То як муддати муайян дохилшаванда (абитуриент) будани талаба пас аз супоридани имтиҳонҳои дуру дарози мушкили дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва гирифтани унвони донишҷӯ ӯ мефаҳмад, ки хатм кардани донишгоҳ низ мисли дохил шудан мушкил аст.
Киҳо аз муваффақият бенасиб мемонанд? Шахсоне, ки:
-Рӯзи худро бе ягон тайёрӣ оғоз мекунанд;
-Дар давоми дарс маълумотро ба дафтар қайд накарда дар ёди худ нигоҳ доштанӣ мешаванд;
-Ба ҷои корҳои мушкил ва муҳим ба корҳои содда ва беаҳамият машғул мешаванд;
-Корҳои худро ба рӯзи охир мемонанд ва баъд вақт наёфта аз ӯҳдааш баромада наметавонанд;
-Дар ҷои корашон тартибу интизом нест;
-Вақте ки вазифаи хонагии худро иҷро мекунанд ба чизҳои хурд аҳамияти зиёд медиҳанд;
-Аз дарсҳо тез-тез мегурезанд.
Киҳо ба муваффақият ноил мегарданд? Шахсоне, ки:
-Эътироз карданро ва аз исён бардоштан фарқ мекунанд;
-Аз зиндагии худ ва дигарон ибрат гирифта, таҷрибаи омӯхтаашонро амалан истифода мекунанд;
-Ба ҳодисаҳо бо чашми хирад нигоҳ карда, дар хулосабарорӣ низ фикру ақидаҳои дигаронро ба инобат мегиранд;
-Ба худ боварӣ доранд ва ҳаёти ояндаи хешро дурахшон мебинанд;
-Дар такмили дониши худ ҳавасманд ҳастанд;
-Ғайр аз дарсҳои ҳаррӯза, дарсҳои иловагӣ мегиранд;
-Ҳадафи муайян доранд ва барои амалӣ гардонидани он кӯшиш мекунанд;
-Қадру қимати мактаби худро медонанд;
-Бо устодони хеш музокира карда фикру ақидаи худро исбот мекунанд;
-Ғайр аз фикрҳои шахсӣ, фикрҳои дигаронро низ ба эътибор мегиранд;
-Боварии худро аз ҷасорат фарқ карда метавонанд;
-Нақшаи ҳаррӯзаи худро иҷро карда, васеъ фикр карда метавонанд;
-Нуқтаҳои муҳимро ба қаӣд мегиранд ва амалӣ мегардонанд;
-Ба атрофиён муомилаи хуб мекунанд;
-Ғайр аз маълумоти додашуда, маълумоти иловагӣ меҷӯянд;
-Чизи дурустро аз нодуруст фарқ карда метавонанд;
-Компютерро истифода бурда метавонанд ва аз навигариҳои техникӣ хабардор ҳастанд;
-Забонҳои хориҷиро медонанд ва аз китобхонаҳои мавҷуда истифода мебаранд;
-Талабаҳое, ки барои лақ-лақ кардан нею, балки барои илм омӯхтан дар мактаб мехонанд, бештар онҳо ба муваффақият ноил мегарданд.
Барои ба даст овардани муваффақият на танҳо дар мактаб, балки дар ҳаёти муқаррарии худ низ барои ба даст овардани муваффақият эҷодкор бояд шуд. Бузургон эҷодкориро хусусияти модарзодӣ нашумурда, балки дар натиҷаи омӯхтан ба даст омадани онро таъкид мекунанд. Эҷод кардан дар асл як тарзи фикркунист, фарқияти ягонааш: «Фарқкунанда» будани он мебошад.
Сирҳои инкишоф додани эҷодкорӣ:
-Бо атрофиёни худ алоқа барқарор намоед. Ба монеае дучор шудед, бо дигарон ҳамсӯҳбат бояд шуд. Ақидаҳои атрофиёнро ба назар гиред.
-Обутоб додани майнаи сар. Бисёр бихонед, тамошо кунед. Роҳҳои гуногуни ҳалкуниро оид ба як монеа биомӯзед. -Ҳангоми дар дарс иштирок кардан бо як чашми худ ҳамсинфонро бояд назорат кард, то ин ки аз ҷавобҳои онҳо бохабар бошед. Оиди як мавзӯъ, фикрҳои якдигарро омӯзед…
-Фикр ва саволҳои худро бояд қайд намуд. Қувваи ҷисмонии худро зиёд кунед, яъне бо варзиш машғул шавед. -Рӯҳафтода мабошед. Шӯхиҳоро ҷиддӣ нафаҳмед. Бадан ва мағзи сарро хуб нигоҳ доред. Фаромӯш насозед, ки кашидани тамоку, нашъамандӣ, арақнӯшӣ ва дигар одатҳои бад асабро хароб мекунад.
