Бо сабаби парешон шудани хотира самаранокии таҳсил паст мешавад. Ҳарчанд вақти бисёр сарф шуда бошад ҳам, вале натиҷаи хубе ба даст намеояд. Боз шахс аз машғулиятҳое дур мегардад, ки ба шавқу завқ ва хоҳиши ӯ мувофиқ аст. Аз тарафи дигар сустшавии фаъолият ва аз шуғли дӯстдоштаи худ дур будан, шогирдро аз мактаб ва дарсҳо низ дур мекунад.
Барои омӯзиши амиқ ва муваффақ гаштан ба мақсади гузоштаи худ унсури асосӣ ин оғоз ва давом додани ҳамон кори саркарда мебошад. Аксари мо ҷумлаҳои зеринро шояд чандин маротиба гуфта бошем:
-Медонам, ки ман бояд хуб хонам, вале натавониста истодаам;
-Китобро ба дастам мегирам, вале чӣ тавре ки гирифтам, боз ҳамон хел мемонам, зеро хонда наметавонам;
-Намедонам чаро, умуман, дарс тайёр карда наметавонам;
-Фикрам зуд парешон мешавад ва ғайраҳо.
Фикр мекунам, ки дар саҳифаҳои баъдина мақсади мо равшан мешавад, ки аз сабаби парешон будани фикрамон ё ин ки пурра диққатамонро ба кори карда истодаамон равона карда натавонистанамон чунин муаммо ба вуҷуд меояд. Бояд қайд кард, ки аксари шогирдонамон: “Фикрамро ҷамъ карда наметавонам, ба бисёр саволҳо аз сабаби беаҳамиятии худам нодуруст ҷавоб додам” – гуфта худро сарзаниш мекунанд. Дар аксари маврид ин ҳолат ба мо нишон медиҳад, ки диққати хонанда нисбат ба ҳалли масъала суст шудааст. Ҳол он, ки хонанда бояд ҳамеша дар ҷидду ҷаҳд бошад.
Агар мақсади муайян ва ё завқи зиёде барои расидан ба мақсад дошта бошед, он гоҳ дарс тайёр кардан осон мегардад. Зеро шумо алакай мақсади муайян доред, ки вақти аниқе барои дарсхонӣ ҷудо карда, худро маҷбур кунед. Минбаъд ин кор одат мегардад. Калиди муваффақиятҳо дар ҳамин аст, ки вақти ҷудокардаатонро дар ҳаёт ба одат табдил диҳед. Баъд шумо фикр мекунед, ки як қувваи ноаёне шуморо ба ин кор ташвиқ мекунад. Кам одаме ёфт мешавад, ки худ аз худ ихтиёран нишаста кор кунад ва ё дарс хонад. Чунин як ҳаёти бонизом дар асоси талаботи муайяне гузаронида мешавад. Чӣ тавре, ки дар боло гуфта гузаштем, агар шахс бошуурона худро идора кунад, иродаи мустаҳкам дошта бошад ва аз рӯи тартиби муайян фаъолият карда тавонад, он гоҳ ин як одати доимию ҷудонашавандаи ҳамон шахс мегардад. Яке аз омилҳои парешонхотирӣ ин хаёлҳои бисёри беҳуда мебошад, ки онҳоро бо якчанд мисоли оддӣ намуна меорем:
-Оё ман ҳамин имтиҳонро супорида метавониста бошам? Агар натавонам!? Ба рӯи падару модарам чӣ тавр нигоҳ мекунам? Рафиқонам бисёр кӯшиш карданд ва баҳои хуб гирифтанд, вале ман ба таври кофӣ тайёрӣ дида натавонистам;
-Ба фикрам оқибати ин корам хуб нест…
-Бисёр мавзӯъҳое ҳастанд, ки ман бояд хонам, вале вақт хеле маҳдуд аст;
-Ман ҳеҷ кор карда наметавонам.
Агар боз дар баробари ин хонанда дар вақти дарс тайёркуниаш дароз кашида мусиқӣ шунавад, телефонбозӣ кунад, ҷамъ кардани диққаташ амри маҳол аст. Зеро аз як тараф фикру андешаҳои дар боло гуфташуда аз тарафи дигар телефону телевизору ғайраҳо диққати хонандаро парешон мекунанду ихтиёри дарсхониро аз дасти ӯ мегиранд.
Тавсияҳо ба талабаҳое, ки худро парешонхотир мешуморанд:
-Асоси мутамарказонидани фикр на ба якчанд кор, балки ба як кор машғул шудан аст;
-Вақте, ки миқдори дарсҳо зиёд мешавад, вақти дарстайёркунӣ ҳам тӯл мекашад. Ин бори гарон қувваи мутамарказонандаро суст мегардонад, аз ин рӯ дарсҳоро бо реҷаи муайян дар вақташ бояд тайёр кард. Дигар ин, ки вақти дарстайёркуниро аниқ муайян кардан сабаби ҷамъ шудани хотир мегардад;
-Шарти дигар тезкорист. Агар шумо кори яксоатаро дар сӣ дақиқа иҷро кунед, ин фаъолият оҳиста-оҳиста боиси самаранокии омӯзиш мегардад;
-Бо мавзӯъ пешакӣ шинос шудан сабаби фаро гирифтани фаъолият ва пайдо шудани шавқу завқ мегардад.
-Ҷудо карда навиштани калимаҳои асосии матн сабаби дар зеҳнатон ба тезӣ нақш бастани мавзӯъ ва дарки амиқи он мегардад.
-Барои парешон нашудани хотир дар вақти нақли муаллим чизҳои асосиро дар дафтаратон нависед;
-Дар вақти такрори мавзӯъ онро аз нав навиштан сабаби тезии хотир ва аниқ фаҳмидан мегардад;
-Дар вақти омӯхтани мавзӯъ қисмҳои асосиашро ҷудо карда сабт кунед ва онро ба рафиқатон фаҳмонед. Ба ин роҳ то кадом дараҷа мавзӯъро аз худ карданатон маълум мегардад;
-Боз барои муайян кардани он, ки мавзӯъро фаҳмидаед ё не, ба худ ба овози баланд савол дода ҷавоб гардонед. Ҳамин тавр маълум мешавад, ки Шумо дарсро хуб фаҳмидаед ё не;
-Фаромӯш накунед, ки дар аввали дарстайёркунӣ ва рафти он ба мушкилӣ дучор шуданатон мумкин аст. Муҳим он аст, ки дар омӯзиш ҷиддӣ ва самимӣ бошед, аз чизҳои хаёлро парешонкунанда парҳез кунед, муҳити хуби корро омода намоед. Дар ҷое, ки самимияту ҷиддият ҳаст, ҳеҷ чиз монеи шумо шуда наметавонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.