140 саволу чавоб аз фанни экология:

1. Табиат чист?
Ҷавоб: Ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст, маҷмўи нисбатан собит ва муташаккиле, ки дар ҷараёни эволютсия ба вуҷуд омадааст;
2. Биосфера чист?
Ҷавоб: Калимаи юнонӣ буда, био – ҳаёт, сфера кура. Қабати махсуси Замин, ки дар он организмҳои зинда маскун ёфтаанд;
3. Атмосфера чист?
Ҷавоб: Пардаи ҳавое, ки моро иҳота кардааст, калимаи юнонӣ атмо – буғ, сфера қабат мебошад.
4. Истилоҳи экосистемаро кадом сол, кадом олим пешниҳод кардааст?
Ҷавоб: Соли 1935 А.И.Тенслӣ;
5. Асосгузори илми биосфера кадом олим мебошад?
Ҷавоб: В. И. Вернадский;
6. Биомасса чист?
Ҷавоб: Миқдори умумии организмҳоро дар рўи замин биомасса меноманд. Аз калимаи юнонии био – ҳаёт, масса – миқдор гирифта шудааст;
7. Атмосфера аз кадом қабатҳо иборат аст?
Ҷавоб: Аз 5 – қабат, тропосфера, стратосфера, мезосфера, экзосфера ва термосфера;
8. Хок аз кадом қисмҳо иборат аст.
Ҷавоб: Сахт, моеъ, газ ва организмҳои зинда;
9. Эрозия чист?
Ҷавоб: Аз таъсири обу ҳаво шуста ва хароб шудани қабати болоии хок (калимаи юнонӣ- эрозис шуста шудан аст);
10. Омили антропогенӣ чист?
Ҷавоб: Омилҳое, ки дар натиҷаи фаолияти инсон ба вуҷуд меоянд ва ба организмҳои зинда таъсироташонро гузошта, сабаби тағйири муҳити зист мешаванд;
11. Таъсири омили биотӣ ба чанд гурўҳ ҷудо мешавад, кадомҳо.
Ҷавоб: 3 намуд – фитогенӣ, зоогенӣ ва микрогенӣ;
12. Омили биотӣ чист?
Ҷавоб: Таъсири мутақобилаи байни фардҳо, популятсияи намудҳо ва ҷамоаҳост;
13. Таъсири инсон ба муҳит чанд намуд аст?
Ҷавоб: 2 намуд – бошуурона ва тасодуфӣ;
14. Чанд фоизи нури Офтоб ба Замин омада мерасад?
Ҷавоб: 43%;
15. Таркиби химиявии ҳаво аз кадом газҳо иборат аст (бо %) ?
Ҷавоб: Нитроген – 78,09%, оксиген – 20,95%, гази аргон – 0,93% ва гази карбонат – 0,03%;
16. Ҳаёт дар руи Замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
Ҷавоб: 4,3 милион сол пеш;
17. Синэкология чист?
Ҷавоб: Аз калимаи юнонии син – ҳамроҳ, якҷоя таркиб ёфтааст;
18. Мутализм чист?
Ҷавоб: Як намуди ҳамзистии организмҳо, ки барои ҳарду тараф фоидаовар аст;
19. Замин нисбат ба Офтоб чанд маротиба хурдтар аст?
Ҷавоб: 555000 маротиба;
20. Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Ҷавоб: Силсилаи организмҳои зинда ва ғайри зинда, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд;
21. Эйдэкология чист?
Ҷавоб: Шакли намудҳои омўхташуда калимаи юнонӣ буда, маънои намудро дорад;
22. Гидрофитҳо чист?
Ҷавоб: Растаниҳое, ки дар ҷойҳои обӣ ва соҳили дарё мерўянд (калимаи юнонии гидро – обӣ аст);
23. Кадом шогирди Арасту оид ба растаниҳо маълумот пешниҳод кард?
Ҷавоб: Теофраст;
24. Биомасса ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ҷавоб: 3 қисм – биомассаи хушкӣ, биомассаи хок ва бимассаи уқёнуси олам;
25. Популятсия чанд намуд мешавад?
Ҷавоб: 3-намуд;
26. Геосфера чист?
Ҷавоб: Номи умумии табақаи замин, ки аз литосфера, гидросфера иборат аст (калимаи юнонии гео – замин, сфера – кура);
27. Дар рўи замин чӣ қадар намуди ҳайвонот ва наботот паҳн шудааст?
