Тарҷумаи ҳол (баъзан шарҳи ҳол, ҳолнома, зиндагинома ҳам мегӯянд) санад – маълумотномаест, дар бораи ҳаёт, ҳолу аҳволи ин ё он шахс, ки аз тарафи худи ӯ навишта мешавад. Ин санад ба мисли  баъзе ҳуҷҷатҳо қолабӣ  нест. Он дар шакли дастнавис таҳия мешавад. Дар ин ҳуҷҷат тартиби замонии маълумот бояд риоя гардад. Ҳангоми навишти шарҳи ҳол ҷузъҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд: ному насаб, таърихи таваллуд, таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ, шуғл, ҷоизаҳо (агар дошта бошад), ширкат дар умури иҷтимоӣ, маълумот дар бораи падару модар (ному насаб ва макони зист, касбу кор), вазъи хонавода ва таркиби он, нишонии ҷойи зист, таърихи таҳияи санад, имзои муаллиф.
Тарҷумаи ҳол одатан ҳангоми ба ягон муассиса ба кор дохил шудан навишта мешавад.

Намуна:

Тарҷумаи ҳол

Ман, Саъдуллоев Саидакрам Ёдгорович, 31 ноябри соли 1990 дар деҳаи Шулмаки ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) дар оилаи деҳқон таваллуд шудаам. Соли 2008 таҳсилро дар мактаби миёнаи №80 ба охир расонида, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омадам. Соли 2001 ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ дохил шудам. Соли 2013 таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дипломи аъло ба анҷом расонидам.
Падарам: Саъдуллоев Ёдгор Бозорович, соли таваллудаш 1955, коргар, сокини деҳаи Шулмаки ноҳияи Рашт.
Модарам: Каримова Гулнисо Ҳокимовна, соли таваллудаш 1960, хонашин, сокини деҳаи Шулмаки ноҳияи Рашт.
Дар оилаи мо инчунин бародаронам Аҳрор (соли таваллудаш 1987) ва Саттор (соли таваллудаш 1989) зиндагӣ доранд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 16, хонаи 35.

Имзо   ⁄               ⁄       Саъдуллоев С.Ё.

24 августи соли 2018


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.