Ҷузъҳои тавсифнома:
1. Номи санад;
2. Ному насаби шахсе, ки ба ӯ тавсифнома дода мешавад;
3. Унвони илмӣ (агар дошта бошад), таърихи таваллуд, миллат, таҳсилот.
Ахбор дар бораи фаъолияти таҳсилӣ, кор (ихтисос, касб), муддати таҳсил, кор дар мактаб, донишгоҳ, муассиса, сатҳи донишандӯзӣ, маҳорати касбӣ ва ғайра.
Дар бораи сифатҳои ахлоқию сиёсӣ ва кории корманд, муносибат ба кор, боло бурдани сатҳи маҳорати касбӣ ва дониш, ширкат дар корҳои ҷамъиятӣ, рафтор дар зиндагӣ, дар оила, хислатҳои шахсӣ, муносибат бо атрофиён ва ғайра. Агар мукофотҳои давлатӣ ва дигар мукофотҳо дошта бошад, зикр мешаванд.
Ҷойи пешниҳоди тавсифнома. Тавсифномаро барои корманд раиси муассиса ва раиси иттифоқи касаба имзо мекунанд. Дар поёни тавсифнома сана гузошта мешавад. Мӯҳри муассиса низ зарур аст.
Намунаҳо:
Тавсифномаи
донишҷӯи курси дуюми шӯъбаи
андоз ва андозбандии факултаи
иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи
иқтисодии Тоҷикистон Шарифов
Ҷамолиддин Сабурович, соли
таваллудаш 1985, миллаташ тоҷик.
Шарифов Ҷамолиддин аз соли 2005 донишҷӯи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Дар муддати таҳсил ӯ худро чун донишҷӯи боинтизому хушахлоқ нишон дод. Дар дарсҳо мунтазам иштирок менамояд ва аз фанҳои таълимӣ дониши хуб андӯхтааст. Дар сессияҳои имтиҳонотии гузашта ӯ аз фанҳои таълимӣ баҳои “хуб” ва “аъло” гирифтааст.
Дар озмуни донишкада аз фанни забони тоҷикӣ иштирок карда, ҷои дуюмро гирифт. Дар конференсияҳои илмии ҳарсолаи донишкада маърӯза мекунад.
Мавсуф дар корҳои ҷамъиятии факулта ва донишкада, шанбегиҳо фаъолона иштирок менамояд. Ҳамроҳи ҳамкурсон дар баровардани газетаҳо ба муносибати Соли нав ва Наврӯз фаъол аст.
Шарифов Ҷамолиддин шахси хоксору ҳалим, поквичдон, боинсоф, нисбат ба дӯстону ҳамкурсон мушфиқу меҳрубон мебошад. Дар байни ҳайати курс ва факулта соҳиби иззату эҳтиром мебошад.
Тавсифнома барои пешниҳод кардан ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дода шуд.
Муовини декани факултаи
иқтисодиёт ва молия оид ба
тарбия, дотсент ⁄ ⁄ Шукуров Б.
24 апрели соли 2018
Тавсифномаи
хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳакимов Искандар Абдуллоевич,
соли таваллудаш 1988, миллаташ
тоҷик.
Ҳакимов Искандар Абдуллоевич соли 2005 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таҳсил шурӯъ намудааст.
Ӯ ҳангоми таҳсил худро чун шахси масъулиятнок нишон дода, баҳри донишандӯзӣ пайваста талош меварзид.
Ҳакимов И.А. дар конференсияҳои илмии донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни ҳуқуқшиносӣ ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Номбурда соли 2009 бо роҳбарии профессори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Зарифов Зариф китоби илмие бо номи “Ҷиноят ва навъҳои он” ба табъ расонидааст. Ҳамзамон, дар корҳои ҷамъиятии факулта ва донишгоҳ ба сифати донишҷӯи масъулиятшинос саҳм гузоштааст.
Мавсуф аз нигоҳи сиёсӣ пухта буда, дорои ҷаҳонбинии васеъ мебошад ва бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ободӣ ва осудагии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.
Декани факулта,
профессор ⁄ ⁄ Шеров Д.
Раиси созмони ҷавонони
факулта ⁄ ⁄ Сангов Н.
4 июли соли 2018
Эълон (Объявление)
Рубоиёти Умари Хайём (текст+mp3)