Ҷавоб: 1,5 млн ҳайвонот ва 3,5 млн растаниҳо;
28. Омили абиотӣ ба чанд гурўҳ ҷудо мешавад?
Ҷавоб: 3 гурўҳ, иқлимӣ, эдофикӣ, орографӣ;
29. Планктон, нектон ва бентос чист?
Ҷавоб: Калимаҳои юнонӣ, плактос – беҳаракат, нектос – шиновар, бентос – чуқурӣ мебошад;
30. Омили экологӣ чист?
Ҷавоб: Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризиндае, ки ба фаолият ва хусусиятҳои фардҳо, популасияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд;
31. Муҳити ишғолкардаи организмҳо кадомҳоянд?
Ҷавоб: 4 қисм – обӣ, хушкӣ, фазоӣ ва организмҳои зинда ҳамчун муҳити зист;
32. Ҳаёт то кадом баландӣ вуҷуд дорад?
Ҷавоб: 20 км;
33. Биосеноз чист?
Ҷавоб: Калимаи юнонии био – ҳаёт, сайнос – умумӣ мебошад. Маҷмўи организми зинда, ки дар қитъаи муҳити муайян якҷоя зиндагӣ мекунанд ва дар робитаи мутақобиланд, ки ба зисти онҳо таъсир мерасонад;
34. Таҳмонии экологӣ чист?
Ҷавоб: Мавқеи дар низоми умумӣ биосеноз, силсилаи равобити биосенотикӣ ва талабот ба омилҳои абиотии муҳит таҳмонии экологӣ номида мешавад;
35. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Ҷавоб: 142,6 млн.км.кв;
36. Экология ба кадом шохаҳо ҷудо мешавад?
Ҷавоб: Экологияи аҳолӣ, ҷонварҳо, кайҳон, химия, биология, муҳит ва ғайра;
37. Демэкология чиро меомўзад?
Ҷавоб: Асосан миқдор, сабабҳои тағйирпазирӣ, афзоиш, фавт, сину сол, рафтор ва таъсири тарафайни популятсияҳоро ба муҳити зист меомўзад;
38. Қонуни ҷумҳурӣ оиди ҳифзи табиат кай қабул шудааст?
Ҷавоб: 27-уми декабри соли 1993, ки аз 12 фасл иборат аст, дар моддаи 74 оварда шудааст;
39. Истилоҳи экологияро кадом олим ва дар кадом асараш кай пешниҳод кардааст?
Ҷавоб: Аввалин шуда соли 1866 табиатшиноси олмон Э. Геккел «Морфологияи умумии организмҳо» пешниҳод кардааст;
40. Аутэкология чиро меомўзад?
Ҷавоб: Робитаи мутақобилаи фардии ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳоро ба муҳити атроф, устувории онҳоро ба омилҳои биотӣ меомўзад;
41. Экология чиро меомўзад?
Ҷавоб: Муносибати организмҳои зинда, наботот, ҳайвонот в микроорганизмҳоро байни худ ва бо муҳити атрофро меомӯзад;
42. Мезосфера чист ва чӣ қадар баландӣ дорад?
Ҷавоб: Қабати мобайни атмосфера аз 50-55 км. то 80 км. баландӣ дорад ва аз калимаи юнонӣ мезо – мобайн, сфера – кура мебошад;
43. Дарозии экватор чанд км аст?
Ҷавоб: 40076 км;
44. Нейстон чист?
Ҷавоб: Калимаи юнонии нейстон – ғайришиновар аст. Организмҳое, ки ба пардаи қабати поёнии об часпида, дар рўи он ё дар зери он ҳаракат намекунанд;
45. Дарозии нурҳои аён чӣ қадар аст?
Ҷавоб: Аз 433 то 70 нанометр;
46. Мафҳуми ноосфераро кадом олим, кадом сол пешниҳод кардааст?
Ҷавоб: Э. Леруа, соли 1927;
47. Шиддати оптималӣ чист?
Ҷавоб: Шиддати омилҳоеро, ки барои фаъолияти зиндагии организмҳои зинда мусоидат мекунад номида мешавад;
48. Чанд фоизи кураи Замин дар зери таъсири инсон қарор дорад?
Ҷавоб: 56%;
49. Гемостазияи популятсия чист?
