Ақраби соат тик-тик мезад. Ченаки вақтро нишон медод. Инсон бехабар аз он ки умри ӯ мегузарад чашм ба ақрабаки соат медӯзад. Вақт мегузарад, умр мегузарад. Гоҳе босамар, гоҳе беса­мар. Мисли дар­ёст, ки ба оқиб барнагардад, мисли оби аз кӯза рехта, ки ҳаргиз бар­дошта наша­вад, мисли тири аз ка­мон ҷаста, ки баргар­донида наме­шавад, мисли косаи шикаста, ки ба ҳам пай­ванд нагардад.
Вақтро бояд ғанимат донист, онро сарфи корҳои хуб кард. Онро тавре истифода бояд бурд, ки дар оянда аз он пушаймон нашавӣ, онро тавре истифода бояд бурд, ки муфид бо­шад, онро тавре исти­фода бурд, ки аз он нишон боқӣ монад, нишоне, ки аз вақти гузашта дарак диҳад, аз ҳамон вақте ки онро ба фоидаи худ истифода кардӣ.
Вақти гузашта мисли он пи­рамарди қоматхамида аст, ки ҷавонии худро дубора мекобад, он ҷавоние, ки замоне насибаш буд, он ҷавоние, ки нашъаи умри ӯ буд, ҷавоние, ки маънию ҳасти зиндаго­нии ӯ буд. Магар он ҷавонӣ, маънию ҳастии зиндагӣ дубора бармегар­дад? Магар тири аз камон ҷаста боз барме­гардад? Магар он оби гузашта ба қафо барме­гардад? Оҳ, оҳ он вақти гузашта, сад дареғи он вақти гузаштаи аз даст рафта, вақти гу­заштаи ба боди сабо рафта.
Афсӯс мехӯрем, афсӯс аз он вақти аз даст рафта, ки пурсамар набуд, эътиборе надодем, ҳис накар­дем, мушоҳида накардем. Чун пой­банди ҷойгаҳ гардидем, чашмона­мон ба ҷуз сақфи хона чизе наме­бинад ба дуриҳои дур назар меаф­канем, ба он дуриҳои дур, ки гузаш­тааш ном мебаранд, гузаштае, ки ба саҳифаҳои таърих табдил ёфтааст. Онро дар тарозуи ақл бармекашем, меандешем, худро маломат меку­нем. Лек ҳайҳот, фиғон мекашем, оҳисард аз дили пурдард мекашем, фарёд мезанем бар сӯи даргоҳи Худованд:
-Худованди бузург! Маро бубахш, маро, як бандаи оҷизатро, як бандаи оҷизе, ки умр сарфи корҳои беҳуда кардааст, дарахте нашинонидааст, манзиле обод на­кардааст, кори савоберо иҷро накар­дааст, аз он барои худ тӯшаи роҳ тайёр накардааст. Он бандае, ки аз вақти аз даст рафта ангушти надо­мат ба дар мезанад, афсӯс мехӯрад, ба худ мепечад, тарс аз дидори ту дорад, бо вохӯрӣ бо ту омода нест.
Дар чашмонамон ашк ҳалқа мезанад, чаш­монамон пуроб мегар­дад. Чашмонамон пуроб мегардад дар ҳамон вақте, ки кор илоҷ надо­рад, ҷавонию ғурур надорад, пирию барҷомондагӣ наси­баш гардидааст. Боз оҳ мекашем, худро ба ҳар кӯй мезанем, сари худро меқапем. Магар ин хатогии мо ислоҳе дорад? Барои чӣ ба суха­нони пандомез диққат надодем? Баръакс, онро инкораш наму­дем, худро одами ботамиз пиндоштем, бехабар аз он, ки мо аз одами бота­миз фарсахҳо дур ҳастем, аз он дар мо нишонае нест. Пас, одами бота­миз кист? Ба саволи худ ҷавоб меҷӯем, ба са­воли худ аз ғайб ҷавоб мешунавем. Ҷавобаш таҳаммулнопазир аст, лекин таҳаммулаш мекунем, тоқатнопазир аст, лекин бардошт мекунем, мисли ҳақиқат талх аст, қабулаш мекунем. Зеро гунаҳкорем, гунаҳкорем дар назди Худованд, ки шукронаи неъмати ато намудаш накардем, гунаҳкорем дар назди воли­дайни худ, ки дар пирӣ хизмати онон на­кардем, қадамҳои ононро нури ба­сар накардем, гунаҳкорем дар назди насли худ, дар назди насли худ, ки баҳрашон фарҳанге ме­рос намондем то меросаш монанд.
Оҳ, оҳ тақдир чигуна сахт аст, талху нангин аст, бо гузаштаи хубаш сар­баландист, бо гузаш­таи бебақои худ нангин аст. Оҳ мекашем, оҳ аз дили пурдард, аз айёми гузашта, аз вақти аз даст рафта…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.