Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Аломатҳои китобати таркиби ҷумла

Аломати вергул Аз ҳамаи аломатҳои китобатӣ серистеъмолу сервазифатаринаш вергул аст. Вай дар таркиби ҷумлаҳои сода ва мурккаб барои нишон додани ҳудуди аъзоҳои чида, ҳудуди ҷумлаҳои ҷудогона, ҳатто мавқеи паузаҳо воситаи муҳим мебошад. Вергул дар таркиби ҷумлаҳои сода барои аз ҳамдигар ҷудо кардани аъзоҳои чидаи ҷумла, калима, таркиб ва ҷумла хизмат мекунадАЛОМАТҲОИ КИТОБАТИ ТАРКИБИ ҶУМЛА

АЛОМАТИ ВЕРГУЛ (,)

Аз ҳамаи аломатҳои китобатӣ серистеъмолу сервазифатаринаш вергул аст. Вай дар таркиби ҷумлаҳои сода ва мурккаб барои нишон додани ҳудуди аъзоҳои чида, ҳудуди ҷумлаҳои ҷудогона, ҳатто мавқеи паузаҳо воситаи муҳим мебошад. Вергул дар таркиби ҷумлаҳои сода барои аз ҳамдигар ҷудо кардани аъзоҳои чидаи ҷумла, калима, таркиб ва ҷумла хизмат мекунад. Аз ин ҷост, ки ин аломати китобатӣ дорои вазифаҳои грамматикӣ буда, вазифаи онҳо дар матн ба туфайли саволҳои махсус муқаррар мешавад.

Вергул яке аз серистеъмолтрин аломатҳои китобатӣ буда, аз алифбои лотинӣ ба тоҷикӣ ворид шудааст. Он аслан вожаи франсавист ва дар луғатнигории тоҷик ҳамчун аломати ист (пауза) мавриди истифодаи зиёд дорад. Фосилаи исти вергул нисбат ба исти нуқта камтар буда, ба хонанда далолат медиҳад, ки пас аз ин ё он калимаю ибора, ифода, мафҳум, таркиб ягон унсури дигаре хоҳад омад ва ба талаффузаш омода бояд шуд.

Он дар мавридҳои зайл истеъмол мешавад:

1. Дар байни аъзоҳои ҷумла, ки бе пайвандакҳои паиҳам ё ҷудой омадаанд.

Дар чунин ҷумлаҳо ягон аъзои ҷумла чида шуда меояд ва мувофиқи қоидаи имло ҳар як унсури чидашударо бо вергул ҷудо кардан лозим аст: У сурхчарўй, мешчашм, хурмоириш, бадабрўй ва дарозмижгон буд (С.А.) .

2. Дар забон калима, таркиб, ибора ва ҷумлаҳое кор фармуда мешаванд, ки барои ифодаҳои маъноҳои гуногун ва муносибати махсуси гўянда хизмат менамояд: ба ин нигоҳ накарда, мисол, масалан, чунончи ,яъне, ба мисоли , ҳақиқатан, эҳтимол, хайрият, воқеъан, аз ду сар, хулоса, афсўс, хушбахтона, ба болои ин, аз рўи одат, ба ростӣ , аз ҷониби дигар…

3. Пеш аз вожаҳои ёвар (яъне, аз ҷумла , аз он ҷумла, гузашта аз ин, хусусан, махсусан, алалхусус, хулласи калом, калом, масалан) гузошта шуда, барои эзоҳи иловагии фикри ҷумла кўмак мерасонад:

Дар ҷумлаҳои мураккаб пеш аз пайвандакҳои аммо, вале, лекин , балки, ё, ё-ё , ё ки, ё ин ки, хоҳ- хоҳ , хоҳ ва ғайра, гузошта мешавад: Адаб чизи безарар аст, аммо ба даст овардани он осон нест.

Дар байни нутқи айнаннақлшуда гўянда ё нависанда сухани худашро илова намояд, аз ду тараф бо вергулу тире аз нутқи айнаннақлшуда ҷудо карда мешавад: «Андак истед, – гуфт Нуралй, – ҳозир масъаларо ҳал мекунем» (С. У.)

ТИРЕ

Тире вожаи франсави буда, маънои луғавияш рахча, хатча аст. Ҳамчун аломат дар тамоми алифбои кириллй ва лотиниасос истифода мешавад. Он аломати ист (пауза, танфис) буда, бо хатчаи уфуқӣ ба андозаи ду ҳарф гузошта мешавад.

Аломати тире дар мавридҳои зайл истифода бурда мешавад:

1. Дар ҷумлаҳое, ки феълҳои ёридиҳанда ё бандакҳои хабарии номй мегузоранд: Об—манбаи ҳаёт( Об манбаи ҳаёт аст). Набера – магзи донак; Мурғ- хазинаи рўзғор.

Дар чунин ҷумлаҳо тире вазифаи феълҳои ёварро адо мекунад. Масалан: Об манбаи ҳаёт аст. Ин яке аз фарқҳои он аз аломати нимтире мебошад.

2. Байни аъзоҳои чидаи ҷумла ва калимаю воҳидҳои хулосакунанда: Марду зан, пиру ҷавон– ҳама дўстдори ў буданд.

3. Байни исмҳои хоси ифодагари ду ё якчанд маҳаллу макон, самту ҳаракат, ҳудуду масофа ва фосила : Роҳи Душанбе — Хуҷанд роҳи ваҳдати Тоҷикистон аст.

НИМТИРЕ (ДЕФИС)

Аломати нимтире дар чунин ҳолатҳо гузошта мешавад:

1. Дар байни калимаҳои таркибие, ки ҷузъи дуюмашон маънои муайяни лексикӣ надоранд: нон-пон,чой-пой,бозор-мозор…

2. Дар байни калимаҳои таркибиии тақлидии овозӣ : шар-шар,чир-чир…
3. Дар таркиби сифатҳои таъкидӣ : сап-сафед, сип-сиёҳ…
4. Дар байни сифатҳои таркибии нисбӣ: илмӣ-техникӣ,сиёсӣ-иҷтимоӣ…
5. Дар байни шумораҳои тахминӣ: ду-се, сӣ-чил…
6. Пеш аз калимаи сифатии пас аз рақам навишташуда: 10-солагӣ…
7. Пеш аз пасванд: -ро
8. Дар назм байни чунин калимаҳои кўтоҳшуда: з-ин,з-он,к-у,к-ин…
9. Ҳиссачаҳо дар охири исм: -мӣ, -чи, -а, -дия
10. Нидои такрор: ҳа-ҳа, воҳ-воҳ, беҳ-беҳ, иш-иш
11. Пасоянди «-ро» баъд аз калимаҳое, ки дар нохунак гирифта мешаванд.
12. Ҷонишини номуайянӣ : ким-кӣ, ким-чӣ, ким-кадом
13. Зарфҳои такрор: кам-кам, зуд-зуд,оҳиста-оҳиста,тез-тез…
14. Феълҳои ҳоли такрор: хандон-хандон, ларзон-ларзон…

Инчунин дар баъзе дигар ҳолатҳо низ дефис гузошта мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.