Нақша:

1. Заминаҳои таърихии бунёди МОИ дар ҶТ.
2. Заминаҳои сиёсии бунёди МОИ дар ҶТ.
3. Заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва демографии бунёди МОИ дар ҶТ.
4. Заминаҳои табиию экологии бунёдии МОИ дар ҶТ
5. Заминаҳои инфрасохтории бунёдии МОИ дар ҶТ.
6. Заминаҳои ташкилию ҳуқуқии бунёдии МОИ дар ҶТ.

1. Заминаҳои таърихии бунёди МОИ дар ҶТ.
Бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасодуфӣ нест. Ин иқдом ба як қатор заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инфрасохторӣ, экологию табиӣ, заминаҳои таърихӣ, хусусиятҳои анъанавию миллӣ, инчунин бунёди пояи ҳуқуқию ташкилӣ дар кишвар асос меёбад.
Заминаҳо – маҷмӯи шароитҳое мебошанд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ муҳайё гашта, барои фаъолияти самарбахши тиҷоратию истеҳсолии онҳо мусоидат менамоянд. Аз ҷумлаи ингуна шароитҳо бояд сараввал инҳоро хотиррасон намуд:
– вазъи сиёсии мамлакат, ки бо он робитаҳои бурунмарзӣ ва иқлими мусоиди сармоягузорӣ дар иртиботи қавӣ қарор доранд;
– кафолати ҳуқуқии сармоя ва сармоягузорони хориҷие, ки бо қонунгузории мустаҳкам ва риояи қонунҳо амалӣ мегардад;
– мавҷудияти инфрасохтори замонавӣ;
– муҳити ҷуғрофию табиӣ ва экологӣ;
– вазъи иқтисодии мусоид барои истеҳсолот ва соҳибкорӣ;
– имтиёзу имкониятҳои барои хориҷиён пешкашшаванда.
Ин гуна шароиту омилҳо аз ҷониби сармоягузорони хориҷие, ки нияти ҳамкорӣ намудан доранд, ҳаматарафа васеъ омӯхта мешаванд.
Дар ин ҷо ба чанде аз заминаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда дар бахши бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ишора мешавад. 
Таърихан мардуми Тоҷикистон анъанаҳои миллиро вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, тиҷорат дастгирӣ намуда, дар ин самт далелҳои таърихиро дорост. Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки тахминан 3700 сол қабл ба вуҷуд омада, бо он корвонҳо бешумор аз сарзамини тоҷикон роҳ тай менамуданд, намунаи таърихии рушди ҳамкориҳои тиҷоратиест, ки дар кишвар ҷой дошт. Шоҳроҳи тиҷоратии Абрешим, ки як қисмаш аз қаламрави Тоҷикистон мегузашт, мардуми кишварро ба фаъолияти тиҷоратию ҳамкорӣ ҷалб менамуд. Бо амри сарнавишт чиниён асосан то шаҳрҳои Тоҷикистони таърихӣ абрешиму шоҳивории худро бо маводи маҳаллӣ иваз намуда, ба ватан бармегаштанд ва тоҷирони тоҷику дигар халқҳои он замон тиҷоратро бо мамолики хориҷ тавассути ин шоҳроҳ анҷом медоданд. Шоҳроҳ дар таърих бар асари ҷангҳои харобиовари Искандари Макдунӣ, юришҳои хилофат, қатлу ғоратгариҳои Чингизиён чандин карат хароб гашта бошад ҳам, бо мурури замон ва иродаи неки одамони наҷиб баргашта эҳё мегардид. Дар аҳди Сомониёни бузург, ки бо кӯшишҳои бевоситаи доҳии мардуми тоҷик Исмоили Сомонӣ бо шарофати сиёсати сулҳу осоиши қавӣ, ҳамкориҳои байналмилалии ӯ Шоҳроҳи Абрешим таҷдиди тоза ёфта буд. Сайри корвонҳо аз Шарқ ба Ғарбу аз Ғарб ба Шарқ барқарор гашта, ҳамкориҳои тиҷоратӣ аз соҳилҳои уқёнуси Ором ба Осиёи Марказӣ ва Аврупо пайванд шуда буданд. Ҳамкориҳои берунаи таърихӣ на танҳо дар шакли хариду фурӯш, балки дигар воситаю усулҳоро дар бар мегирифтанд: дар бахши истеҳсолот, муошират, мубодилаи мол, муомилоти пулӣ, таҷрибаомӯзӣ, хизматрасонии илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра. Таърих собит месозад, ки саҳми халқҳои ориёӣ, аз он ҷумла Суғду Бохтар, Хоразм ва Порт дар паҳншавии ҳунарҳои халқҳои ҳамсоя бениҳоят калон аст, бозёфтҳои бостонӣ ҳанӯз дар давраи сангиву биринҷӣ дар ҳудуди Моварои Ому, бахусус давраи неолитии бо ном маданияти Ҳисор, ки мувофиқи ҳисоби бостоншиносон санаи он 5150 сол то милод муайян шудааст, асбобу абзори қайроқсангии Ҳисор, Тутқавул, Фарғона, Данғара, Помири Ғарбӣ, силсилакӯҳҳои Қурама, соҳили Зарафшон далели он мебошанд, ки ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик то давраи бунёди Роҳи Абрешим вуҷуд доштанд. Осори кандакорию наққошӣ, кулолгарию мисгарӣ ва чӯбкорӣ дар кулли Шарқу Ғарб паҳн гашта буданд. 
Дар замони мо эҳёи навини шоҳроҳҳо бо сохта шудани роҳи Кулма-Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе-Анзоб-Хуҷанд-Исфара эҳёи Шоҳроҳи Абрешим дар пояи анъанаҳои таърихӣ буда, бунёди сохторҳои нави тиҷоратию ҳамкориро дар шакли минтақаҳои озоди иқтисодӣ заминагузорӣ менамояд, барои истифода аз комёбӣ, таҷриба ва неъматҳои миллатҳои ҳамсоя шароит муҳайё менамояд. 
