60 саволу чавоб аз фанни география

1. География чист?
Ҷавоб: География калимаи юнонӣ («гео»-замин, «графо»-менависам) буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад. Вай аз илмҳои бо ҳам алоқаманди табиӣ – географияи табиӣ ва ҷамъиятии географияи иқтисодию иҷимоӣ иборат аст;
2. Географияи табиӣ чист?
Ҷавоб: Географияи табиӣ қонунияти сохт ва таркиби сатҳи Замин, қабатҳои поёнии атмосфера, гидросфера, хок, олами наботот ва ҳайвоноти сатҳи Заминро меомӯзад;
3. Географияи иқтисодӣ чист?
Ҷавоб: Географияи иқтисоди аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, ҷойгиршавии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, шароит, хусусиятҳои соҳаҳои алоҳида ва инкишофи онҳоро дар миқёси ҷаҳон ва мамлакатҳои алоҳида меомӯзад;
4. Дар ҷаҳон зиёда аз чанд давлат (мамлакат) мебошад?
Ҷавоб: Алҳол дар кураи Замин (дунё, ҷаҳон) зиёда аз 230 давлат мебошад, ки калонтарин давлат дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат Федератсияи Россия мебошад, ки масоҳаташ 17,1 млн. км² аст;
5. Қитъаи олам чист?
Ҷавоб: Материк ё як қисми материкро бо ҷазираҳои ҳамшафаташ қитъаи олам меноманд. Дар кураи Замин 6-то қитъа ҷойгир шудааст:
– Осиё масоҳаташ – 44 млн. км²;
– Амрико масоҳаташ – 42 млн. км²;
– Африқо масоҳаташ – 30,3 млн. км²;
– Антарктида масоҳаташ – 14 млн. км²;
– Аврупо масоҳаташ – 10 млн. км²;
– Австралия масоҳаташ – 7 млн. км²;
6. Материк чист?
Ҷавоб: Қитъаи калони хушкие, ки чор тарафашро об иҳота кардааст материк меноманд. Дар ҷаҳон 6-то материк мебошад: Авруосиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Антарктида ва Австралия;
7. Уқёнуси ҷаҳонӣ чист?
Ҷавоб: Тамоми обҳое, ки дар сайёраи Замин ҷойгиранд уқёнуси ҷаҳонӣ меноманд. Масоҳати уқёнуси ҷаҳонӣ – 361 млн км² буда, 94%-и оби кураи Заминро ишғол кардааст. Уқёнуси ҷаҳониро ба чор уқёнуси дигар ҷудо мекунанд:
– Уқёнуси Ором масоҳаташ – 180 млн. км², миқдори обаш – 710,36 млн. км.кубӣ;
– Уқёнуси Аталантика масоҳаташ – 95 млн. км², миқдори обаш – 329,66 млн. км.кубӣ;
– Уқёнуси Ҳинд масоҳаташ – 75 млн. км², миқдори обаш – 282,65 млн. км.кубӣ;
– Укёнуси Яхбастаи Шимолӣ – 13,1 млн. км², миқдори обаш – 18,07 млн. км.кубӣ;
8. Халқият чист?
Ҷавоб: Одамоне, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунанд, бо як забон ҳарф мезананд ва маданияти умумӣ доранд, гурӯҳи устувори ташаккулёфтаи таърихиро ташкил мекунанд халқият ё миллат номида мешавад;
9. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Ҷавоб: Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 142,6 ҳазор км² буда, 93%-ро кӯҳҳо ва 7%-ро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Қариб 50%-и масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр (Балтика) ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини Тоҷикистон – Исмоили Сомонӣ мебошад, ки 7495 метр баландӣ дорад;
10. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон?
Ҷавоб: Дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км зиёд мебошад, шумораашон ба 947-то мерасад. Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон – 28 500 км мебошад. Яке аз дарёи дарозтарин ва серобтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ буда, 921 км дарозӣ, масоҳати обғундориаш (ҳавзааш) – 114 ҳазор км² мебошад;
11. Нуқтаҳои канории Тоҷикистонро номбар кунед?
Ҷавоб:
– Аз тарафи Шимол қаторкӯҳи Қурама;
– Аз тарафи Ҷануб соҳили дарёи Панҷ;
– Аз тарфи Ғарб қатокӯҳи Зарафшон;
– Аз тарафи Шарқ қаторкӯҳи Сарикӯл;
12. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чи қадар аст?