Ҷавоб: Нигоҳдошташавии шумораи якхелаи фардҳо дар популятсия;
50. Биосфера кадом қабатҳоро дар бар мегирад?
Ҷавоб: Атмосфера (тропосфера), гидросфера ва литосфераро то чуқуриҳои 2-3 км;
51. Экосистемаҳо чанд намуданд?
Ҷавоб: 2 намуд – табиӣ ва кишоварзии сунъӣ;
52. Робитаи трофикӣ чист?
Ҷавоб: Як намуди зинда ё фавт шудани намуди дигар ё боқимондаи моддаҳоеро, ки дар натиҷаи фаъолияташ ҷудо мешавад, истеъмол мекунад;
53. Биосенозҳо чанд намуд мешаванд?
Ҷавоб: 2 намуд – сернамуд ва камнамуд;
54. Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Ҷавоб: Силсилаи организмҳои зинда в ғайризиндаро, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд;
55. Мафҳуми экологияро бори аввал кӣ пешниҳод кардааст?
Ҷавоб: Э. Геккел;
56. Истилоҳи биосенозро кадом олим пешниҳод кард?
Ҷавоб: К. Мебиус;
57. Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи кадом баҳр дохил мешаванд?
Ҷавоб: Арал;
58. Аменсализм чист?
Ҷавоб: Калимаи лотинӣ амен – аблаҳ, беақл аст. Муносибати як ё ду намуд, ки барои як намуд зараровар барои намуди дигар на фоида дорад на зарар;
59. Муҳити зист чанд намуд аст?
Ҷавоб: 2 намуд – доимӣ ва муваққатӣ;
60. Популятсия чанд намуд дорад?
Ҷавоб: 3 намуд – таназуллӣ, ивазшаванда ва муқаррарӣ;
61. Гидробионт чист?
Ҷавоб: Аз калимаи гидро – об, био – ҳаёт гирифта шудааст;
62. Ч. Дарвин шакли талош ва муборизаи зиндагиро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардааст?
Ҷавоб: Муборизаи дохили намудӣ, байни намудӣ, шароити номусоид;
63. Гидробионтҳо ба чанд намуд ҷудо мешаванд?
Ҷавоб: 3 намуд – плактон, нектон ва бентос;
64. Кул чист?
Ҷавоб: Пастхамии табии бо об пуршуда;
65. Автотроф чист?
Ҷавоб: Калимаи юнонӣ буда, авто – худ, трофо – ғизо, хӯроку ғизогирии организмҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд;
66. Яке аз конҳои гази табиӣ ба Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Қизилтумшуқ;
67. Бактерия чист?
Ҷавоб: Намуди организми якҳуҷайрае, ки ядрои муқаррарӣ надорад бо роҳи тақсимшавӣ афзоиш мекунанд;
68. Зичии ҷойгиршавии фардҳои популятсия кадомҳоянд?
Ҷавоб: Таваллудшавӣ, миқдори фавтшудагон, афзоиш, суръати афзоиш;
69. Инсоният дар як сол чӣ қадар литр оксиген фурў ва чӣ қадар гази карбонат хориҷ мекунад?
Ҷавоб: 644738 млрд. литр оксиген ва 559640 млрд. литр карбонат хориҷ мекунад;
70. Асосгузори илми хокшиносӣ кадом олими рус аст?
Ҷавоб: В.В.Докучаев;
71. Тропосфера чист?
Ҷавоб: Қисми калонтарин, аз рўи масса қабати калонтарини атмосфераи Замин мебошад;
72. Пеститсидҳо чӣ гуна модда мебошад?
Ҷавоб: Моддаҳои химиявие, ки барои маҳви касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо пешбинӣ шудаанд;
73. Омил чист?
Ҷавоб: Сигналҳои ба организм дохилшавандаро меноманд;
74. Ҳаёт дар рўи замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
Ҷавоб: 4 милион сол пеш;
75. Муҳит чист?
Ҷавоб: Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризиндае, ки ба фаъолият ва хусусиятҳои фардҳо, популятсияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд;
76. Вирус чист?
Ҷавоб: Организмҳои то ҳуҷайра буда, фақат дар таркиби ҳуҷайраҳои организмҳо дохиланд, зист ва афзоиш мекунанд;
77. Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Ҷавоб: Соли 1959, Ч.Дарвин;
78. Қабати ионосфера аз кадом баландӣ оғоз мешавад?
