умум мақбулгардида мард якум шуда ба зан салом медиҳад. Айнан ба ҳамин тариқ шахси ба син хурд бояд ба калонсолон салом диҳад.
Дар вазъиятҳои корӣ «Шумо» гуфта муроҷиат кардан ниҳоят матлуб аст. Ба «ту» гуфта муроҷиат кар­дан, ки ин кор бобат бояд дутарафа бошад, фақат дар муносибатҳои ғайри расмӣ гузаштан равост.
Ҳангоми мулоқоти нахустини корӣ бо мардуми ношинос худро боист муаррифӣ кард, ё ки ташкилкунандагони мулоқот бояд шуморо ба якдигар шиносо кунанд. Мард вазифадор аст якум шуда худашро ба зан муаррифӣ кунад. Аз каси худашро ба шумо муаррифӣ карда пурсу ҷў кардани иловагӣ аз ваҷҳи худаш раво нест, агар ин корро манфиати кор ё зарурияти барқарор кардани бархурдҳои қаринтар тақозо надошта бошад.
Ҳунари кам гап задану бештар ба гуфтори дигарон гўш додан аз ҷумлаи аломатҳои хуби риоя кардани одоби муоширати корӣ ва эҳтиром доштан ба атрофиён аст. Гуфтори мусоҳибро то ба охир гўш накарда миёни суханаш гап даровардан норавост.
Дар одоби муоширати корӣ маданияти навишту гуфтор нақши зиёд мебозад, ҳунари дар шакли возеҳ, кўтоҳ, фаҳмо ифода карда тавонистани фикри худ.


Ҷавоб ба саволи №2. Амалияи бизнеси байналхалқӣ дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ ба масъалаи доир ба дурустии рафтори корӣ одатан мушкилиҳо эҳсос мекунад. Саволи қонуние ба миён меояд, ки стандартҳои қобили қабули рафтор ё қоидаҳои пешбурди бизнеси байналхалқиро кадом маданият тасдиқ намудаву кадом ҳокимият муқаррар карда метавонад?
Умуман, дар ҷаҳон қоидаҳои рафтори, барои кулли мамлакатҳо ягона ба кор бурда намешаванд, ки ин хилофи гуногунрангии маданиятҳост. Аммо баъзе қои­даҳои умумии ба протоколи кору қоидаҳои сари дастархон дахлдор дар мулоқотҳои корӣ дар шакли тавсияномаҳо амал мекунанд.
Тавсияномаҳои бо протокол алоқаманд буда, ба баъзе лаҳзаҳои меъёри рафтори бизнесмен дар муносибат ба шарик дахл доранд:
– дар мулоқотҳо, гуфтушунидҳо ва пазироиҳо боист қоидаҳоеро риоя кард, ки аз тарафи ташкилдиҳандагони мулоқотҳо дар нисбати сигоркашӣ муқаррар шудаанд;
– ба шарики хориҷӣ салом дода истода, таомули миллии ўро ба ҳисоб гирифтан лозим;
– ҳангоми шиносо шудан бо шарик карточкаи визитии супурдаи ўро боист бо диққат бихонд;
– на ҳамеша ба шарике, ки зан аст, гул боист такдим кард;
– ба тўҳфа, армуғом такдим кардан боист бо камоли диққат рафтор кардан;
– дар пазироиҳо маъмулан фақат дар ибтидо қадаҳ мегўянд, зиёдаш боз як бор дар фуроварди иқдомот;
– бо шарикони хориҷӣ мулоқот ороста истода, барномаи фарҳангӣ низ боист биандешид, дар мавриди интихоби он таваҷҷўҳи бизнесменҳои фарорасидаро ба ҳисоб гирифтан лозим.
Тавсияҳое, ки ба меъёрҳои рафтори сари дастархон дахл доранд.
Талаботи инсон ба ғизо – ба оғози иттиҳодбахши одамони гуфгушунидкунанда хидмат мекунад, ақаллан муваққатан. Дар ёд доштан лозим, ғизо барои якеҳо воқиан иқдоми муҳим аст, барои дигарон не. Ағлаб шунидан мумкин аст, америкоиён «мехўранд, барои он ки зиндагӣ кунанд», ҳол он ки фаронсавиён «зиндагӣ меку­нанд, барои он ки бихўранд». Таҷрибаи муошират дар раванди гуфтушунидҳои байналхалқӣ, нишон медиҳад, ки америкоиён дар офис бо кока-кола гамбургер мехўранд, барои англисҳо ленч дар клуб ҳатмист, скандинавиҳо бошанд, дар ошхонаи ширкаташон расо ним соат таваққуф мекунанд, на бештар аз он. Фаронсавиён, баръакс, ба хўроки нисфирўзӣ аҳамияти иҷтимоӣ ме­диҳанд – он метавонад аз як то ду соат тўл кашад. Испаниҳо, португалиҳо ва юнониён низ ба хотима додани таҳаввули нисфирўзи бисёр кам шитоб мекунанд. Намо­яндагони Осиё ба хўроки нисфирўзӣ аҳамияти фавқулода медиҳанд.