2. Заминаҳои сиёсии бунёди МОИ дар ҶТ
Ташаккули давлатдории соҳибихтиёр дар Тоҷикистон имкониятҳои беназирро дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам овард.
Соҳибистиқлолии давлатӣ – заминаи муҳимтарини сиёсӣ барои рушди умуман ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон ва бахусус дар бахши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби самараноки сармояи хориҷӣ мебошад.
Соҳибихтиёрии давлатии миллӣ, истиқрори сулҳ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати ҷумҳурӣ қабул ва мавриди қарор гирифтани силсилаи фармону қарорҳои барои пешрафти иқтисодиёт муҳим, таҳия ва ҷорӣ намудани як қатор барномаҳои дарозмуддати рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва соҳаҳои алоҳидаи он барои ташаббусҳои нав дар бахши робитаҳои берунаи иқтисодӣ ва ҳамкориҳои пурсамар шароити мусоид ба миён меоранд.
Дар ин қатор таъсиси Парлумони дупалатагӣ, бунёди қонунгузории миллӣ ва ҷараёни пурсамари қонунэҷодкунӣ, қабул ва мавриди амал қарор дода шудани як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодии кишварро ба танзим медароранд, низ омили муҳими сиёсию иқтисодӣ ба шумор мераванд.
Соҳибистиқлолӣ – заминаи асосии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ ва сохторҳои нави иқтисодию ташкилӣ дар дохили он мебошад. Иқтисоди миллӣ маҳз ба давлати миллии мустақил хос буда, чун хоҷагии бисёрзинаи мамлакат танҳо дар шароити истиқлолияти давлатии кишвар метавонад арзи вуҷуд намояд. 
Дар аҳди шӯравӣ Тоҷикистон, гарчанде ки зоҳиран «Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии мустақил дар ҳайати ҷумҳуриҳои иттифоқӣ» ном гирифта бошад ҳам, ба иқтисоди миллии худ соҳиб набуд, зеро иқтисодиёти он узви ҷудонашавандаи иқтисоди миллии ИҶШС буда, асосан ба манфиатҳои умумииттифоқӣ нигарон буд. Мантиқан як иқтисоди миллӣ дар дохили иқтисоди миллии дигар ҷой дошта наметавонад. Бинобар ин дар Точикистон, ҳамчунон дар дигар давлатҳои собиқи шӯравӣ, иқтисодиёти воқеии миллӣ пас аз оғози соҳибистиқлолии давлатӣ ба вуқӯъ пайваст.
Истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои беназирро барои шукуфонии кишвар, эҳёи тамаддуни миллӣ, рушди оқилонаву пурсамари иқтисодиву иҷтимоӣ ба миён меоварад. Ин имконияти соҳибихтиёрии комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар, мустақилона пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии мамлакат мебошад.
Иқтисоди миллӣ манбаи дастовардҳои моддии мамлакати миллӣ, ифодакунандаи манфиатҳои моддиву маънавии миллат буда, бояд чун арзиши бузурги миллӣ арзёбӣ гардад. 
Рушди иқтисодиёти миллии ба иҷтимоиёт нигаронидашуда, пайдо шудани муҳити соҳибкорӣ, дарк намудани зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои инкишоф дар соҳаи истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ба амал баровардани чорабиниҳои бузурги давлатӣ дар бахши беҳсозии вазъи иҷтимоӣ дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои стратегии рушди иқтисодӣ барои давраи дарозмуддат аз гурӯҳи заминаҳои назаррас мебошанд.
Ноилшавӣ ба вазъи устувори макроиқтисодӣ, густаришёбии ммуносибатҳои бозорӣ дар пояи ҳуқуқӣ, амалӣ гаштани силсилаи қонунҳо вобаста ба беҳсозии муҳит ва рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии соҳибкорӣ”,”Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ”, “Дар бораи сармоягузорӣ”,”Дар бораи танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои объектҳои соҳибкории хурду миёна” (июли с.2008) омилҳои боэтимоди рушди соҳибкорӣ ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ мебошанд.
3. Заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва демографии бунёди МОИ дар ҶТ.
Таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҷузъи ислоҳоти иқтисодӣ ва пойдор намудани муносибатҳои бозорӣ дар кишвар мебошад.
Заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ – ташаккул ёфтани иқтисоди милли давлати соҳибистиқлол, ғайридавлатикунонӣ ва ҳусусигардонии моликияти давлатӣ ва, дар ин асос, пойдор гаштани бахши хусусии иқтисодиёт – ташаккулёбии хоҷагидории ба гуногунмоликиятӣ ва рақобати бозорӣ асосёфта омили муҳими дигаргунсозиҳои сохторӣ ба шумор мераванд. 
Тағйироти мусбӣ дар ташкили системаи самарабахши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо заминаи муҳими иқтисодӣ ба шумор меравад. Имрӯз беш аз 130 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ расман шинохта, зиёда аз 95 мамлакат бо кишвари мо робитаҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ барқарор намудаанд. Воридшавии тадриҷии Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гумрукӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар, узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Иттиҳоди иқтисодии Европаю Осиё (ЕврАзЭС), Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ва ғайра аз ҷумлаи омили назаррас дар ин самт мебошад. Аз соли 2001 Тоҷикистон ба сифати кишвари нозир дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо эътироф гардидааст. 
Созмондиҳии ҳамкориҳо имконияти воқеии таъмини рушди робитаҳои иқтисодии хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, омили афзооиши муомилоти савдои хориҷӣ гардидааст. Асоси муҳими таҷдиди иқтисод ва таҳкими иқтидори содиротии он дар радифи суръати баланди рушди иқтисодӣ ва дигаргуниҳои институтсионалӣ манбаҳои афзалиятноки табиии рақобатноки Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои самараноки рушд дар соҳаҳои энергетика, металлургияи ранга, саноати сабук, сектори аграрӣ ва туризм мегардад. 
