Санад ҳуҷҷатест, ки дар он ягон амалиёт, кори иҷро кардашуда тасдиқ карда мешавад. Ин ҳуҷҷатро ҳайате аз шаҳрвандон, ходимони муассиса ё корхона таҳия месозанд ва бо имзоҳояшон тасдиқ менамоянд. Баъзан, ин ҳуҷҷатро метавонад як шахс (масалан, корманди Бозрасии давлатии автомобилҳо (БДА) ба танҳоӣ таҳия намуда, воқеаи рӯйдода (масалан, садамаи автомобил)-ро сабт намояд. Комиссияи босалоҳияте маҳсулоти нав, ихтироот, бинои маъмурӣ ё истиқоматиро аз санҷиш гузаронида, санад таҳия менамояд. Баъзан, дар корхонаву муассисаҳо барои аз ҳисоб баровардани молу анҷому асбобҳо ва ашёи кӯҳнаву фарсудашуда комиссия ташкил карда мешавад. Ҳайати комиссия баъд аз дида баромадани ашёи корхона санад тартиб медиҳад ва аъзои комиссия дар охири он имзо мегузоранд. Агар дар дарсхона (аудитория) дару тирезаҳо, мизу курсиҳо шикаста шаванд, куратор, намояндаи деканат ва ё дигар шахсони масъул, шоҳидони воқеа ва ё комиссияи салоҳиятдор санад тартиб медиҳанд. Комиссияи салоҳиятдор пас аз тафтишу баррасӣ ва аз назар гузаронидан барои роҳбарияти корхона хулоса пешниҳод менамояд. Роҳбари корхона дар асоси санад дастур ва ё фармоиш содир менамояд.
Қисмҳои асосии санад инҳоянд:
1. Номи ҳуҷҷат (санад);
2. Дар гӯшаи чапи варақ – маҳалли таҳияи санад;
3. Дар гӯшаи рости варақ – таърихи таҳияи санад;
4. Вазифа, насаб, ном ва номи падари аъзои комиссияи таҳиякунандаи санад;
5. Матни санад;
6. Пешниҳоду хулосаҳо (агар зарур дониста шаванд);
7. Имзои раиси комиссия ва аъзои он.

Намунаҳо:

Санад
шаҳри Душанбе                                                                                   5 октябри соли 2018

     Мо, дар зер имзогузоштагон комиссия дар ҳайати сармуҳосиб Салоҳиддинова Сабоҳат Ҳоҷиевна – раис, иқтисодчӣ Ғуломова Манзура Бобоевна – аъзо, мудири хоҷагӣ Бобоев Асрор Вафоевич – аъзо, санади мазкурро дар хусуси аз ҳисоби рӯйхати молу ашёи корхона ба сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани мизҳову курсиҳо, кондитсионери ҳуҷраи 5-ум, ҷевони китоби ҳуҷраи 10-ум тартиб додем. Дар корхона 2 (ду) мизу 7 (ҳафт) курсии шикаста, 1 (як) кондитсионери аз кор баромада ва 1 (як) ҷевони шикаста ба ҳисоб гирифта шуданд. Комиссия ба хулоса омад, ки ашёи номбаршуда аз рӯйзати молу ашёи корхона соқит карда (бароварда) шаванд.
     Пешниҳод дорем, ки роҳбарияти корхона барои ба ҷойи ашёи номбаршуда харидории ашёи нав маблағ ҷудо намояд.

Комиссияи салоҳиятдор:
Раис – Салоҳиддинова С.Ҳ.           имзо
Аъзо:
Имзо       /               /   Ғуломова М.Б.
Имзо       /               /   Бобоев А.В.

Санад
шаҳри Душанбе                                                                                   15 декабри соли 2018

     Мо, дар зер имзогузоштагон ҳайати комиссия, ки бо фармоиши декани факулати Иқтисодиёт ва молия ташкил гардидааст, дар ҳайати муовини декан оид ба тарбия Абдуллоев Аҳмад Бобоевич – раис, куратори курси якуми шӯъбаи Кори бонкӣ, гурӯҳи “А” Қурбонов Аҳмад Муртазоевич – аъзо, сардори курси якуми гурӯҳи “А”, шӯъбаи Кори бонкӣ Мирзоев Шодӣ Азизович вазъи аудиторияи 106-умро санҷида, аз назар гузаронидем. Чуноноки, баъзе донишҷӯён гувоҳӣ доданд, ки ду нафар донишҷӯйи ҳамин гурӯҳ – Акобиров Зафар ва Тағоев Акбар дар танаффус бо ҳам муноқиша намуданд ва дар натиҷаи ин амалашон як мизу ду курсӣ шикаста, аз кор баромаданд. Мо, аъзои комиссия дар хусуси шикастан ва аз кор баромадани ашёи мазкур ин санадро тартиб додем.
     Пешниҳод дорем, ки мизу курсиҳои шикаста иваз карда шаванд ва дар бораи донишҷӯёни номбаршуда чораҳо андешида шаванд.

Раиси комиссия – имзо       /               /   Абдуллоев А.Б.
Аъзои комиссия – имзо       /               /   Қурбонов А.М.
Аъзои комиссия – имзо       /               /   Мирзоев Ш.А.

Санад
шаҳри Душанбе                                                                                   2 сентябри соли 2018

     Мо, дар зер имзогузоштагон, ин санадро дар хусуси ба пули нақд 75 (ҳафтоду панҷ) сомонӣ барои китобхонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ДИТ) харидорӣ карда шудани ҷилдҳои 1-ум ва 2-юми китоби “Тоҷикон” – Бобоҷон Ғафуров аз шаҳрванд Азимов Шӯҳрат Бобоевич тартиб додем. Азимов Ш.Б. ду ҷилд китоби “Тоҷикон” – ро ба китобхона супурд ва бо фармоиши ректор маблағи нишондодашударо аз хазинаи ДИТ гирифт. Китобҳо ба фонди китобхона дохил карда шуданд.

Мудири китобхонаи ДИТ       /               /   Муҳаммадиев С.А.
Мудири хоҷагии ДИТ             /               /   Абдолов Ҳ.Б.
Хазинадори ДИТ                    /               /   Ҳокимов А.Ш.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.