Ҷавоб: Аҳолии Ҷумҳирии Тоҷикистон зиёда аз 9,6 млн. нафар мебошад;
13. Қуллаи баландтарини ҷаҳон чӣ ном дорад ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
Ҷавоб: Қуллаи балантарини ҷаҳон номаш – Ҷомолунгма (Эверест) баландиаш – 8848 метр дар кӯҳҳои Ҳимлолой (Непал ва Хитой) ҷойгир шудааст;
14. Ҷои пасттарини ҷаҳон аз сатҳи баҳр куҷост ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
Ҷавоб: Ҷои пасттарини ҷаҳон аз сатҳи баҳр баҳри Мурда мебошад аз сатҳи баҳр – 405 метр паст мебошад, дар сарҳади давлатҳои (Фаластин, Исроил, Иордания) ҷойгир шудааст;
15. Ҳамвории калонтарини ҷаҳон кадом аст?
Ҷавоб: Ҳамвории калонтарини ҷаҳон Сибири Ғарбӣ буда, масоҳаташ қариб – 3 млн. км² мебошад ва дар Русия ҷойгир шудааст;
16. Биёбони калонтарини ҷаҳон кадом аст?
Ҷавоб: Биёбони калонтарини ҷаҳон Саҳрои Кабир (Сахара) мебошад масоҳаташ – 8,6 млн. км², дар мамлакатҳои (Алҷазоир, Ливия, Миср, Судон, Мали, Тунис, Нигер, Марокаш) ҷойгир шудааст;
17. Кадом баҳрҳои рангаро медонед?
Ҷавоб: Дар кураи Замин чор баҳри ранга мебошад;
– Баҳри Сафед масоҳаташ – 90 ҳазор км², чуқуриаш – 340 метр мебошад;
– Баҳри Сиёҳ масоҳаташ – 422 ҳазор км², чуқуриаш – 2210 метр мебошад;
– Баҳри Сурх масоҳаташ – 450 ҳазор км², чуқуриаш – 3040 метр мебошад;
– Баҳри Зард масоҳаташ – 416 ҳазор км², чуқуриаш – 106 метр мебошад;
18. Баҳри калонтарини ҷаҳон кадом аст?
Ҷавоб: Баҳри калонтарин дар ҷаҳон баҳри Филиппин буда, масоҳаташ – 5 млн. 726 ҳазор км², чуқуриаш – 10265 метр мебошад;
19. Халиҷи калонтарини ҷаҳон кадом аст?
Ҷавоб: Халиҷи калонтарини ҷаҳон – Бангола (Ҳиндустон) буда, масоҳаташ – 2,1 млн. км² мебошад;
20. Гулугоҳи калонтарини ҷаҳон кадом аст?
Ҷавоб: Гулугоҳи калонтарини ҷаҳон гулугоҳи Дрейк (Амрикои Ҷанубӣ ва Антарктида) мебошад, ки паҳмиаш – 900 км. мебошад;
21. Гулугоҳи дарозтарини ҷаҳон кадом аст?
Ҷавоб: Гулугоҳи дарозтарини ҷаҳон гулугоҳи Малакко (Малайзия, Индонезия) буда, дарозиаш – 805 км. мебошад;
22. Кӯли чуқуртарини ҷаҳон?
Ҷавоб: Кӯли чуқуртарини ҷаҳон кӯли Байкал мебошад, маоҳаташ – 31 722 км², чуқуриаш – 1620 метр, миқдори обаш – 23 млн. 615 ҳазор км.кубӣ буда, дар Русия ҷойгир шудааст;
23. Ҷазира чист?
Ҷавоб: Пораи хурди хушкие, ки чор тарафашро об иҳота кардааст, ҷазира ном дорад. Ҷазираи калонтарин дар Ҷаҳон Гренландия буда, масоҳаташ – 2,1 млн. км² мебошад;
24. Нимҷазира чист?
Ҷавоб: Пораи хушкие, ки се тарафашро об иҳота кардааст нимҷазира ном дорад. Нимҷазираи калонтарин дар ҷаҳон нимҷазираи Арабистон буда, масоҳаташ 3 млн. км² мебошад;
25. Масоҳати Тоҷикистон ба чанд баробар аст?
Ҷавоб: Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 142,6 ҳаор км² мураббаъро ташкил медиҳад;
26. Миқёс чист?
