1. Бас кунед шунидани маслиҳатҳои нафаронеро, ки тавре ки шумо зиндагӣ кардан мехоҳед, он гуна зиндагиро надоранд;
2. Рӯзатонро бо ханда оғоз кунед. Ҳеҷ чиз бештар аз ханда наметавонад рӯҳияи шуморо болида гардонад;
3. Саҳаргоҳон ғусл (душ) намоед. Ин амал баробар ба қабули як пиёла қаҳва ба бедоршавиатон мадад мекунад;
4. Аз тамокуву алкоҳол даст кашед;
5. Қаблан банақшагирии рӯзи ояндаро омӯзед;
6. Фикратонро зебову босаводона изҳор намоед. Ба суханонатон аҳамият диҳед. Аз шеваатон калимаҳои ҳақоратомез ва калимаҳо – паразитҳоро истисно кунед;
7. Фикронии мусбӣ дошта бошед. Дар ёд дошта бошед, ки фикрҳои шумо – сароғози ҳама корҳост;
8. Қоматро мавзун нигоҳ доред, рост роҳ гардед;
9. Барвақт аз хоб хестанро ёд гиред. Соатҳои барвақти рӯз ба шумо ҳамеша фурсати бештар даст медиҳад, назар ба вақтҳои баъдӣ;
10. Ба одамон сидқан хушомад гӯед, хайрхоҳ бошед;
11. Ҳамарӯза ба мутолиаи адабиёти манфиатбахш вақт ҷудо намоед, лоақал 30 дақиқа;
12. Ба давидан оғоз намоед, ки ин тобовариро сайқал мебахшад;
13. Аз хоб сер шавед. Худро ба ҳамон як вақт хобидану бархостан одат диҳед;
14. Сайругашти ҳаррӯзаро дар ҳавои тоза ба ҷо оред;
15. Манбаҳои нави ғайрифаъоли даромадро созмон диҳед;
16. Шукргузор бошед аз он ҳама рӯйдодҳое, ки дар давоми 24 соати охир аз сар гузаронидед. Дуои аз ҳама воло – ин шукргузорист;
17. Фикрҳои ҷолиб ва ақоиди судмандро, ки ба саратон меоянд, дарҳол навишта кунед;
18. Ба афроди ношинос табассум кунед;
19. Пеш аз хоб ҳавои ҳуҷраро тоза кунед. Дар салқинӣ хоб равед;
20. Ҳар рӯз ба рубучини бошишгоҳи худ 15 дақиқа ҷудо намоед;
21. Худро барои комёбиҳоятон хурсанд намоед. Ба синамо равед, маҳси касбиро ба нақша гиред ва ё рӯзи худро дар боғи дилхушиҳо гузаронед;
22. Ба таъхиргузориро бас кунед. Фардо – яъне ҳеҷ гоҳ. Ҳар қадаре ки супориши кучак ҳам бошад, қадами аввалро ба таъхир нагузоред, худи ҳозир онро анҷом диҳед;
23. Ба нолидан хотима диҳед. Худи ҳозир ва ба ҳамешагӣ;
24. Аз бозиҳои компютерӣ, бемақсадона нишастан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайругашти аблаҳона дар интернет худдорӣ кунед;
25. Одамонро самимона таъриф кунед, хайрхоҳ бошед.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.