1. Таърихи Чини қадим;
2. Давлати Шан (Ин);
3. Давлати Чжоу;
4. Давлати Син;
5. Давлати Хан.

1. Таърихи Чини қадим ба чор давра тақсим карда мешавад, ки ҳар кадоме аз ин давраҳо ба ҳукмронии сулолаи муайян алоқаманд аст. Давраи аввал – Шан (Ин) – аз асри 18 то милод то асри 12 то милод давом кард. Давраи дуюми – Чжоу – аз асри 12 то милод то соли 221 то милод давом ёфт. Давраи саюми – шоҳигарии Син – аз соли 221 то милод то соли 207 то милод. Давраи чорум – шоҳигарии Хан – аз соли 206 то милод то соли 220 милодӣ идома ёфт. Давраи чорум давраи гузаштан аз давлати ғуломдорӣ ба давлати феодалӣ аст.
2. Давлати Шан (Ин)
1. Ташкилёбии давлати Шан (Ин)
Мутобиқи ривоятҳои чинӣ, пайдоиши давлат дар сарзамини Чин ба истило гардидани қабилаи Ся аз ҷониби қабилаи Шан бо сарварии Шан Чэн Тан ташкил ёфт. Шан сулолаеро асос гузошт, ки давлати он низ номи Шанро гирифт.
2. Сохти ҷамъиятӣ
Ҷамъият ва давлати Шан (Ин) ғуломдорӣ буд. Ба синфи болоӣ ашрофони ғуломдори Шан (Ин), қоҳинони ғуломдор ва ашрофони ғуломдори қабилаҳои тобеъ дохил мешаванд. Мақоми ҳар як ашхос бо наздикии он ба шоҳ муайян карда мешуд. Ҳам шахсони алоҳида ва ҳам давлат соҳиби ғулом шуда метавонист. Ба ғуломон ҳамчун ҳайвон муносибат мекарданд. Ғулом наметавонист, ки соҳиби оила ва молу ашё бошад. Қисмати назарраси аҳолиро ҷамоаткорони озод ташкил медоданд. Ин ҷамоат нақши муҳим мебозид.
Ҳамаи заминҳо ба ду гуруҳҳо тақсим мешуданд:
1) Заминҳои ҷамъият – аз тарафи ҳамаи ҷамоат кишту кор гардида, ҳамаи ҳосил ба сарвари ҷамоат супорида мешуд, ки вай ҳосилро ба шоҳ мефиристод;
2) Заминҳои шахсӣ – дар истифодаи ҳар кадом оила қарор доштанд. Ҳосили ин заминҳо барои хӯронидани аҳли ҷамоатҳои озод истифода бурда мешуд. Вале заминҳои шахсӣ дар ихтиёри соҳиби онҳо набуда ба шоҳ таалуқ дошт.
3. Сохти давлатӣ
Дар аввал сохти демократии шоҳи худро нигоҳ медошт, вале баъдтар ҳокимият аз ҷониби шоҳ ба даст гирифта шуд. Сарварони ин давлат ҳокимиятро зери дасти худ муттаҳид сохта буданд. Шоҳ нахустин ва калонтарин ғуломдор, дохии олии низомӣ, судяи олӣ ва сардори рӯҳониён ҳисоб меёфт. Дин дар назаари мардум пайдоиши илоҳии шоҳро тасаввур менамуд. Шоҳ ба дастгоҳи давлатӣ ҳукумат намуда, ба он бештар хешовандони хеш ба кор қабул мекард.
3. Давдати Чжоу
1. Ташкилёбии давлати Чжоу
Замони ҳукмронии сулолаи Чжоу ба се давра тақсим намудан мумкин аст:
1) Давраи Чжоуи Ғарбӣ (солҳои 1122-742 то милод);
2) Давраи Чжоуи Шарқӣ (770-403 то милод);
3) Давраи шоҳони ҷанганда (403-221 то милод).
Дар давлаи Чжоу ғарбӣ зинаи нисбатан баландтари рушди нерӯи истеҳсолкунанда, афзоиши ғуломон ва инкишофи заминдории калон ба назар мерасад.
