Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Зада ва меъёрҳои талаффузи забони тоҷикӣ

Аз байни ҳичоҳои калима яке нисбат ба дигаре шиддатноктар ва пурқувваттар талаффуз карда мешавад. Нисбатан шиддатноктар ва бо оҳанги махсус талаффуз карда шудани яке аз ҳичоҳои калима зада ном дорад: китоб, хола, дарахт, замин, осмон. Ҳичое, ки зада ба болои он меафтад, ҳичои заданок ва ҳичохои дигари худи ҳамон калима ҳичои безада номида мешавадЗада ва меъёрҳои талаффузи забони тоҷикӣ
Аз байни ҳичоҳои калима яке нисбат ба дигаре шиддатноктар ва пурқувваттар талаффуз карда мешавад. Нисбатан шиддатноктар ва бо оҳанги махсус талаффуз карда шудани яке аз ҳичоҳои калима зада ном дорад: китоб, хола, дарахт, замин, осмон.
Ҳичое, ки зада ба болои он меафтад, ҳичои заданок ва ҳичохои дигари худи ҳамон калима ҳичои безада номида мешавад. Пурқувват гуфта шудани ҳичо ба чараёни ҳаво вобаста аст.
Он чараёни ҳаво, ки дар вақти талаффузи калима нисбат ба қисмҳои дигари худи ҳамон калима бошиддат берун меояд ва бо ин вобаста вазну оҳанги як ҳичоро аз дигараш фарқ мекунанд, зада номида мешавад.
Зада дар калима дар болои яке аз овозҳои садонок меафтад. Ин гуна задаро задаи калима меноманд. Вазифаи задаи калима аз муайян кардани маъно ва меъёри талаффуз иборат аст.

Зада ду хел мешавад.
1. Задаи қуввагӣ ё динамикӣ
2. Задаи тонӣ ё мусиқавӣ

1.Задаи қувваги он аст, ки як ҳиҷои калима аз дигар ҳиҷои он шид-датноктар ё баландтар талаффуз мешавад. Ин хел зада ба забонҳои руси ва точики хос аст.
2.Задаи тони ё мусиқави он аст, ки дар калима ҳичои заданок аз безада бо воситаи лаҳн (тон) фарқ мекунад. Чунин зада ба забонҳои поляки, франсузи, точики ва дигарҳо хос аст.
Зада дар забонҳои чаҳон мавқеи муаяйн дорад. Вай дар қисмхои гуногуни калима меафтад. Дар баъзе забонҳо зада дар калима чои муайян дорад.
Масалан, дар забони чехӣ чои зада ҳиҷои аввали калима, дар забони поляки дар ҳиҷои пеш аз охирин, дар франсузи дар ҳичои охирин мебошад.
Дар забони точики мавқеи зада дар калима ба тариқи зер аст:

Дар исмҳо зада асосан дар охири калима меояд: китоб, ситора, қалам…
Агар ба ин гуна калимахо пасванд ҳамроҳ карда шавад, зада ба қисми иловашуда мегузарад: хона-хонаги, корхона-корхонаҳо.

Дар сифатҳо ҳам монанди исм зада дар охири калима меафтад: калон-дилкаш, ширин, дилписанд… Дар охири сифат ягон ҳисса илова шавад, зада ба он мегузарад: хуб-хубтар;

Агар пешванд илова гардад, зада асосан дар охири калима мондан мегирад, масалан даркор-нодаркор, савод-бесавод.

Баъзан дар ҳолати илова шудани пешванд задаро ҳам ба аввал, ҳам ба охири калима овардан мумкин аст: фоида-бефоида, маҳсул-бемаҳсул.

Дар сифатхои мураккаб ҳам зада дар ҳиҷои охирин меояд: қадбаланд, дилнишин, хушбаён.

Дар сифатхои таъкиди зада хусусияти дугона дорад. Вай гоҳо ба ҳиссаи таъкиди, гоҳҳо ба ҳичои охирини калима вобаста шуда меояд.

