Бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гашта, ҳаводиси хунангезро ба миён овард.
Мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби назму сиёсати нодуруст афтода, ба мавҷи низоъ ва бесарусомонӣ рӯ ба рӯ омад. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба суст гаштани низоми ҷомеа ва парокандагӣ боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд.
Фазои сулҳу субот аз байн рафт. Хисороти дар ин муддат ба миён омада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт. Хатари аз байн рафтани миллат ва қисм-қисм шудани он низ эҳсос мегардид. Хушбахтона, ба василаи нури маърифати азалӣ охирин умед дар дили азият кашидаи халқи тоҷик зинда монда, худро чунин тасало дод:

Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёнии шаби сияҳ сафед аст.

Бешубҳа, офтоби миллат Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат шинохта буд. Дар Иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки бо дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ба халқи азизашро тақдири давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар андак вақт назми ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ масраф намуд.
Хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Ӯ аз чандин музакираҳои бебарор хаста нашуда, бо гузашти зиёд ва олиҳимматӣ ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, яъне 27-уми июни соли 1997 шарафёб гардид. Дар ситоиши ин амали муборак ва корнамоии беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоири халқи тоҷик устод Лоиқ гуфта буд:

Имоми дутарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик ба тоҷик.

Пайдост, ки ҳанӯз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сӯи мост. Аз ин хотир, ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.
Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем. Тоҷикистон дар оинаи чашми Сарвари давлат чунин ба назар мерасад:

Меҳри ту дар вуҷудаму ишқи ту дар дилам,
Бо шир андарун шуду бо ҷон бадар шавад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.