Одамон инчунин дар соатҳои мухталиф ғизо мехўранд. Мардуми, шимол, ки рўзи корашон хеле бармаҳал оғоз меёбад, андаке таҳамул мекунанд, аммо то нисфи рўз қариб аст, ки аз гуруснагӣ бимиранд. Финҳо барои ленч дар соати 1130 танаффус мекунанд, ҳол он ки меъёри аврупоӣ – 1230 – 1330 мебошад. Испаниҳо хеле кам то соати 1400 ба хўрдан мешинанд ва он маъмулан, то со­ати 1600 ё 1700 тўл мекашад.. Финҳо боз то соати 1600 гуруснагӣ эҳсос кардан мегиранд ва якҷоя бо хизматчиёни ҷопону синфи коргари британӣ қариби соати 1730 сари дастархон мешинанд.
Канадиҳову Зеландияи навиҳоро хўроки шом низ бармаҳал аст. Австралиҳо хеле бештар интизор меша­ванд. Америкоиҳо, мардуми марказ ва аз ҳама шимолтари Аврупо қариби соати 1930 сари дастархон мешинанд, хол он ки испаниҳову португалиҳо фақат соатҳои 2100 ё 2200 ғизоро ба ёд меоваранд ва бисёр вақт аз сари дастархон хеле дертар мехезанд. Намояндагони Осиё дарҳол баъди хўроки нисфирўзӣ дар тараддуди хўроки шом мешаванд ва онро маъмулан дар соати 1920 cap мекунанд. Хитои­ҳо ва дигар сокинони Шарқ дар соати 1920 ба хўроки шом хўрдан cap мекунанд. Дар Испания ё Португалия ба хўроки нисфирўзӣ соати 2000 ё 2030 даъват кардан чунин маъно дорад, ки таъоми асосӣ байни соатҳои 2200 ва 2300 кашида хоҳад шуд.
Ҷойгир кардани меҳмонон ағлаб худ ба худ ба амал меояд ва дар бисёр мамлакатҳо дар дақиқаи охир боқӣ мемонад, агар чи намояндагони Осиё ҳатман муҳимтарин меҳмонро рў ҷониби дар мешинонанд. Дар Ав­рупо фаронсавиён ва олмониҳо аз дигарҳо бештар ташвиш мекашанд, ки ҳозиринро бо назардошти манфиатҳои гуногуну мақоми иҷтимоиашон чӣ тавр шинонанд.
Мувофиқи расму одати ин ё он кишвар ё дар сари миз ё дар рўи фарш ва ё замин шишта ғизо мехўранд. дар Ҷопон болои фарши tatami нишастан расм аст, дар кишварҳои араб бошад – рўи қолин, линолеум ё фарши сайқалдода, дар Тонга ва Фиджи ва қисми бештари Полинезия рўи сабза ё замини сахт. Вақте ки аврупоиён ва америкоиҳо дар миз намешинанд, онҳоро ло­зим аст тасмин гирифт, пояшонро чӣ кор кунанд, зеро асосан онҳо пойҳояшонро ба тарзи шарқи қат карда дурудароз нишаста наметавонанд. Дар хонаҳои ҷопонҳову арабҳо пойфазолро одатан кашида дар даҳлез мемонанд. Чўбакчаи гизохурӣ дар чанд мамлакати Шарқ истифода бурда мешавад, пеш аз ҳама дар Ҷопон ва Хитой ва ба аврупоиён ё дигар миллатҳо тавсия мешавад, баъзе малакот ҳосил кунанд, то ки ақаллан пораҳои ҷудогонаи ғизоро ба даҳон расонда тавонанд.


Ҷавоб ба саволи №3. Ягон чизи ғайри маъмул нест дар он, ки баъзан гуфтушунидҳо дар минтақаи мушкил қарор мегиранд, даме ки ҳар ду тараф ба он ғўтавар мешавад ё ҳатто эҳсос мекунанд, ки гуфтушунидашон ба вазъи бунбастӣ ворид шудааст. Даме ки дар гуфтушуниди миёни ҳамватанони мансуб ба як фарҳанг чунин ҳолатҳо (ба сабабҳои гуногун) ба миён меоянд, механизми аз санҷиш гузаштан ба ақибнишинӣ роҳдиҳандаро ба кор медароранд, ки ба василаи он бидуни аз даст дода шудани ма­қом барои ҳар ду тараф ба гуфтушунид ангезаи нав дода шуданаш мумкин аст. Вазъи бунбастиро бартараф кар­дан мумкин, масалан, дар кори гуфтушунид танафус эълон карда, ҳайати иштирокдорон ё ҷои гуфтушунидро тағйир дода бо роҳи « аз нав пеш гирифтан »-и муомила.
