Эълон санадест, ки дар он аз баргузории чорабинӣ ё рӯёдоде пешакӣ иттилоъ дода мешавад.
Эълон ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Номи санад;
2. Маҳал ва вақти баргузории чорабинӣ;
3. Мазмуни чорабинӣ;
4. Созмондиҳандаи чорабинӣ.

Намунаҳо:

Эълон

      Рӯзи 22.05.2018, соати 12:30 дар толори калони донишгоҳ вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Саъдиев С. бо донишҷӯёни  факултаи кимиё баргузор мешавад. Иштироки ҳамаи донишҷӯён ҳатмист.

Садорати факулта

Эълон

      Ба диққати донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ расонида мешавад, ки мӯҳлати супоридани маблағи таҳсил то рӯзи 12.09.2018 муайян гардидааст. Дар сурати насупоридани маблағи таҳсил донишҷӯёни қарзи молиявидошта аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.

Садорати факулта


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.