Ваколатнома ҳуҷҷатест, ки тавассути он корхона (муассиса, ширкат ва ғайра) ба касе ҳуқуқи иҷрои ин ё он кореро, амалиётеро медиҳад. Шахси ваколатгиранда аз номи шахси ваколатдиҳанда кореро иҷро менамояд. Ваколатномаеро, ки корхона ё муассиса медиҳад, ваколатномаи расмӣ меноманд. Ваколатномаи расмӣ ҳуҷҷатест, ки дар асоси он муносибатҳои ташкиливу молиявӣ байни муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ваколатномаи расмӣ маълумоти зерин бояд сабт гарданд:
1. Санаи эътибори ваколатнома;
2. Ному нишонии корхона (муассиса) – и истифодабаранда;
3. Ному нишонии муассисаи пардохткунанда;
4. Номи ҳуҷҷат;
5. Санаи дода шудани ҳуҷҷат;
6. Насаб, ном, номи падар, мушаххасоти Шиносномаи шахси ваколатгиранда;
7. Ном, рақам ва санаи ҳуҷҷате, ки мутобиқи он мавод гирифта мешавад;
8. Номгӯй ва миқдори мол;
9. Имзои роҳбари муассиса ва сармуҳосиб, сана ва мӯҳри корхона.
Агар дар ваколатномаи расмӣ санаи ба охир расидани эътибори он нишон дода нашуда бошад, он ба муддати як сол эътибор дорад. Ваколатномаи расмӣ, одатан аз ҷониби сарвари корхона ба шахси таъминкунанда бо мавод, муовин оид ба корҳои хоҷагӣ (мудири хоҷагӣ) дода мешавад. Вай аз корхона, муассисаҳои савдо ва ғайра барои корхона маводи зарурӣ дастрас менамояд.
Ваколатномаи шахсӣ дар ҳолату вазъияти гуногуне, ки дар зиндагӣ рӯй доданашон имкон дорад, аз ҷониби як шахс ба шахси дигар дода мешавад. Дар ваколатномаи шахсӣ қисмҳои зерин ҷой мегиранд:
1. Номи санад;
2. Насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ваколат медиҳад;
3. Насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ваколатдор мешавад (мушаххасоти Шиносномааш);
4. Матни ваколатнома (мундариҷаи ваколатнома);
5. Имзои ваколатдиҳанда;
6. Санаи дода шудани ваколатнома;
7. Вазифа ва имзои шахсе, ки имзои ваколатдиҳандаро тасдиқ менамояд;
8. Санаи рӯз, мӯҳр.
Ҳар ду навъ ваколатномаро метавон ба шакли дастнавис ва чопӣ таҳия намуд.

Намунаҳои Ваколатномаи шахсӣ.

Ваколатнома

      Ман, Аброров Далер Қурбонович – муалими калони кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба Ватанов Хуршед Саидович (шиносномааш А3003100, 15 майи соли 2007 дар ШКД ноҳияи Синои ш.Душанбе дода шудааст) ваколат медиҳам, ки музди меҳнати маро барои моҳи апрели соли 2018 аз хазинаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон бигирад, чунки ман аз сабаби беморӣ имкони гирифтани музди меҳнатамро надорам.

Имзо   ⁄               ⁄       Аброров Д.Қ.
28 апрели соли 2018

Имзои Аброров Д.Қ. – ро тасдиқ менамоям.
Сардори Шӯъбаи кадрҳои ДИТ
Имзо   ⁄               ⁄       Абдуллоев Ҷ.
Таърихи рӯз
Мӯҳр

*     *     *

Ваколатнома

      Ман, Аҳмадов Мирзо Саидович – дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба Саидов Баҳодур Акрамович (шиносномааш А5004147, 17 июни соли 2005 дар ШКД ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе дода шудааст) ваколат медиҳам, ки пулеро, ки ба номи ман аз шаҳри Ростови Федератсияи Русия ба маблағи 30 000 (сӣ ҳазор) рубли русӣ ба “Агроинвестбонк” омадааст, бигирад.

Имзо   ⁄               ⁄       Аҳмадов М.С.
3 октябри соли 2018

Имзои Аҳмадов М.С. – ро тасдиқ менамоям.
Сардори Шӯъбаи кадрҳои ДМТ
Имзо   ⁄               ⁄       Сардоров С.Б.
Таърихи рӯз
Мӯҳр

Ваколатномаи расмӣ

Ваколатнома то “____” __________ соли 20__ эътибор дорад.

_____________________________________________________________
         номи корхона (муассиса)-и истифодабаранда

_____________________________________________________________
         номи корхона (муассиса)-и пардохткунанда,
             таъминкунандаи мавод ва нишонии он

Ваколатнома

Санаи дода шудан _____ ___________ соли 20_______

Дода шуд ба __________________________________________
                               вазифа, насаб, ном ва номи падар

Шиносномаи силсилаи ______ № ______________________________
Номи мақомоте, ки Шиносномаро додааст ___________________
Санаи дода шудан ______________ соли ________________________
Барои гирифтан аз ___________________________________________
                                      номи корхона (муассиса) -и таъмингар
Мавод мутобиқи _____________________________________________
                                        ном, рақам ва санаи ҳуҷҷат

МаводВоҳиди андозаМиқдор (бо ҳарф навишта мешавад)
1.
2.
3.

Имзои шахси Ваколатнома гирифтаро ______________ тасдиқ менамоем:

Мӯҳр                       Сарвари (роҳбари) корхона (муассиса)
                                 Сармуҳосиб

*     *     *

Навъи дигари ваколатномаи расмӣ, ваколатномаест, ки муассиса (корхона), созмон, ширкат ва ғайра ба яке аз кормандонаш ваколат медиҳад, ки манфиатҳояшро дар ҷараёни мурофиаи судӣ (додситонӣ) ҳимоят намояд.
Намуна:

Ваколатнома

      Шӯъбаи маорифи ноҳияи Сабзазор ба мудири кабинети методӣ Каримзода Муқими Абдулло ваколат медиҳад, ки ба ҳайси намояндаи Шӯъбаи маориф дар мурофиаи судӣ (додситон), ки кори ҷиноии муаллими мактаби маълумоти ҳамагонии рақами 00 Шокир Шокировро аз назар мегузаронад, иштирок намояд.

Мудири шӯъба   ⁄               ⁄       Х. Мирзода
22 сентябри соли 2018


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.