Арабҳо дар гуфтушуниди байни худашон барои намоз гузордан танафус эьлон мекунанд ва баъди ҳамин ором гирифта гуфтушунидро давом меҳанд. Намояндагони Ҷопон ба гуфтушунид роҳбарони болоиро ҷалб меку­нанд, то онҳо « бинанд проблема аз чӣ иборат будааст ». Шведҳо дар чунин ҳолатҳо ҳамроҳи мўътариз (оппонентҳо)-яшон май менўшанд, финҳо бошанд, роҳи ҳаммомро пеш мегиранд.
Созишкориро метавон чун ҷустуҷўи « ҳадди миёнаи заррин » муқаррар кард ва барои ба даст омадани ин муддаъо ҳам ҷопонҳову ҳам хитоиҳои миёнаравонро кор мефармоянд. Ин барои бизменҳои ғарбӣ камтар қобили қабул аст, ки онҳо ҳадафи ошкор ба даст овардан дар гуфтушунидҳо бархўрдҳои бештар мустақимро авло медонанд (ҳатто агар муқобала пеш ояд ҳам). Муқобала – барои халқҳои шарқӣ ва бештари романиҳо наҳс аст, онро бритониҳову шведҳо низ хуш надоранд. Танҳо ол­мониҳо, финҳо ва америкоиён дар баҳсҳои корӣ метавованд рўирост, андаке дурушт ва аз рўи инсоф гап заданро аз дипломатияи нозук гузаранд. Арабҳо низ дар гуфтушунид истифода кардани миёнаравҳоро хуш до­ранд.
Проблема аз он иборат аст, ки созишкории ақлонаи хушмандона танҳо дар он ҳолат имкон дорад, ки агар яке аз чонибҳо ба дарк кардан қодир бошад, ки чониби дигар аввалияти ҳадафҳои худашро муайян мекунад ва ба консепсияи наздикии арзишҳо, мусолиҳа ва хирадмандӣ баҳо медиҳад. Ин консепсияҳо муҷиби фарҳанганд, пас бо эҳсосот алоқаманданд. Аммо дарки онҳо ва қадамбардорӣ ё аксулъамалҳое, ки ба тавфиқ ёфтан ба онҳо равона шудаанд, воситаҳои холӣ аз иштибоҳи бартараф карда шудани ҳолати беилоҷ мебошанд. Ин гуна қадамҳоро бардоштан назар ба бовар кардан ба онҳо осонтар аст. Лекин барои ин донистану дарк кардани анъанаҳо, тавсияҳои фарҳангӣ ва тарзи тафаккури ҷониби дигар зарур аст.
Дар давраи ҳассос баъзе хусусиятҳои гузаронидани гуфтушунид мавҷуд аст.
Вазъияте ки дар он шарик ба муколамаи созанда рағбат надорад, ё вай мавқеи манфиатбахштаре ишғол кардааст, аз ҷумлаи чунин ҳолатҳоянд.
Дар вазияти аввал шарик ғайрисозанда рафтор ме­кунад, мавқеи устувор доштанашро эълон медорад, пешниҳоди шарикро танқид мекунад ва умуман кўшиш мекунад фақат он кореро кунад, ки манфиати нпурраи худашро таьмин медорад.
Барои он ки ба гуфтушунид хусусияти созандагӣ дод, яъне аз усули харидуфурўши мавқеъгирона дур шуд, пеш аз ҳама лозим аст ба мавқеъи дорои хусусияти созандагӣ доштан гузаронидани гуфтушунидҳо гузашт.
Гуфтушунидро аз баррасии он масъалаҳое бояд cap кард, ки дар замири доир ба онҳо эътироз пайдо нашавад.
Дар вақти муҳокимаи мавқеи худ шарикро дар ғалат будани нуқтаи назараш ба итминон бахшидан кўшиш набояд кард. Ин кор фақат аз эътидол баромадан ба миён меовараду бас. Дар чунин ҳалатҳо чанд тарзи оддии барпо кардани муколама мавҷуд аст.