Ҷавоб: Хурд карда нишон додани маҳалро дар рӯи қоғаз миқёс меноманд. Миқёс се намуд мешавад: ададӣ, хаттӣ ва номӣ;
27. Уфуқ чист?
Ҷавоб: Хатти ростеро, ки зоҳиран аз осмон ба Замин омада мерасад, уфуқ меноманд. Уфуқ чор тараф дорад: Шимол, Ҷануб, Ғарб ва Шарқ;
28. Глобус чист?
Ҷавоб: Модели курашаклии Заминро глобус меноманд. Аввалин бор глобусро олими немис дар асри XVI Мартим Бехайм ихтироъ кардааст;
29. Масоҳати кураи Замин чӣ қадар аст?
Ҷавоб: Масоҳати кураи Замин – 510 млн. км² буда, аз ин миқдор 361 млн. км² – ро об ва 149 млн. км² -ро хушкӣ ташкил медиҳад. Агар инро мо ба фоиз (%) гардонем: 71%-ро об ва 29%-ро хушкӣ ташкил медиҳад;
30. Геосфера чист?
Ҷавоб: Геосфера аз калимаи юнонӣ гео-«замин» сфера-«кура» мебошад. Геосфера аз қабатҳои зерин иборат аст: атмосфера, биосфера, гидросфера, литосфера, мантия ва ядро;
31. Гейзер чист?
Ҷавоб: Гейзер аз калимаи испанӣ гирифта шуда, маънояш «фавора задан» мебошад. Гейзери калонтарин дар ҷахон Векликан дар нимҷазираи Камчатка ҷойгир буда баландиаш 50 метр мебошад;
32. Релеф чист?
Ҷавоб: Ноҳамвориҳои сатҳи Заминро релеф меноманд. Релеф аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, маънояш «ноҳамвор» мебошад;
33. Кӯҳ чист?
Ҷавоб: Барҷастагии хушкие, ки баландиаш аз 200 метр зиёд буда, дорои қулла, нишебӣ ва доманаҳо аст, кӯҳ номида мешавад;
34. Кӯл чист?
Ҷавоб: Чуқурии табииеро, ки дар он миқдори зиёди об ҷамъ шудааст, кӯл меноманд. Кӯли калонтарин дар ҷаҳон кӯли Каспий (Хазар) буда, масоҳаташ 396 ҳазор км² мебошад;
35. Атмосфера чист?
Ҷавоб: Атмосфера (калимаи юнони буда «атмос»-буғ, газ «сфера»-курра мебошад) табақаи ҳавоест, ки Заминро иҳота кардааст;
36. Бод чист?
Ҷавоб: Ҳаракати уфуқии ҳаворо бод меноманд;
37. Иқлим чист?
Ҷавоб: Режими бисёрсолаи обу ҳавое, ки ба ягон маҳал хос аст иқлим ном дорад;
38. Тоҷикистон аз тарафи шимол бо кадом давлат дар масофаи чанд километр ҳамасарҳад аст?
Ҷавоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Шимол бо Қирғизистон ба масофаи 630 км ҳамсарҳад мебошад;
39. Чанд фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд?
Ҷавоб: 93%-и масоҳати Ҷумҳурии Тоҷкистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд;
40. Тоҷикистон аз ҷиҳати маъмурию сиёсӣ чӣ гуна тақсим шудааст?
Ҷавоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати маъмурию сиёсӣ ба ду вилоят як вилояти худмухтор ва ноҳияҳои тобеи ҷуҳурӣ тақсим мешавад;
41. Баландии мутлақи Тоҷикистон кадом баландиҳоро дар бар бар мегирад?
Ҷавоб: Баландии мутлақи Тоҷикистон аз 300 то 7495 метрро дарбар мегирад;
42. Водии Зарафшонро кадом қаторкӯҳҳо иҳота кардаанд?
Ҷавоб: Водии Зарафшонро қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон иҳота кардаанд;
43. Води Фарғонаи Тоҷикистонро кадом қаторкуҳҳо ҷудо мекунад?
Ҷавоб: Водии Фарғонаи Тоҷикистон қаторкӯҳҳои Туркистону Қурама ҷудо мекунанд;
44. Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар кадом қаторкӯҳ ҷойгир аст ва чӣ қадар баландӣ дорад?
