Бо ин санад гирифтани маблағи пул ва ё миқдори муайяни мол тасдиқ карда мешавад. Он ба шакли дастнавис дар як нусха таҳия мегардад. Миқдори пул ё моли гирифташуда бо рақам, сипас бо ҳарф навишта мешавад. Ҳангоми зарурат ному насаб ва имзои шоҳидон низ оварда мешавад. Забонхатро то баргардонидани қарз қарздиҳанда нигоҳ медорад.
Забонхат аз ҷузъҳои зерин иборат мебошад:
1. Номи санад;
2. Ному насаб ва вазифаи шахсе, ки забонхат медиҳад ва ному насаби шахсе, ки аз ӯ маблағи пул ва ё мол гирифта мешавад;
3. Маблағи пул ё миқдори моли гирифташуда;
4. Имзои шахсе, ки забонхат медиҳад;
5. Таърихи навиштани санад.

Намунаҳо:

Забонхат

      Ман, Муқимов Акбар Тоҳирович, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносӣ, сардори гурӯҳи буҷавӣ аз ҷонишини декан оид ба таълим, профессор Қаҳҳоров Ҷонибек идрорпулии донишҷӯёни гурӯҳамонро барои моҳи апрел, ки 4000 (чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, гирифтам.

Имзо   ⁄               ⁄       Муқимов А.Т.

2 майи соли 2018

Забонхат

      Ман, Салимзода Камоли Ҳусниддин, донишҷӯи соли дуюми шӯъбаи рӯзонаи факултаи кимиё, ихтисоси металлҳои ранга аз Китобхонаи марказии Донишгоҳ се асари Садриддин Айнӣ (“Дохунда”, “Марги судхӯр” ва “Ёддоштҳо”) – ро ба мӯҳлати ду ҳафта гирифтам.

Имзо   ⁄               ⁄      Салимзода Камоли Ҳусниддин

22 октябри соли 2018

Забонхат

      Ман, Азизов Шаҳбоз, нозири андози Раёсати андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз хазинаи муассисаи мазкур ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ қарз гирифтам. Шиносномаам А № 307141, рӯзи 12 декабри соли 2018 аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дода шудааст.

Имзо   ⁄               ⁄      Азизов Ш.

11 июни соли 2018


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.