Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хохӣ.

Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дуран­дешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боадаб буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рӯ, аз чеҳраи шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд.
Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфтааст:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир адаб роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд. Зеро фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст: “Луқмони Ҳакимро пурсиданд:
-Адаб аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам”.
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ, ҷомеа моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисотро бо тарозуи адаб баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Мисли оне, ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад.
Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Одоб дар назари аҳли адаб худ бахту саодат, давлати ноёб, эътибору тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфтааст:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Мутассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал ме­кунанд. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест.
Абулҳасани Фаррухӣ гуфтааст:

Зи нури рӯз гурезад ҳамеша зулмати шаб,
Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.

Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин са­раввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андӯхтан,
Пас дигар касро адаб омӯхтан.

Бадриддин Ҳилолӣ бо як илҳоми шоирона хеле бамаврид мегуяд:

Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.