Ҷавоб: Аз баландии 80 км;
79. Усули математикӣ, биологӣ, моделсозӣ дар куҷо гузаронида мешавад?
Ҷавоб: Вазифаи созиши моделҳои гуногун оиди таркиб, шумора ва рафтори популятсияюҳо ва силсилаҳои экологиро таҳқиқ мекунад;
80. Синэкология чиро меомузад?
Ҷавоб: Таркиби пайдоиш, инкишоф, муносибати организмҳоро дар ҷомеа ва таъсири мутақобилаи онҳоро ба муҳити зист меомӯзад;
81. Мавзўъҳои таҳқиқоти экологӣ кадомҳоянд.
Ҷавоб: Популятсияҳои организмҳо, намудҳо, ҷамоаҳо, экосистема;
82. Эрозия чанд намуд мешавад?
Ҷавоб: Эрозия бо таъсири об, бод, одам;
83. Ҷамъи олами ҳайвонотро чӣ меноманд?
Ҷавоб: Фауна меноманд;
84. Ба омили эдафикӣ чиҳо дохил мешавад?
Ҷавоб: Растаниҳо бо ҳайвонот;
85. Аввалин организмҳо дар дохили кадом муҳит ба вуҷуд омадааст?
Ҷавоб: Муҳити обӣ;
86. Шакли ҳаёт чист?
Ҷавоб: Гурўҳи растаниҳо ва ҳайвонҳоро меноманд, ки аз ҷиҳати шакл, қад, таъби тараққӣ хусусиятҳои биологӣ ва экологӣ шабеҳи якдигар мебошанд;
87. Популятсия чист?
Ҷавоб: Аз калимаи юнонии популс – халқ, аҳолӣ гирифта шудааст;
88. Кули Сарез дар кадом дарё пайдо шуд?
Ҷавоб: Мурғоб;
89. Чанд фоизи масоҳати заминро об ишғол кардааст?
Ҷавоб: 71%;
90. Ифлосшавии радиоактивии биосфера ба кадом омили экологӣ вобастагӣ дорад?
Ҷавоб: Ба омили антропогенӣ;
91. Усулҳои гирифтани пеши роҳи ҳашаротҳои зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ.
Ҷавоб: Истифода бурдани усулҳои биологӣ;
92. Дар олами наботот нисбати ифлосии муҳити атроф эҳсосноктарин кадом шўъба ҳисоб мешавад?
Ҷавоб: Гулсангҳо ва ушнаҳо;
93. Кай ва кадом сол кули Сарез пайдо шуд?
Ҷавоб: 20 феврали соли 1912;
94. Гидросфера чист?
Ҷавоб: Қабати обии кураи заминро гидросфера меноманд;
95. Пиряхи калонтарини Осиёи Марказӣ кадом аст?
Ҷавоб: Федченко;
96. Биосфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ҷавоб: Ба се қисм, гидросфера, литосфера ва атмосфера;
97. Сарватҳои зеризаминӣ ба чанд қисм ҷудо мешаванд?
Ҷавоб: Маъданӣ, ғайримаъданӣ ва сузишворию энергетикӣ;
98. Гидросфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ҷавоб: Ба се қисм, обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, обҳои зеризаминӣ ва обҳои дар таркиби атмосфера мавҷуд буда;
99. Ноосфера чист?
Ҷавоб: Ноосфера сфераи хирад ё кураи ақл аст;
100. Бедленд чист?
Ҷавоб: Заминҳои корношоям;
101. Дар Тоҷикистон чанд кӯл вуҷуд дорад?
Ҷавоб: 1300 кӯл;
102. Яке аз калонтарин кӯли Осиёи Миёна кадом кӯл аст?
Ҷавоб: Қарокул;
103. Аз 71%-и обе, ки кураи Заминро ташкил кардааст чанд фоизаш оби шафоф ширин аст?
Ҷавоб: 3%;
104. Дар Тоҷикистон чанд дарё вуҷуд дорад?
Ҷавоб: 947 дарё;
105. Чанд фоизи заминҳои Тоҷикистон кишт карда мешаванд?
Ҷавоб: 6%;
106. Релеф чист?
Ҷавоб: Пасту баландиҳои хурду бузурги рўи Замин мебошад;
107. Кулҳои Яшилкул ва Зоркул дар кадом минтақаи ҷумҳурӣ ҷойгиранд?