2. Сохти ҷамъиятӣ
Дар ҷамъият ашрофони ғуломдор аз ҷумлаи ашрофони меросии Чжоу, мансабдорони низомии Чжоу ва як қисмати баъди истило боқимондаи ашрофони Шан (Ин) мавқеи ҳукмрон доштанд. Молики замин чун пештара шоҳ (ван) ҳисоб мешуд. Ихтиёри замин дар дасти шоҳ буд. Дар давраи Чжоуи Ғарбӣ истифодаи ҷамоатии замин нақши калон дошт. Низоми “заминҳои корезӣ” боқӣ монда буданд. Дар зинаи поёнтарини ҷамъиятӣ ғуломдорон қарор доштанд, ки миқдори онҳо аз ҳисоби асирони ҷанг ва ҷинояткорони давлатӣ зиёд мешуданд. Миқдори зиёди ғуломдорони шахсӣ меафзуданд.
3. Сохти давлатӣ
Ҳокимияти олӣ дар дасти шоҳи меросӣ (ван) қарор дошт. Дар шоҳигарии Чжоу низоми дарбории идоракунӣ мавҷуд буд: ҳодимони дарбор дар як вақт шахсони мансабдор ҳисоб меёфтанд. Мансабдорони олимақом – сян ба тамоми дастгоҳи давлатӣ роҳбарӣ мекарданд. Низоми идоракунӣ аз мансабдорони зиёде салоҳияташон гуногун иборат буд: саиси ван, муншӣ, сарвари бойгонии шоҳ, хазинадорони шоҳ, нозири маросим ва ғайра. Мансабдорони олӣ (дафу) ба се дараҷа тақсим мешуданд: калон, миёна, хурд. Аз рӯи ривоятҳо шоҳ Чэн ван ба идоракунии давлатӣ дигаргуниҳои нав дохил кард. Артиш ба пуррагӣ доимӣ набуд, вай аз ду қисм иборат буд: гурӯҳҳои начандон калони доимӣ ва лашкари халқӣ, ки ҳангоми ҷанг ҷамъ оварда мешуд. Дар тамоми мавҷудияти давраи Чжоу давлати мутамарказ мавҷуд набуд. Аз ин хотир ҳокимияти подшоҳ танҳо гирду атрофи пойтахтро фаро мегирифт ва ба қаламрави боқимондаи кишвар князҳо ҳукмронӣ мекарданд.
Дар давраи Чжоуи Шарқӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодиёти мамлакат дигаргуниҳои азим ба амал омад. Рушди ҳунармандию савдо ба баланд шудани нақши савдогарӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ сабаб гардид. Рушди ҳунармандию савдогарӣ ба тараққӣ ёфтани савдогарӣ дар он минтақа гардид.
Аз байн рафтани заминдории ҷамъиятӣ ва ба вуҷуд омадани заминҳои давлатӣ ба давраи “Чжанго” хос аст. Аз ҳамин давра оғоз гардида, барои истифодаи замин андоз ситонида мешуд.
4. Давлати Син
1. Ташкиёбӣ ва ташаккули давлати Син
Барои таъсис гардидани давлати мутамаркази Син ислоҳоти Шан-Ян мансабдори олимақоми давлати Син мусоидат намуд. Ин ислоҳот аз инҳо иборат буд: хариду фурӯши озодонаи замин қонунӣ гардид, ки зарбаи қатъӣ ба заминдории ҷамоатӣ буд. Қонун дар хусуси тақсими маҷбурии хонаводаҳои калон низ суқути ҷамоатро тезонд. Бо мақсади мутамарказ намудани давлат тақсимоти нави ҳудудию маъмурӣ баргузор гардид, низоми ситонидани андоз тағйир дода шуд. Лашкар бо силоҳ аз нав муҷаҳҳаз гардонида шуд. Барои хизматчиён зинаи 18 унвонӣ муайян гардид. Риояи қатъии қонунҳо шарти аввалиндараҷаи тартибот дар мамлакат дониста мешуд. Давлати мутамаркази Син тавонист дигар давлатҳои Чинро забт карда, империяи бузургеро ташкил намояд. Тамоми ҳокимият дар дасти император муттаҳид шуда буд. Баъди забти ҳудуди Чин ҳудуди шоҳигарии пешина аз байн бардошта шуд, қаламрави бузург ба 36 вилоят тақсим гардид, ки вилоят дар навбати худ ба уезд, уезд ва волост ва волост ба тин (воҳиди поёнии маъмурӣ) тақсим мешуд. Дар сари ҳар як вилоят ду роҳбар – намояндаи ҳокимияти низомӣ ва шаҳрвандӣ меистоданд, ки намояндаи ҳокимияти онҳоро ба ин вазифа аз марказ таъин мекарданд ва эшон дар мавридҳои зарурӣ аз вазифа озод карда мешуданд. Дар он давра қонунҳои сахт муқаррар карда шуда буданд, ки барои ҷинояти камтарин ҷазо муқаррар мекард. Ислоҳоти гузаронида дер давом накард. Дар байни табақаҳои иҷтимоӣ ихтилофот ба вуҷуд омад ва яке аз чунин шӯришҳо дар соли 209 то милод ба барҳам хӯрдани империяи Син сабаб гардид. Ба сари қудрат сулолаи нав – Хан омад.