Чуноне, ки аз маълумотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва вазъи молияи давлатӣ дар мамлакат солҳои охир рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаанд. Масалан, соли 2008 ба душвориҳои вуҷуддошта нигоҳ накарда иқтисодиёти мамлакат тибқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва раванди ислоҳоти пешгирифта ба нишондиҳандаҳои рушди устувори макроиқтисодӣ ноил гаштааст. Натиҷаҳои бадастомадаи ин сол гувоҳи он аст, ки татбиқи амалии Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2015, Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва барномаҳои соҳавӣ ба рушди бонизоми иқтисоди миллӣ заминаҳои воқеӣ гузошт. 
Самтҳои асосии стратегии сиёсати иқтисодии давлат барои ояндаи миёнамӯҳлат, ки таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва раҳоиро аз бунбасти коммуникатсионӣ пешбинӣ менамояд, дар амалияи сохторҳои идоракунии давлатӣ таҷассум меёбанд. 
Суръати афзоиши (нисбат ба соли гузашта,%) маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷумҳурӣ сол ба сол чунин сурат гирифтааст:

Солҳо

2010201120122013201420152016
Бо ҳисоби %106,5107,4107,5107,4106,7106,0

106,9

Дар айни ҳол як нуқтаро бояд ба назар гирифт, ки қисми зиёди одамон ба хадамоти шуғли аҳолӣ муроҷиат намекунанд ва худро ҳамчун бекор ба қайд намегиранд, зеро кӯмакпулии ба бекорон додашаванда ниҳоят ночиз аст. Инчунин худи хадамоти шуғли аҳолӣ барои андешидани чораҳои фаъоли бо кор таъмин кардан имкониятҳои хуби молиявӣ надорад.
Ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо мақсади бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни Федератсияи Русия ба имзо расиданд. Сол аз сол воридоти маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ба воситаи муассисаҳои бонкӣ зиёд мегардад. Маблағҳои воридшуда дар ҳолати ҷалб намудан ба соҳаи соҳибкории хурд ва миёна метавонад дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад.
Барои давлатҳои хориҷии истифодабарандаи қувваи корӣ ҳам кадрҳои коргарии дорои тахассуси паст ва ҳам тахассуси баланд лозим аст. Бо назардошти он ки меҳнати коргарони тахассуси баланддошта бо маоши баланд пардохт карда мешавад, бояд ба масъалаи тайёр намудани ин қабил коргарон зимни ба назар гирифтани талаботи ин давлатҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
То имрӯз бо назардошти танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ зиёда аз 40 лоиҳаи созишномаҳо, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қисми зиёди онҳо қабул карда шуданд. Инчунин бо мақсади беҳтар шудани вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар минтақаҳои Федератсияи Русия:
– Меморандиум байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вилоятҳои Оренбург ва кишвари Краснодари Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ;
– Барнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расидааст.
Дар Федератсияи Русия намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ таъсис дода шуд, ки ӯ ҳамкориро бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, хусусан Хадамоти федералии муҳоҷират нисбати ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурие, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд, хусусан аз қабулгоҳҳои махсуси ВКД Федератсияи Русия озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра зич ба роҳ мондааст.
Мутаассифона, қисмати асосии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон бо айби корфармоён аз доираҳои ҳуқуқӣ берун мондаву аз сабаби воридшавии ғайриқонунӣ аз кафолатҳои иҷтимоӣ бебаҳраанд. Дар чунин ҳолатҳо онҳо ба зери таъсири сохторҳои ҷиноятӣ меафтанд. Таъсис додани Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ яке аз иқдомҳои навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар роҳи соддагардонии тартиботи давлатӣ дар равандҳои муҳоҷират мебошад.
Заминаҳо дар бахши тайёр намудани кадрҳо. Ҳоло дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз рӯи 152 ихтисос мутахассисони таҳсилоти олидошта тайёр карда мешаванд ва зарурати аз рӯи 127 ихтисос дар хориҷи кишвар тайёр намудани кадрҳои таҳсилоти олӣ ба миён омадааст. 
4. Заминаҳои табиию экологии бунёдии МОИ дар ҶТ
Заминаҳои табиӣ. Ба инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон, ҷалб наамудани сармоягузорони беруна ба минтақаҳои озоди таъсисёбанда захираҳои табиӣ, истеҳсолӣ ва нерӯи инсонии кишвар заминагузорӣ мекунанд. Аз ҷумлаи захираҳои табиӣ ду нишондиҳанда – зиёд будани имконияти истеҳсоли нерӯи фаровони энергетикӣ ва захираҳои биоиқлимӣ, ки аҳамияти ҳам иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам экологӣ доранд, назаррас мебошанд.
Захираҳои нерӯи барқи обӣ ба ҳар як воҳиди истеҳсулкунандаи гармӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба захираҳои нафту гази Ӯзбекистону Қазоқистон 1,3 маротиба арзонтар аст. Дар мавриди самарабахши экологӣ оид ба афзалияти захираҳои обӣ ва энергетикии Тоҷикистон ҳоҷати исбот нест, зеро онро аксари кишварҳо эътироф намудаанд. 
Тоҷикистон дорои захираҳои нодири энергетикӣ буда, иқтидори умумии захираҳои барқии обии он аз ҷониби коршиносон ба миқдори 527 млрд. кВт/с дар як сол арзёбӣ гардидааст, ки аз он истеҳсоли беш аз 230 млрд. кВт/с аз нигоҳи техникӣ айни замон имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ ба мақсад мувофиқанд. Қариб 4 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз нигоҳи иқтисодӣ самараноки кураи замин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Аз рӯи захираи умумии гидроэнергетикӣ ҷумҳурӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, аз рӯйи нишондиҳандаи қиёсии иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ (87,7 ҳаз. кВт/с дар сол/одам) ҷойи дуюм, аз рӯи иқтидорҳои захиравии нерӯи барқ ба ҳар як километри мураббаъи масоҳат (3682,7 ҳаз. кВс дар сол/км2) ҷои аввалро ишғол мекунад. 
Нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳама арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза метавонад иқтидори содиротии кишварро тақвият диҳад. Дар бахши захираҳои обӣ ба ҳисоби миёна ҷараёни солонаи дарёҳое, ки дар қаламрави кишвар ташаккул меёбанд, наздик 56 км мукааб ё 45 фоизи ҷараёни дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкилёбандаро ташкил медиҳанд. 
