Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даврони пирии ӯ гардад. Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба ин маънӣ шодравон Лоиқ хуб ҳам фармудааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро баҳри фарзанд мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Барҳақ, шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дар ҳама ҳолат, чӣ ҳозиру чӣ дар ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад, модар…
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро бо он ҳама дилсӯзию мушфиқиаш, бо он ҳама меҳру муҳаббаташ ба коми фаромӯшӣ месупорем ва гоҳҳо носипосиҳоеро баҳраш раво медорем. Аммо баъд, аз кирдор ва рафтори хеш пушаймон мешавем, ки кайҳо дер шудаасту дигар ӯро пайдо карда наметавонем. Моро тарк гуфтани модар дар ин дунёи бевафо фоҷиаи хеле гарон аст:

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз махзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Ҷои шакку шубҳа нест, ки такя дар паҳлӯи модар ва хоб дар рӯи зонуи модар беҳтарин лаҳзаи умри мо буду ҳаст:

Такя дар паҳлӯи модарҷон, ғанимат будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.

Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса касб кардааст. Пайғамбарону анбиё ва шуаро симои воқеии ӯро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст». Шоири тавоно ва сӯфии беназир Шайх Аттор ин ҳадисро дар пироҳани назм пешкаши хонандагон қарор додааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Бемуҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ўро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш сарсабзу хушбахт ва шӯҳратёр мегардад:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар…

Ҳама пайғамбарону анбиё, олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои устод Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Зиҳӣ, модарам. Зиҳӣ, давлати бедорам. Зиҳӣ, модарам, ки бо ҷону дил дӯсташ медорам. Зиҳӣ, модар!
Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте, ки модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.
Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.
Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту, туро ёд кардам.
Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту розӣ дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил кардӣ. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобӣ кашидӣ, ду ҷуйбори ширатро аз ман дареғ надоштӣ. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат чаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дурӣ дилам шикаста аст мисли намози мусофир.
Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.
Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.
Дар ҳаққи модар чӣ қадар сухан гӯем кам аст… онҳо хеле бузурганд!
Рӯзе як нафар пеши Пайғамбарамон (с.а.с) меояд ва мепурсад:
Эй Расули Худо ба ки ман хушрафторӣ кунам, киро хуб нигоҳ кунаму эҳтиром кунам?
Пайғамбари бузург (с.а.с) мегӯяд: Ба модарат.
Вай шахс боз мепурсад, баъд ба ки?
Пайғамбарамон боз мегӯянд ба модарат.
Он шахс, дафъаи 3-юм мепурсад
Пайгамбарамон боз ба МОДАРАТ мегӯянд.
Вақте боз мепурсад… Пайгамбари бузург он вақт ба Падарат мегӯянд.
Ин бузургии Модарро бинед, ки Пайғамбарамон 3 бор ба модарат мегӯянд…


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.