Ҷавоб: Дар Помир;
108. Дар сурати харобшавии қабати озонӣ кадом касалиҳо авҷ мегирад?
Ҷавоб: Саратони пуст;
109. Назарияи боришҳои ишқориро кадом олим пешниҳод кард?
Ҷавоб: Р. Смит;
110. Кадом олим китоби “Таърихи ҳайвонҳот” нисбати ҳайвонҳо маълумот додаст?
Ҷавоб: Арасту;
111. Кадом олим китоби “Таърихи табиӣ”-ро навиштааст?
Ҷавоб: Плиней;
112. Кадом олим дар асари худ «Гидрогеология» оиди таъсири организмҳои зинда ба сатҳи Замин итилоъ додаст?
Ҷавоб: Ж. Б. Ламарк;
113. Истилоҳи биосенозро кадом олим ба экология дохил кард?
Ҷавоб: Э. Геккел;
114. Китоби экологияи ҳайвонҳоро кадом олим навиштааст?
Ҷавоб: Ч. Элтон;
115. Кадом қабати осмон нурҳои ултрабунафшро 6500 маротиба км. менамояд?
Ҷавоб: Қабати озонӣ;
116. Шумораи гази карбон дар таркиби фазо ба чанд фоиз расидааст?
Ҷавоб: 15%;
117. Дар натиҷаи зиёдшавии кадом газ боришоти турш ба вуҷуд меояд?
Ҷавоб: N;
118. Манбаи асосии гази карбонати ҳаво кадомҳоянд?
Ҷавоб: Вулуқонҳо, гармчашмаҳо, сӯзиши сарватҳои табиӣ, ҳаракати нақлиёт ва нафаскашии мавҷудоти зинда;
119. Оксигени атмосфера аз чӣ вобастагӣ дорад?
Ҷавоб: Фаъолияти растаниҳои автотрофӣ;
120. Миқдори ҳаво чӣ қадар аст?
Ҷавоб: 5000 трлн тонна;
121. Илмҳои биологиро ба чанд гурўҳ ҷудо мекунанд?
Ҷавоб: Илмҳои бунёдӣ – таксономӣ;
122. Дар натиҷаи хушкшавии кадом баҳр ҳар сол 150 млн тонна намакҳои гуногун ва пестисидҳоро бод парешон мекунанд?
Ҷавоб: Баҳри Арал;
123. Ҳаҷми умумии оби кураи замин чӣ қадарро ташкил мекунад?
Ҷавоб: 1,4 млрд км. кубӣ;
124. Баҳрҳо ва уқёнусҳои сайёра чанд фоизи масоҳати заминро ишғол менамоянд?
Ҷавоб: 71%;
125. Дарозтарин Дарёи Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Дарёи Сир;
126. Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Айвоҷ (дар ноҳияи Шаҳритус);
127. Калонтарин дарёҳои Осиёи марказӣ кадомҳоянд?
Ҷавоб: Аму ва Сир;
128. Кадом Ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ камобтарин ва чанд фоизи масоҳати он биёбон мебошад?
Ҷавоб: Қарокалпокистон – 20%;
129. Канали Қайроқум аз кадом дарё об мегирад?
Ҷавоб: Сирдарё;
130. Кадом дарё резишгоҳ надорад?
Ҷавоб: Зарафшон;
131. Маҳали серборишоттарин дар ҳудуди Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб: Хоҷа-Обигарм, Варзоб;
132. Кадом намуд иқлим дар Тоҷикистон бартарӣ дорад?
Ҷавоб: Мӯътадили континентӣ;
133. Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Ҷавоб: Соли 1859 Ч.Дарвин пешниҳод кард;
134. Обро бо чанд усул тоза месозанд?
Ҷавоб: Механикӣ, биологӣ ва химиявӣ;
135. Кадом сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли оби тоза эълон кард?
Ҷавоб: Соли 2003;
136. Кадом сол экология ҳамчун илми мустақилона эълон карда шуд?
Ҷавоб: Соли 1910;
137. Кони намаки Хоҷа Мӯъмин дар кадом минтақа ҷойгир аст?
Ҷавоб: н.Восеъ;
139. Формулаи озониро нишон диҳед?
Ҷавоб: О3;
140. Уфуқ чист?
Ҷавоб: Қисми ба назар намоёни маҳал.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.