Ҷумҳурӣ кони нодири захираҳои канданиҳои фоиданок ба ҳисоб меравад: қариб 400 кон ва бештар аз 50 намуди канданиҳои фоиданок кашф ва барои баҳрабардорӣ омода гардидаанд; танҳо захираи нуқра дар ҳаҷми 50 ҳазор тонна пешбинӣ мешавад, дар ҳаҷми зиёд захираҳои сангҳои қиматбаҳо ва нодир, ангиштсанг ва ғайра мавҷуданд. Дар қишрҳои замини Тоҷикистон аз гузашта конҳои сурб, руҳ, тилло, лоҷувард ва ғайра маълуманд. Корҳои зиёди геологию ҷустуҷӯӣ ва илмию тадқиқотӣ, ки солҳои охир анҷом дода шуданд, наздик 300 кони дорои 70 намуди канданиҳои фоиданоки маъданӣ ва ғайримаъданиро ошкор сохтанд, ки дар заминаи онҳо метавонанд корхонаҳои металлургияи ранга, ангиштсанг, истеҳсоли нафт, газ, саноати химиявӣ, ҷавоҳирот ва саноати истеҳсоли маводи сохтмонӣ фаъолият кунанд. 
Аз рӯи захираҳои металлҳои ранга Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ метавонад молҳоеро пешниҳод кунад, ки таркибашон дорои нуқра, сурб, руҳ, бисмут, сурма, симоб, қалъагӣ ва ғайра мебошанд. Аз рӯи ҳаҷми шпати плавик, ки дар саноати металлургӣ ва химиявӣ истифода мешавад, ҷумҳурӣ дар байни давлатҳои ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ 28 кони тилло кашф шудааст, ки ҳаҷми умумии захираҳои онҳо 430 тонна тиллоро ташкил медиҳад. Кишвар таърихан бо сангҳои ҷавоҳиротӣ ва ороишӣ машҳур аст. Аз қадимулайём коркарди кони Кӯҳилаъл, Бирӯзакон (кони Фирӯза), Лоҷуварддара оғоз гардидааст. Чунин конҳои сангҳои ҷавоҳиротӣ ба мисли «Лаъли Бадахшон» дар ИДМ конҳои беназир ва ягона ба ҳисоб мераванд. Клиногумит, форстерит сканолит арзиши зиёд доранд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистони марказӣ конҳои ояндадор ва дорои сангҳои ҷавоҳиротии аз ҳад зиёди нилум (лаъли кабуд), мориона, раухтопаз (забарҷад), булӯри кӯҳӣ, (кварта), сангҳои нодир – негматитҳо (сангҳои моҳтобӣ, забарҷад, рубеллита, турмалини нимахромӣ, аквамарина), ақиқи сурх (алмандина) ва ёқут (лаъл) мавҷуданд. 
Намунаи машҳури санги ҷавоҳиротии Тоҷикистони шимолӣ фирӯза ба ҳисоб меравад. Номгӯи сангҳои ҷавоҳиротию ороишие, ки дар ҳаҷми калон метавонанд ба хориҷа содир шаванд, хело васеъ буда, инҳоро дар бар мегиранд: лоҷувард, яшмӣ, серпентинитҳо ва офиокалситҳо, флюорит, сердолик, содалит, арагонит, обсидиан, квартси аметистизатсияшуда, гипси селонит, мармари ранга ва ғайра. Сангҳои ба таври васеъ дар ҷумҳурӣ истифодашавандаи ороишию декоративии табиӣ ба мисли мармар, доломит, санги хоро, габбро, туфсанг, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Тоҷикистони шимолию марказӣ кашф шудаанд, метавонанд дар кишварҳои хориҷӣ талаботи афзалиятнок пайдо кунанд.
Дар пояи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли молҳои истеъмолии истифодаашон дарозмӯҳлат, саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ дорои иқтидорҳои назарраси содиротӣ буда, метавонанд дар доираи тахассуси минтақаҳои озод ҳамкорӣ намоянд. Заводи алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО) корхонаи асосии соҳаи металлургия ба ҳисоб меравад. 
Дар истеҳсолу содироти намудҳои гуногуни хизматрасониҳои байналмилалӣ, аз ҷумла саноати туристӣ, ҳамчун манбаи воридшавии воситаҳои асъорӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. 
Заминаҳо барои таъсис ва рушди минтақаҳои сайёҳию осоишгоҳӣ 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди туризм ва таъсиси минта-қаҳои махсуси сайёҳию осоишгоҳӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд. 
Захираҳои табиию фароғатӣ, мавзеъҳои тамошобобу хушманзара, мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ махсусиятҳои маҳсулоти миллии туристии ташаккулёфтаро муайян мекунанд, ки пешниҳоду фурӯши онҳо дар бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои туристӣ ҷалби сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон таъмин месозад.
Захираҳои туристӣ, ки маҷмӯи захираҳои экологӣ, табиию иқлимӣ, фарҳангию таърихӣ, солимгардонӣ ва захираҳои дигари истироҳатиро дар ҳудуди мамлакат дар бар мегиранд, захираҳое мебошанд, ки таваҷҷӯҳ ва талаботи гуногуни туристонро қонеъ мегардонад. Ин захираҳо аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ дошта, дастовардҳои миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. 
Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид туризм яке аз шаклҳои дилхоҳу фаъолияти одамон дониста шудааст, ки аз ҷониби ҳамаи ҳукуматҳо дастгирӣ карда мешавад. Муқаррароти Созишномаҳо дар масъалаи рушди туризм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, қабули Хартияи туризм ва Кодекси ахлоқии сайёҳ, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Ҷаҳонии Туризмӣ қабул шудааст – ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки барои инкишофи туризм поягузорӣ менамоянд. Мақомоти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 60 – ӯми асри гузашта чун муассисаҳои низоми туристию саёҳатии иттифоқҳои касаба таъсис ёфта, баъдтар ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба сайру саёҳати Тоҷикистон табдил шуда буданд. Ҳоло туризм ба соҳаи ояндадори иқтисоди миллӣ табдил ёфта, аҳамияти муҳими ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро касб намудааст. Шӯрои ҷумҳуриявӣ ооид ба сайру саёҳат дар таркиби худ даҳҳо базаҳои туристӣ ва сарпаноҳҳо, меҳмонхона, муассисаи нақлиёти автомобилӣ, шабакаи зиёди бюрои сайру саёҳат дорад. 