Ин ҳолат ба тарзи ифода ва тобиши маъноии фикр вобаста аст: калон – кап-калон, сурх – суп-сурх, сафед – сап-сафед…
1. Дар шумора, чонишинхои мураккаб масдар ва сифати феъли ҳам чои зада дар охири калима аст: моён, шумо, хамин, хамон.
2. Дар феълхо мавқеи асосии зада ҳичои аввал аст. Агар ба феъл пешванд ҳамроҳ шавад, зада ба он мегузарад: рафтам, меравад, биравад. Дар феълҳои замони ояндаи дур (таркиби), ки феъли ёридиҳандаи онҳо аз шакли аорист иборат аст, зада дар ҳичои якуми феъли ёридиҳанда гузашта мешавад: хоҳам омад, хоҳам гуфт, хоҳам фиристад.
Дар феълҳои замони гузаштаи дур ва ҳозираи давомдор низ ҳамин қоида нигоҳ дошта мешавад: рафта будам, гуфта будам, хонда истодаем.
Агар феъл дар шакли инкори омада бошад зада ба ҳиссаи инкори мегузарад: наравед, хондед.
Дар категорияҳои зарфҳо ҳам зада асосан дар охири калимахо меоянд: оҳиста, дустон.
3. Дар калимаҳои ёридиҳанда мавқеи зада муайян нест. Дар онҳо зада ҳамеша дар як чои мукаррари намеояд. Дар ҳиссаи ёридиҳанда мавқеи зада устувор нест: оре, аммо, оё, зеро, хатто.
Ба номҳои точики пасвандҳои фамилясози –ов, -ова, -ев, -ева илова шаванд, зада ба онҳо нагузошта дар чои аввали худ меистад.
Мансур-Мансуров-Мансурова
Зада қабул намекунад:
– бандаки изофи «и»
– пасванди номуайяни ва ягонаги «е»
– пасванди «ро»
– бандакчонишнҳои соҳиби (-ам, -ат, -аш, – амон, -атон, -ашон)
– бандакҳои феъли ва хабари (-ам, -и, -аст, -е, -ед, -онд)
– пайвандакҳои пайвасткунанда у (ю), хам
– пайвандаки тобеъкунандаи «ки»
ғоя ва мавқеи зада дар калимаҳо калон буда, ҳамешаги он аз инҳо иборат аст:
1. Задаи калимаги ҳамчун воситаи грамматика барои чудо кардани маънои калимаҳо хизмат мекунад.
Сузон (сифат) – сузон – (феъли фармоиш)
Бардошт (исм) – бардошт – (феъл)
Гуё (сифат-забони гуё) – гуё – хиссача
Бино (бинои баланд) – бино (дидаи бино)
2. Зада барои муайян кардани тарзи хониш ва равиши ифода, барои муайян кардани нормаи талаффуз хизмат мекунад:
гулзор, Холиков, омма, фолклор
3. Задаи ҳичоги барои дуруст фаҳмонидани масъалаҳои имло барои муайян кардани калимаҳои мураккаб (хусусан дар забони точики) хизмат мекунад.

Якрав – як рав
Пахтакор – пахта кор
Пахтачин – пахта чин
Инсон – ин сон

Гайр аз ин дар чумла ба мақсади таъкид яке аз калимаҳо баландтар талаффуз карда мешавад, яъне дар болои як калимаи бутун низ зада меафтад, ки онро задаи мантики мегуянд. Бо ёрии задаи мантики гуянда мақсади асосиро ба шунаванда махсусан изҳор кардани мешавад.
Задаи мантиқи воситаи асосии чалб намудани диққати шунаванда ба ин ё он қисми нутқ мебошад.
Касеро, ки дастат расад, даст гир
Ки фардо ҳамон бошадат дастгир.
Ҳофиз

Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сон,
Надорад қадру қимат мисли инсон?
М. Турсунзода

Саволҳо аз рўи мавзўъ:
1. Зада чӣ маъно дорад?
2. Дар забони тоҷикӣ ҷои зада асосан дар куҷои калима аст?
3. Дар кадом ҳиссаҳои нутқ зада метавонад ба ҷои аввал ояд.
4. Зада дар кадом ҳолатҳо гузошта намешавад.
5. Бандакҳо зада қабул мекунанд ё не?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.