5. Давлати Хан
Асосгузори сулолаи нав, сарвари деҳ Лю Бан, яке аз раҳбарони шӯришгарон буд. Вай фаъолияти худро ба сифати шоҳ бо гузаронидани ислоҳот, ки барои беҳтар гардонидаи вазъи ғуломон нигаронида шуда буд, пеш гирифт. Вале ӯ ба мақсади худ нарасид. Сохтори давлатии марказӣ боқӣ монд. Вале ҳудуди давлат тағйир дода шуд. Яъне тамоми давлат ба 13 ҳавзаи калон тақсим карда шуд, ки ба ҳар ҳавзаи калон император – муфаттиши ҳавза ҳукумат мекард. Миқдори вилояту уездҳо хеле зиёд буданд. Соли 8 милодӣ Ван Ман табаддулоти дарборӣ анҷом дода, ҳокимиятро ба даст овард. Соли 9 милодӣ вай худро императори “нав” эълон намуд, ҷонибдори гузаронидани ислоҳоти қатъӣ буданаш зоҳир дошт. Ӯ ба гузаронидани ислоҳот муваффақ гашт ва мувофиқи ин ислоҳот ҳамаи заминҳо “заминҳои шоҳӣ” эълон гардиданд. Идораҳои махсус таъсис гардид, ки онҳо боянд нархи бозорро ба танзим дароранд. Чандин маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд ва андозҳои нав ҷорӣ гардид. Фурӯши мансабҳо аз байн бурда шуд, зеро ҳангоми қабул гардидан ба мансаби давлатӣ бояд имтиҳон месупорид. Ислоҳоти Ван Ман ба ҷои фоида зиён овард. Он ихтилофоти иҷтимоиро ба миён овард, ки ин боиси ба вуҷуд омадани буҳрони давлатии ғуломдорӣ гардид. Барои вайрон кардани “қонунҳои нав” ҷазои сахт ҷорӣ гардид, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд, ё ба ғуломони давлатӣ табдил ёфтанд. Ба асари чунин тағйиротҳо иқтисодиёти давлат рӯй ба таназзул овард. Халқи ба дод омада шӯриш бардошт, ки ин шӯриш “шӯриши сурхабрӯён” ном дорад. Ба шӯришҳо намояндагони сулолаи Хан, ки мехостанд ҳокимияти худро дубора намояндагӣ намоянд, сарварӣ мекард. Ниҳоят кор ба дараҷае расид, ки соли 29 онҳо тавонистанд, ҳокимияташонро барқарор созанд. Баробари ба сари қудрат омадани сулолаи Хан амру фармонҳои Ван Ман бекор гардид. Ин боиси устувор гардидани иқтисодиёти мамлакат гардид. Дар дастгоҳи давлатӣ дигаргуниҳои назаррас ба миён омад. Дар назди император мақоми олии машваратӣ – шӯрои император ташкил ёфт. Дар нимаи дувуми асри 2 милодӣ дар Чин буҳрони сиёсии шадид ба вуқуъ пайваст. Дар дарбор муборизаҳои шадид баргузор гардид. Дар натиҷа буҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омад. Соли 184 милодӣ шӯриши бузурги “Саллазардон” ба вуқуъ пайваст, ки соли 220 милодӣ сулолаи охирини Ханҳо кушта шуда, империяи онҳо ба якчанд шоҳигариҳои алоҳида тақсим шуданд. Сохти давлатдории ғуломӣ дар Чин завол ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.