Инфраструктураи соҳаи туризм дар Тоҷикистон сол аз сол такмил ва инкишоф меёбад. Чунончи иморати шашошёнаи турбазаи «Варзоб», дар давраи шуравӣ сохта шуда буд, дорои 500 ҷой барои сайёҳон мебошад. Ин комплекси туристӣ, ки ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, павилон барои бачаҳо, каҳвахона ва дигар муасссисаҳои хӯроки омма дорад, худ як навъ дарвозаи олами саёҳат дар Тоҷиикстон мебошад. Ҳамчунин назаррабо дар назди базаи туристии «Баҳри Тоҷик», (барои қабули 300 нафар турист), базаҳои туристии «Искандаркӯл», «Ромит», «Марғузор», «Гулибодом», «Шаҳристон», сарпаноҳҳои туристии «Сари Хосор», «Кӯли кабуд», «Сафеддара» ҳоло фаъолият доранд. Туристони хоириҷиро бештар дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Панҷаккент қабул менамоянд.
Барои меҳмонони зиёде, ки аз давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур меоянд, ҷойҳои тамошобобу хушманзараи диёрамон дар Помиру Олой, аз қабили кӯлҳои Пейрон, Искандаркӯл, Баҳри Тоҷик, Шоҳроҳи Абрешим ва ёдгориҳои нодири таърихии онҳо мунтазиранд.
Саноати туристӣ маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгиршавӣ, нақлиёт, муассисаҳои хӯроки омма, тамошо, шиносоӣ, хизматрасонӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва воситаҳои таъиноти дигарро дар бар гирифта, барои амалӣ сохтани фаъолияти туризм мусоидат мекунад.
Аз ҷониби Тоҷиктуризм зиёда аз 30 хатти сайри ҷумҳуриявӣ ва байни ИДМ, инчунин беш аз 150 хатти саёҳат кушода шудаааст. Ҳоло туризми тиҷоратӣ густариш меёбад, чунончи рейсҳои ҳавопаймоииӣ рафту омадро бо як қатор давлатҳо – Хитой, Туркия, Эрон, Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Хиндустон ва ғайра.
Туризми байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар чунин шаклҳои афзалиятнок сурат мегирад:
– кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳию варзишӣ ва экологӣ;
– рафтинг, парланеризм, варзиши лижаронии кӯҳӣ;
– шикори байналмилалӣ;
– туризми таърихию маърифатӣ ва этникӣ;
– туризми дохилӣ, табобати санаторию курортӣ ва истироҳат.
Боғи миллии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 20 июни соли 1992 таъсис ёфта буд, ки масоҳати он ба 2600000 гектар баробар мебошад. Он дар қаламрави чор ноҳияи Бадахшон (Мурғоб, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ) ва як қисми ноҳияҳои Тавилдара ва Ҷиргатол ҷойгир буда, 18 % масоҳати кишварамонро дар бар мегирад. Ташкили Боғи миллӣ дар кишвар бо чунин масоҳати калон ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои сайёҳони хориҷӣ бениҳоят ҷалбкунанда буда, имкониятҳои калони рушди туризми экологиро ба миён меорад.
Боғи миллии Тоҷикистон яке аз баландтарин мавзеҳои ҷаҳон буда, дар он нодиртарин намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаи кӯҳсор ҳифз шудааст. Интихоби ҳудуди Боғи миллӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ ниҳоят мувофиқ буда, он дар мавзеи ба ҳам пайвастшавии қаторкӯҳҳои Тёншону Қароқурум ва Ҳиндукуш воқеъ аст. Дар оянда таъсиси боз якчанд боғҳои миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ аст, масалан мавзеҳои Искандаркул, дараи Камарови ноҳияи Рашт барои бунёди чунин боғҳо мувофиқ мебошанд.
Туризми варзишию кӯҳгардӣ ба ташкили пайраҳаҳои пиёдагард дар шароити кӯҳсор ба хотири истироҳати фаъол вобаста бошад, туризми кӯҳнавардӣ чун намуди ғайриоддии саёҳат ба баромадан ба қуллаҳои кӯҳӣ алоқаманд аст. 
Фаъолият дар соҳаи туризм дар Тоҷикистон ду намуди асосиро дар бар мегирад:
Якум, ташкили қабул ва хизматрасонӣ дар чорчӯбаи маърифатӣ, экологӣ, туризми варзишию кӯҳӣ, кӯҳнавардӣ, шикори байналхалқӣ, фиристодани туристон ба хориҷа ба мақсади истироҳат, таҳсил, муолиҷа, зиёрати динӣ ва тиҷорат;
Дуюм, ташкили чорабиниҳои оммавии туристию тандурустӣ, вахтхушӣ, махсусгардонидашуда ва дигар чорабиниҳое, ки бо туризм алоқаманданд.
Туризм фаъолияте мебошад, ки таҳти сиёсати давлатӣ қарор дошта, танзими давлатии он чунин ҳадафҳоро дар бар мегирад:
– таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат дар мавриди саёҳат;
– ҳифзи муҳити зист; 
– муайян намудани номгӯйи ҳарсолаи объектҳои табиӣ, таърихию маданӣ, аз он ҷумла ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандае, ки тамошои онҳо дар асоси квота доир мегардад;
– инкишофи саноати туристӣ;
– инкишофи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;
– истифодаи оқилонаи дастовардҳои табиӣ ва фарҳангӣ. 