  1. Пеш аз ҳама шарикро аз мавқеи ишғолкардаи ғайрисозандагӣ баровардан ва ба ў фаҳмондан лозим, ки рафтори созандагӣ дар гуфтушунид, пеш аз ҳама, ба худи ў манфиатбахш аст.
  2. Агар эътирозгар пешина барин аз мавқеи устувораш сухан ронад ба ў имкон додан лозим, ки дилашро холӣ кунад. Ба эътирозҳои ў бодиққат гўш дода, ба омўхтани манфиатҳо саъй кард, ки дар эътирозҳои ў нуҳуфтаанд.
  3. Ба шарик чанд варианти ҳалли масъаларо пешниҳод кардан лозим. Ба такмил додани ин вариантҳо диққат додан лозим.
  4. Дар муколама бо эътирозгар на таъкид карданҳо, балки савол доданҳоро боист ба кор бурд. Таъкид кардан муқобил баромаданро бармеангезад, вале савол додан – ҷавоб гардонданро.

Гуфтушунид бо шарики мавқеаш устувор ағлаб ташвишу нобоварӣ ба вуҷуд меоварад. Лекин аз мавқеи андак сусттар сухан рондан фақат шартан мумкин аст. Шарикон ҳамеша ба якдигар алоқаманданд (вагарна гуфтушунидҳо оғоз намеёфтанд) ва аз ин мебарояд, ки усулан – баробаранд.
Дар мавриди ба шарики муқтадиртар корафтод шудан ҳаваси ба ақоиди ў гароидан пайдо шуданаш мумкин аст. Барои он ки кас худро аз ин ҳавас ҳимоят кунад, пешакӣ бадтарин вариантро, ки пеш гирифтан мумкин бошад, фикр карда баровардан лозим, яъне «ҳадди имконназири гузашткунӣ»-ро пешакӣ муқаррар кардан даркор.
Вақте ки чунин «ҳад» муқаррар шуд, ба фишору баъзе ҳавасовариҳо муқобил баромадан осон мегардад. Дуруст аст, ки барқарор кардани «ҳад» самараи дар ро­ҳи ҳалли масъала ҷадал карданро кам мекунад, самараҳое, ки манфиатҳои мухталифро ба ҳам созиш доданашон мумкин буд, то ин ки ин кор ба ҳар ду шарик фоидаовар бошад. Саволе ба миён меояд: оё худро аз пазируфтани тавофуқи ғайри хоҳиш ва ҳамзамон пешгирӣ кардан аз даст кашидани аз он тавофуқ, ки ба он розӣ шудан мумкин аст, ҳимоят кардан имкон дорад? Даст кашидан мумкин, агар бароятон тадбире пайдо шавад, ки ба арзёбӣ карда шудани ҳар гуна созишҳои пешниҳодшуда имкон диҳад. Ин тадбир – алтернативаи беҳгарин (аз ҷумлаи алтернативаҳои мавҷуда) мебошад.
Агар алтернативаи тайёр карда монда ҳалли имконпазири қатъ кардани гуфтушунид набошад, дар ин сурат ҳолати бадбинона арзёби кардан ба миён омаданаш мумкин аст, ки дар мавриди барор нагирифтани гуфтушунид пайдо мешавад. Агар ҳалли нуқтасанҷона андешидашуда мавҷуд набошад, дар ин маврид чӣ бояд кард, пас, гуфтушунид бо чашми баста баргузор меша­вад.
Аммо барои ҳалли имконпазиру ғайриимконпазир на ҳар ҳар гуна алтернатива, балки аз ҷумлаи алтернативаҳои мавҷуда аз ҳама беҳтаринаш лозим аст. Беҳта­рин алтернатива ҳар қадар ба ҳолати воқеӣ ҷавобгў бошад, ҳамон қадар имконият мавҷуд аст, ки шартҳои ҳар гуна созишномаи бадастоянда беҳтар карда шавад. Маҳз барои ҳамин ҳам дар мавриди омодагӣ дидан ба гуфту­шунид андешидани як қатор вариантҳои алтернативӣ ва ҳатто мустанад тартиб додани онҳо муҳим аст. Агар бизнесмен чӣ кор карданашро донад, агар гуфтушунид ба созишномаи саривақтӣ нарасонад, дар он сурат вай дар раванди гуфтушунид итминони иловагӣ ҳосил меку­над. Қатъ кардани гуфтушунид осон аст, агар ба он итминон мавҷуд бошад, ки чи воқиа рўй медиҳад. Ҳар қа­дар хоҳиши қатъ кардани гуфтушунид қавитар бошад, ҳамон қадар ба даст омадани натиҷаи дилхоҳ бештар аст.
Ҳадди имконпазири гузашткуниҳо – алтернативаи омодашуда.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.