10 душмани эҷодкор:
1. Воқеаҳои рўйдодаро дар доираи маҳдуд муҳокима намудан;
2. Саросема шудан ва корро ба анҷом нарасондан;
3. Зӯроварии зиёда нисбати асабҳо ва хаста кардани асаб;
4. Худбоварӣ, беаҳамиятӣ нисбати ақидаҳои дигарон ва тарс;
5. Фикру ақидаҳои худро дар зеҳни худ нигоҳ дошта натавонистан;
6. Дар зиндагии хеш танҳокор будан;
7. Фаросатро як тараф монда танҳо ба илм такя кардан;
8. Воқеаю ҳодисаҳоро дуруст дарк накардан ё дар зеҳни худ тасаввур карда натавонистан;
9. Ба мушкилиҳои оилавӣ, иҷтимоию иқтисодӣ таҳаммул карда натавонистан;
10. Ба корҳо ва шуғлу ҳавасҳои беҳуда майлу рағбат карда, вақти зиёд сарф намудан.
Қоидаҳои тиллоии ба муваффақият даст ёфтан инҳоянд:
-Кӯҳнавард пеш аз ба қуллаи кӯҳ баромадан барои мо гӯё танҳо як шахси худнамо буд. Аммо, вақте ки ба қулла расид, бароямон қаҳрамон аст;
-Қувваатонро барои одатҳои бад истифода набаред;
-Касе, ки ба одатҳои бад машғул мешавад, ба душманони худ силоҳ медиҳад;
-Маълумотро ба манбааш нигоҳ карда, хурд нашуморед;
-Инсонро барои инсон буданаш ҳурмат намоед;
-Шӯхӣ кунед, шӯх бошед, аммо хандаовар набошед;
-Кори иҷрокардаатон бояд бенуқсон бошад;
-Дурӯя набошед;
-Тезтар ба ташаббус шурӯъ кунед;
-Корҳои дурустатон корҳои нодурустатонро мепӯшонад;
-Ҳар як сонияатон бояд барои мақсади олиатон сарф карда шавад;
-Қалбатонро ба ҳавасхона табдил надиҳед;
-Бо қалби соф қадам монед;
-Дар қавли худ истед;
-Устувор буданатон ҳадафро беозор мекунад;
-Тарсатон ба чизе, ки аз ӯ метарсед, қувва мебахшад;
-Қувваҳоятонро хуб идора кунед;
-Пушаймонии самимӣ пеши роҳи хатоҳоеро, ки дар оянда шуданист, мегирад;
-Барои беҳтар ҳал кардани масъалаҳо бояд маслиҳат кард;
-Ба ҷои калид ҷустан худатон калид шуда метавонед;
-Аз ифода кардани мақсади худ натарсед;
-Ҳеҷ гоҳ беморе набошед, ки бояд 3 моҳ пеш ба духтур мерафт;
-Огоҳиҳои хурд қимати бузург доранд;
-Ба инсон наздик шудан аҳамияти калон дорад;
-Як амали хурд, аз сад сухани бисёр хубтар аст;
-Боварӣ рӯҳи қувват аст;
-Назари нек ҳаловат мебахшад;
-Инсонро ба дараҷаи фаҳмишаш кор фармоед;
-Табиӣ бошед;
-Сирру асроратонро то марг нигоҳ доред;
-Сухан гуфтан ё хомӯш будан, ҳалли ҳамаи масъалаҳост;
-Кибр кори кардаро ифлос мекунад;
-Наранҷед;
-Ҳаёт фаромӯш намекунад, исроф ҳам намекунад;
-Баъзан як калима, баъзан як вергул умри шеърро садҳо сол дароз мекунад;
-Чизҳои хурд асоси чизҳои калон мебошанд;
-Ба зидди истисно истисно бояд кард;
-Доимо кӯшиш кунед, ки корҳоро ба дараҷаи аъло иҷро кунед;
-Маълумотҳои истифодабурдашуда ба худ маълумотҳои навро ҷалб мекунанд.
-Фаромӯш кардан офати илм аст;
-Меваи сабр аз асал ширинтар, меваи ғазаб аз заҳр талхтар мебошад;
-Хубиҳоро беҷавоб намонед;
-Бо мувозинат бояд буд;
-Чизи барои худ хостагиро барои дигарон ҳам хоҳиш намо;
-Ту бандаи пул не, балки пул бояд бандаи ту бошад;
-Касе, ки хато мекунад, суханаш таъсир надорад;
-Худатон раҳм кунед, аммо интизори марҳамати дигарон набошед;
-Бо бузургони маслакатон, мароқҳоятон ва ғояҳоятон шинос шавед, ҳамин тавр бисёр таҷрибаи муҳим меомӯзед;
-Ба қадри вақт расед;
-Муаллими муваффақияти бузург бемуваффақиятиҳо мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.