Саноати муосири туристӣ, ки ба иқтидори нотакрори табиӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуногунии манзараҳо ва табиат, ки қодиранд ҳама гуна дархостҳои туристиро қонеъ созанд, асос ёфта, омили табии ҳамгироии мувофиқшавандаи туризм ба системаи робитаҳои хоҷагидории ҷаҳонӣ мебошад ва яке аз соҳаҳои ба таври мураттаб инкишофёбанда ва аз рӯи боздеҳ ба сармояи гузошташуда хеле самаранок аст.
Татбиқи комплексии маҳсулоти миллии туристӣ, ки ба рушди соҳаҳои бо туризм амехта (инфраструктураи нақлиёту алоқа, хизматрасонӣ, сохтмон, суғурта ва ғайраҳо) ва ҳавасмандсозии фаъолнокии инвеститсионӣ асос ёфтааст, рушди устувори шуғл, даромадҳои мамлакат ва аҳолиро таъмин менамояд.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ мушкилиҳои зиёди ҳалталаби рушди соҳаи туристӣ ҷой доранд. Як қатор омилҳои объективие мавҷуданд, ки ба барқароршавии соҳа монеъ мешаванд. Инҳо, пеш аз ҳама, менеҷменти заиф дар худи саноати туристӣ ва ҳам дар соҳаҳои бо он омехта, фарсудашавии фондҳои асосии дар иншооти инфраструктураи туристӣ мавҷудбуда, инчунин суст будани корҳои рекламавӣ дар дохилу хориҷи кишвар мебошанд.
То ҳанӯз масъалаҳои таъсири туризм ба амнияти миллӣ, дохилӣ ва иқтисодии мамлакат, инчунин таъмини бехатарии иқомати сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон баррасӣ нашудаанд.
Мақомоти давлатӣ оид ба омор туризм ҳамчун соҳаи мустақил ҷудо накардаанд. Вале корҳои такмили баҳисобгирии нишондиҳандаҳои туристӣ мувофиқи тавсияномаҳои Созмони Ҷаҳонии Туристӣ (СҶТ) сурат мегирифт.
Рушди соҳаи туристӣ мушкилиҳои зиёдеро дорад, яке аз муҳимтарини онҳо ин масъалаи маблағгузорӣ мебошад. Барои ҳалли ин муаммо тадбирҳои зерин зарур мебошанд:
– таъмини сатҳи мувофиқи менеҷменти давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин ҳамоҳангии дақиқи амалиёти ҳокимияти марказию маҳаллӣ;
– мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ;
– тарзи пешниҳоди самараноки маҳсулоти туристии тоҷик ба бозорҳои дохилию хориҷӣ;
– қабул кардани санадҳои зурурии меъёрию ҳуқуқӣ дар масъалаҳои сатмоягузорӣ ва андозбандӣ;
– минбаъд такмил додани расмиёти дохилшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон;
– ташаккули фазои иттилоотӣ дар соҳа.
Омили муҳими рушди туризм дар Тоҷикистон ин рушди туризми иҷтимоӣ, аз он ҷумла туризми бачагона мебошад, ки вай асоси татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳат ва яке аз омилҳои асосии рушди бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.
Таҳлили ҷараёни воридшавии сайёҳон аз рӯи мақсади ташрифи онҳо ба ҷумҳурӣ аз афзоиши муайяни ба истилоҳ туризм «конгрессию корӣ» гувоҳӣ медиҳад, ки ин аз рӯи дар кишвар баргузор намудани ҳар гуна конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва мулоқотҳо дар сатҳи олӣ намудор мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қарор дар бораи эълон намудани ноҳияҳои Варзобу Балҷувон ва дараи Ромит ҳамчун минтақаҳои табобатии санаторию беҳдоштӣ, истироҳатӣ ва туризм ба тадриҷан эҳё гардидани туризми дохилӣ мусоидат менамояд. Дар ҷумҳурӣ дар айни замон бештар аз 65% иншооти санаторию истироҳатӣ ва самти туристидошта барқарор гардида, қариб 35 минтақаҳои хусусӣ бунёд шудаанд, ки барои ташкили истироҳату табобати шаҳрвандони Тоҷикистон, шуғли аҳолӣ ва ҷалби сармоягузории ватанӣ дар инфраструктураи номбурда шароити воқеиро ба вуҷуд меорад.
Ба мисли пештара ташкили сафари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа ҳам барои истироҳату табобат ва ҳам ба мақсади тиҷорат ҳамчун яке аз намудҳои туризм баррасӣ мешавад. 
Таҳлили ҳолати инфраструктураи мавҷуда нишон медиҳад, ки бисёре аз меҳмонхонаҳо ва иншоотҳои туристӣ бинобар фарсудашавӣ ба сатҳи ногувор расидаанд. 
Тоҷикистон барои қабул ва хизматрасонии хориҷиён дорои се фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд мебошад.
Аз ғарб ва шарқ қаламрави Тоҷикистонро бештар аз 125 иншоотҳои туристӣ ва самти санаторию истироҳатӣ дошта, аз ҷумла 51 меҳмонхона, 9 санатория вуҷуд дошта, қисми боқимондаро минтақаҳои истироҳатӣ, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои туристӣ ва лагерҳои тандурустӣ ташкил медиҳанд. Аксари меҳмонхонаҳо (18) дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ҷойгиранд. 66 фоизи онҳо ба субъектҳои соҳибкории хурд ва танҳо чор меҳмонхона ба гурӯҳи ташкилотҳои калон тааллуқ доранд. 
Рушди туризм, бахусус таъсиси минтақаҳои махсуси туристӣ бе мавҷудияти роҳҳои замонавии мошингарди муяссар намешавад. Дар ин самт роҳҳои зерин манфиати бештар доранд:
Душанбе-Истаравшан-Сирдарё (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
Душанбе-Панҷакент-Самарқанд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
Душанбе-Турсунзода-Деҳнав (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
Хуҷанд-Конибодом-Қӯқанд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
Душанбе-Хоруғ-Ош (Ҷумҳурии Қиргизистон) ва Душанбе-Ҷиргатол;
Душанбе-Панҷи Поён (баромад ба Афғонистон);
Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма-шоҳроҳи Каракорум (баромад ба Ҷумҳурии Халқии Хитой);
Душанбе-Хоруғ-Ишкошим (баромад ба Афғонистон).