Ҷавоб: Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар қаторкӯҳи Академияи Илмҳо ҷойгир шудааст, баландиаш – 7495 метр мебошад;
45. Нуқтаи хунуктарини Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Нуқтаи хунуктарини Тоҷикистон Помири Шарқӣ (Булункӯл) моҳи январ -51 С мебошад;
46. Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон ноҳияи Шаҳритус деҳаи (Айваҷ) моҳи июл +48 С мебошад;
47. Нуқтаи сербориштарини Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Нуқтаи сербориштарини Тоҷикистон қисми ғарбии қаторкуҳҳои Ҳисор деҳаи (Гускеф) дар як сол аз 1600 то 1800 мм. бориш мешавад;
48. Чанд фоизи масоҳати ҷумҳурӣ дар баландии 3000 м воқеъ гаштааст?
Ҷавоб: 50%-и масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 3000 метр воқеъ гаштааст;
49. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи чанд км тул кашидааст?
Ҷавоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи 750-км тӯл кашидааст.
50. Дар Тоҷикистон чанд минтақаи табииро ҷудо мекунанд?
Ҷавоб: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-минтақаи табииро ҷудо мекунанд:
– Тоҷикистони Шимолӣ (вилояти Суғд);
– Зарафшон (н. Айни, Зафаробод ва Панҷакент);
– Тоҷикистони Ҷанубӣ-ғарбӣ (вилояти Хатлон як қисмати НТМ);
– Қаротегин-Дарвоз (Ноҳияҳои тобеи марказ);
– Помир (ВМК Бадахшон);
51. Ҷои камбориштарини Тоҷикистон кадом қисм аст?
Ҷавоб: Ҷои камбориштарини Тоҷикистон Помири Шарқӣ мебошад, ки дар як сол аз 50 то 70 мм. бориш мешавад;
52. Дар Тоҷикистон зиёда аз чанд қаторкӯҳ ҷойгир шудааст?
Ҷавоб: Дар Тоҷикистон зиёда аз 32-қаторкӯҳ ҷойгир шудааст, ки дарозтарини онҳо қаторқӯҳи Зарафшон буда, дарозиаш 250 км мебошад;
53. Дарёи дарозтарини Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Дарёи дарозтарин ва калонтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ буда, дарозиаш – 921 км масоҳати ҳавзааш – 114 ҳазор км мураббаъ мебошад;
54. Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба чанд ҳавза таалуқ доранд?
Ҷавоб: Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба се ҳавза таалуқ доранд:
– Ҳавзаи Амӯ;
– Ҳавзаи Сир;
– Ҳавзаи Зарафшон;
55. Ноҳияи маъмурии калонтарини Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Ноҳияи маъмурии калонтарини Тоҷикистон ноҳияи Мурғоб мебошад, ки масоҳаташ – 38 ҳазору 500 км мураббаъро ташкил медиҳад;
56. Нуқтаи пастарини Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Нуқтаи пастарини Тоҷикистон Депрессияи тоҷик (Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ) аз сатҳи баҳр (Балтика) – 300 метр баланд мебошад;
57. Дарозии сарҳади Тоҷикистон чи қадар аст?
Ҷавоб: Дарозии сарҳади Тоҷикистон ба 3000 км мерасад;
58. Баҳр чист ва намудҳои баҳрҳо.
Ҷавоб: Қисми оби уқёнус, ки дорои хосиятҳои химиявию физикӣ ба худ хос буда, аз ин ҷиҳат аз обҳои ҳамсоя то андозае фарқ мекунад, баҳр номида мешавад. Мувофиқи тақсимоти олим Шокалский баҳрҳо канорӣ, дохилӣ ва байни ҷазиравӣ мешаванд.
– Баҳрҳои канорӣ дар материкҳо ҷойгир буда тунукобанд (то 200 м). Ба онҳо мисол мешаванд: баҳрҳои ҳавзаи Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ;
– Баҳрҳои дохилӣ дар навбати худ боз ду хел мешаванд: материкӣ ва байни материкӣ.
