Ҳикояи тамсилӣ №15.
Як писарбачае тақрибан 7-8 сола ба тарабхона меояд. Пешхизмат назди ӯ ҳозир мешавад. Писарак аз ӯ мепурсад:
-Яхмоси шоколадӣ доред?
-Албатта.
-Чанд сомонӣ?
-5 сомонӣ.
Писарак пулашро аз кисааш мегирад, мешуморад ва мепурсад:

-Яхмоси арзонтар доред?
Пешхизмат ҷавоб медиҳад: – Ҳа, яхмоси 2,5-сомона низ дорем.
Вақте, ки писарак пули худро аз нав мешумурд, пешхизмат ба ӯ бо нигоҳи сард менигарист, зеро ӯро дар мизи дигар мизоҷон интизор буданд. Дар охир, писарак ба гирифтани яхмоси 2,5-сомона розӣ мешавад. Пешхизмат яхмосро меорад, ба руи миз мегузорад ва тез аз назди ӯ меравад. Писарбача яхмосро мехурад, пулашро ба хазина месупорад ва меравад. Баъд аз рафтани ӯ пешхизмат барои тоза кардани мизи ӯ меояд ва дар ҳайрат мемонад, зеро дар назди қуттии яхмос -2,5 сомонӣ чойпулӣ (чаевые) гузошта шуда буд. Ҳеч гоҳ ба шахс сабаби амалҳои уро надониста баҳо надиҳед!

Хикояи тамсили (14)
Хикояи тамсили (16)