Таъсиси дар оянда минтақаҳои махсуси туристӣ бо ташкил намудани комплекси замонавии пурсамар ва рақобатпазири сайёҳӣ, қонеъ сохтани талаботи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар бахши хизматрасониҳои гуногуни туристӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодиву ҳуқуқии дастгирии соҳаи туристӣ, рушди сохторҳои муштарак дар бахши туризм вобаста аст. 
Бо дарназардошти зарурияти рушди минбаъдаи туризм ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, такмили системаи танзими давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар бахши фаъолияти туристӣ, барқарории инфраструктураи мавҷуда, ба ин мақсад ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ, фаъолсозии корҳои рекламавию таблиғотӣ, аз ҷумла хориҷа ба воситаи иштирок дар кори ярмаркаҳои байналмилалии туристӣ, конференсияҳо ва форумҳо, ташкил ва ҳифзи минтақаҳои ҷолиби табиию фароғатӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар доираи барномаи рушди туризм тадбирҳои зерин зарур мебошанд:
– такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои туризми дохилӣ ва байналмилалӣ, вобаста ба ин сода кардани расмиёти раводидӣ, назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ;
– такмили сифати хизматрасонии сайёҳон мутобиқи талаботи стандартизатсия, сертификатсия ва литсензиякунонии фаъолияти туристӣ;
– ба роҳ мондани низоми таълими мутахассисони баландпояи ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ дар соҳаи туризм;
– ҳамоҳангсозии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи туризм;
– таъмини ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои фарҳангию таърихӣ ва табиию фароғатӣ;
– инкишоф додани заминаи моддию техникии туризм, бунёди меҳмонхонаҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва комплекси хизматрасонӣ, марказҳои ҳунарҳои халқӣ;
– гузаронидани таҳлили маҷмӯии ҳолат ва дурнамои рушди бозори туристӣ барои ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ дар ин соҳа;
– таҳкими ҳамкориҳо бо Созмони Ҷаҳонии Туристӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи трансконтиненталии «Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим», инчунин бо дигар ташкилотҳои бонуфузи байнамилаӣ;
– иштироки мунтазам дар ярмаркаҳои муҳими байналмилалии туристӣ бо пешбинии баргузории чунин тадбирҳо дар ҷумҳурӣ.
Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мақолае бо унвони «Хандаи бахт» дар бораи манзараҳои зебову нотакрори кишвар сухан ронда, муаллифи он чунин воқеаи аҷоиби шудагиро менависад:
«Аз як ҳоҷии мо дар Макка, дар Арабистон хоҳиш мекунанд, ки дар бораи Ватанат ҳикоят бикун, он чӣ гуна кишвар аст? Ҳоҷӣ мегӯяд: «Кишвари моро Тоҷикистон мегӯянд. Дар Тоҷикистон ноҳияе ҳаст бо номи Рашт. Дар Рашт дараест бо номи Камароб. Чашмаҳо аз кӯҳҳои сарсабз ҷорӣ мегарданд ва обашон дар покӣ чун шир аст. Ҳама ҷо дарахтон сарсабзанд. Дасти ҳама мардумон ба ин дарахтон мерасанд ва аз он мева мечинанду мехӯранд. Туту себу зардолуву олию чаҳормағзу беш аз сад анвои гуногуни мева дорад. Кабкон дар хироманд. Оҳувонаш бисёр зебоянду дар ҷавлон. Дар рӯдҳояш гулмоҳиҳо дар ҳаракатанд. Аз ҳавояш кас маст мегардад. Дар ин макон асал фаровон аст. Занбӯрҳои асал бар рӯи гулҳо менишинанд, бар рӯи сабзаҳо менишинанд». Он марди араб ҳеҷ бовар намекунад ва бо эътироз мегӯяд: «Шарм намедорӣ, ки дар хонаи Худо дурӯғ мегӯӣ?!». Ҳоҷии мо мегӯяд: «Ман дурӯғ намегӯям, аммо ту шарм намедорӣ, ки дар хонаи Худо ба ҳарфи як мусулмон, як ҳоҷӣ бовар намекунӣ?». Араб мегӯяд: «Охир он чи ки ту гуфтӣ, фақат дар биҳишт аст. Ту сифати биҳиштро кардӣ».
Ҳоҷии мо мегӯяд: «Охир Тоҷикистони мо, кишвари бас азизи мо биҳишт аст, биҳишти дунё аст. Агар бовар надорӣ, як рӯз биё ва ин биҳиштро бо чашми худ бубин».
«Тоҷикистони мо биҳишт аст. Ба қадри он бояд бирасему шукрашро ба ҷо орем. Обу ҳавову хоки он ношукрро кӯр мекунад. Ва ҳам сад шукри сулҳу салоҳ, ваҳдат, якпорчагӣ, истиқлолиятро бояд бинамоем ва хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милатат, Президентамон муҳтарам Эмомали Раҳмонро ҳамеша қадр бикунем»- мегӯяд яке. Дигаре, «Ман хаёл мекунам, ки дар тамоми олам чун кишвари мо дар зебоӣ кишваре нест. Ман ба ин кишвар ҳамеша ифтихор мекунам ва шукр мекунам, ки шаҳрванди Тоҷикистонам. Агар кишвари моро бидонанд, савганд мехӯрам, ки ба Шветсария барои тамошову истироҳат намераванд…». Мисолҳои овардашуда дар бораи заминаҳо ва имкониятҳои бениҳоят калон гувоҳӣ медиҳанд. Шароити мавҷуда тақозо мекунад, ки имкониятҳо барои таъсиси минтақаҳои махсуси сайёҳӣ ҳар чӣ беҳтар ва бештар истифода шаванд, туризм дар ҷумҳурӣ ба соҳаи ҳукми бартарӣ дошта мубаддал гардад. 
Бахусус кишвари бостонии мо бо ёдгориҳои нодири таърихии худ омили рушди туризми таърихию маърифатӣ ва этникӣ гардад.