а) Дохили материкӣ баҳрҳоеанд, ки дар дохили материк чуқур ҷойгир шуда, асосан то 2430 метр. чуқурӣ доранд. Масалан, баҳри Сиёҳ;
б) Баҳрҳои байни материкӣ дар байни ду материк ҷойгиранд. Онҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд ва одатан аз 2430 м. чуқуртаранд, яъне ҳавзаи онҳо асоси уқёнусҳоро бурида мегузарад. Мисоли ин баҳр баҳри Миёназамин мебошад;
– Баҳрҳои байни ҷазиравӣ дар байни ҷазираҳо ҷойгиранд. Мисол баҳри Фиджи, баҳрҳои байниҷазиравии Зонду Филиппин. Мувофиқи маълумотҳои олимон дар ҷаҳон 67 баҳр мавҷуд мебошад. Масоҳати умумии баҳрҳо ба 18 % масоҳати уқёнус баробар буда, ҳаҷми оби баҳрҳо 10%-и ҳаҷми оби уқёнусро ташкил мекунад;
Баҳри Мармар (Туркия) хурдтарин баҳр дар ҷаҳон буда, масоҳаташ – 12 000 км², дарозиаш – 280 км, паҳмиаш – 80 км, чуқуриаш – 1389 метр буда, ҳаҷми обаш- 4000 м.кубӣ мебошад. Баҳр дар натиҷаи шикастани қабатҳои қишри замин пайдо шуда, қитъаи Осиё, Аврупо ва Африқоро аз ҳам ҷудо мекунад. Баҳр дар байни роҳи рафтуомади баҳри Сиёҳ ва баҳри Миёназамин ҷойгир аст.
Баҳри Азов чуқуриаш 8 метр дар баъзе ҷойҳо то 15 метр мебошад. Масоҳати баҳри Азов – 39 000 км² буда, ҳаҷми обаш – 320 км.кубӣ мебошад. Дар тобистон сатҳи об +25-28С соҳилаш то +31С гарм мешавад;
Баҳри Мурда баҳри аз ҳама шӯртарин дар Ҷаҳон мебошад, ки шурии он аз дигар баҳрҳо 8-9 маротиба зиёд аст. Шурии миёнаи баҳри Мурда 270 промилле буда, дар баъзе солҳо то 310 промилле мерасад. Ин маънои онро дорад, ки дар як литр оби баҳри Мурда 270-310 грамм намак мавҷуд аст. Ҳавзаи баҳр маҳдуд буда, ягон дарё ҷорӣ намешавад ва ё ягон дарё ба хушкӣ намебарояд. Дарозии баҳр – 76 км, паҳмиаш – 4,5 то 17 км, масоҳати баҳр – 1050 км², чуқуриаш дар қисми шимол то 356 метр ва дар қисми ҷанубиаш 4-5 метр мебошад;
Баҳри Сурх гармтарин баҳр дар ҷаҳон мебошад, ҳарорати миёнаи он дар моҳи феврал +18 С аст, дар шимол +25-26,50С, дар ҷануб мебошад. Сатҳи об дар тобистон то ба +32С ва соҳилҳояш то ба +36С мерасад. Дарозии баҳри Сурх – 1932 км буда, паҳмии он 305 км, ҳаҷми баҳр – 251 000 км.кубӣ мебошад;
Баҳри Сибири Шарқӣ ва Бофорт хунуктарин баҳр дар ҷаҳон мебошанд ва дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ҷойгир шудаанд;
59. Халиҷҳо.
Ҷавоб: Халиҷҳо – қисми уқёнуси ҷаҳонианд, ки ба воситаи тарҳи соҳилҳо аз уқёнус ҷудо шуда, аз ҷиҳати хосиятҳои физикию химиявиаш аз оби уқёнус фарқ намекунанд. Халиҷҳои калонтарини уқёнуси ҷаҳонӣ Бангола Бискай, Гвинея Мексика Гудзон ва дигарҳоянд;
60. Гулӯгоҳҳо.
Ҷавоб: Гулӯгоҳҳо – тасмаи тунуки обианд, ки қисми уқёнусро ба ҳам пайваста, ду қисми хушкиро аз ҳам ҷудо мекунанд. Гулӯгоҳи аз ҳама васеъ (900 км) ва чуқурӣ (5248 м.) гулўгоҳи Дрейк буда, гулӯўгоҳи аз ҳама дароз – Мозамбик (1670 км) мебошад.


2 комментарии

  • ячизак, 11.04.2021 @ 19:55 Reply

    саволхоятон хело шавковар агар илочаш бошад хаминхел саволхоя тест када мебуровардед аз ин хам зур мешуд

  • Аноним, 28.04.2021 @ 11:15 Reply

    беҳтарин

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.