Бояд кӯшиш кард, ки ёдгориҳои нодир, ба монанди Саразм, Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Тахти сангин, Қалъаи Ҳисор, Хоҷа Машҳад ва ғайра шомили Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гарданд. Онҳо на танҳо ёдгориҳои халқи тоҷик, балки мероси маънавии башарият ҳисоб мешаванд». 
Ҳамин тариқ, дар пояи заминаҳои табиӣ, биоиқлимӣ, экологию рекреатсионӣ дар Тоҷикистон дар доираи минтақаҳои махсуси сайёҳӣ туризми байналхалқӣ метавонад рушд ёбад. Тадбирҳое, ки ҳоло аз тарафи корхонаҳои туристӣ амалӣ гардидаанд, имкон доданд дар мӯҳлати кӯтоҳ шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридшаванда афзоиш ёбад.
Туризм метавонад дар оянда ба рушди иқтисодиёти миллӣ таъсири мусбат расонад, афзоиши шуғли аҳолӣ, сатҳи таъминоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷои кор, соҳибкорӣ мусоидат намуда, боиси рушди соҳаҳои мусоидаткунандаи иқтисодиёт, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ гардад. 
5. Заминаҳои инфрасохтории бунёдии МОИ дар ҶТ.
Бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мамлакат дар пояи инфраструктураи иқтисодӣ, бозорӣ ва иҷтимоӣ сурат мегирад. Дар ин самт дар кишвар дар айни замон корҳои намоён анҷом меёбанд, чунончи, бунёдшавии нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, оғози корҳо дар сохтмони НБО-и “Роғун”, сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқии 500 кВ “Ҷануб-Шимол”, барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ татбиқ шуда истода, сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақб ва пулҳо давом дорад. Сохтмони шоҳроҳҳои “Кӯлоб – Хоруғ – Кулма”, “Душанбе -Саритош”, сохтмони пули азими “Панҷи Поён”, таҷдиди шоҳроҳи “Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ”, бунёди бузургтарин иншооти роҳи мошингарди мамлакат – нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», “Шар-Шар” ва “Чормағзак”, ки анҷом ёфта истодаанд, имконият медиҳад, ки гардиши воситаҳои нақлиёт тамоми фасли сол таъмин гардад.
Суръат гирифтани корҳо оид ба ташкили роҳравҳои трансмиллӣ, нақшаҳои ба таври куллӣ навсозии роҳҳои автомобилӣ пешбинӣ менамоянд, ки дар охири соли 2011 сохтмони ҳамаи панҷ пул дар дарёи Панҷ ба анҷом расида, дар роҳҳои Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум- ағбаи Қулма бо баромад ба шоҳроҳи Қароқурум, ки Тоҷикистонро бо Хитой мепайвандад, ҳаракати солона ташкил гардад. Фурудгоҳҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, бандарҳо (пулҳо) дар Кокул, Панҷи Поён, Хоруғ ва Ишкошим, мавзеъҳои Кулма ва Ҷиргатол барои амалӣ намудани интиқоли байналмилалии ҳавоӣ ва автомобилӣ истифода шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми савдои хориҷӣ бо кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё ва Аврупо имконияти воқеӣ фароҳам меояд.
Инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ. Дастрасии беназир ба шабакаи иттилоотӣ имкон медиҳад, ки марзҳои муваққатӣ ва ҳудудӣ пушти сар гузошта шаванд ва ҳамаи кишварҳо ба раванди ҷаҳонӣ пайваст гарданд. Тоҷикистон, ки дар ҷараёни исллоҳоти бузурги сиёсиву иқтисодӣ қарор дошта, ҷараёнҳои ҷаҳонисозиро ба хушӣ пазируфт, миқдори қаблан тасаввурнопазири иттилоот, хадамот, молҳо, ҳиҷрати қувваи корӣ ва сармояро, ки аз ҷумлаи омилҳои нави давраи глобализатсия ва ислоҳот мебошанд, соҳиб шуда истодааст. Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҷумҳурӣ гарчанде, ки дар марҳалаи ибтидоӣ қарор дорад, аҳолӣ аз дастовардҳои ингуна иттилоот огоҳ ва ба истифодаи он ҷалб шуда истодааст. Дар мамлакат таҳия ва ҷорӣ гаштани стратегияи миллии технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва пайваст шудани ингуна стратегия бо санади стратегии паст намудани сатҳи камбизоатӣ, яъне бо иқтидорҳои ТИК дар соҳаи маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ нишонаи сафарбаршавии васеъ гаштааст.
Заминаҳои мавҷуда барои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ поягузорӣ намуда, зарурати анҷом додани корҳои ташкилию ҳуқуқиро ба миён меоранд.
6. Заминаҳои ташкилию ҳуқуқии бунёдии МОИ дар ҶТ.
Дар Тоҷикистон ташкил намудани минтақаҳои озоди иктисодӣ амалан баъди қабули Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004 таҳти рақами № 24 ва Низомнома «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 декабри соли 2005, № 191 оғози расмии худро ёфт. 
Таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде ки нисбат да дигар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС чанде дертар сурат гирифта бошад ҳам, зуҳуроти тасодуфӣ набуда, барои ноилшавӣ ба суръатбахшии рушди иқтисодии кишвар, аз ҷумла барои муҳайё сохтани шароити мусоид баҳри ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди бемайлони иқтисодиёт дар асоси ҷалби техника ва технологияи нав, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмуии сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави идоракунию хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию-техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар дигар бахшҳо ва минтақаҳои кишвар, вусъатдиҳии истеҳсолоти молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ташкил карда мешаванд.
Таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ кори мураккаб буда, анҷом додани корҳои зиёди ташкилӣ, иқтисодиро талаб мекунад. Барои амали намудани ин вазифа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 марти соли 2008 таҳти рақами 103 қабул гардидааст.
Мутобиқи банди 34 Низомнома «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо асосноксозии техникию иқтисодии мақсаднок будани ташкили минтақаҳои озоди иқтисодиро дар минтақаҳои алоҳида пешниҳод намудаанд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.