Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Имлои зарфҳо

Зарф ҳиссаи мустақили нутқ буда, ҳолат, тарз, замон, макон, вақт, сабабу мақсади кору ҳаракатро мефаҳмонад. Чун зарф маъноҳои зиёдеро ифода мекунад, дар ҷумла зарф фаровон истифода мешавадИМЛОИ ЗАРФҲО

Зарф ҳиссаи мустақили нутқ буда, ҳолат, тарз, замон, макон, вақт, сабабу мақсади кору ҳаракатро мефаҳмонад. Чун зарф маъноҳои зиёдеро ифода мекунад, дар ҷумла зарф фаровон истифода мешавад.

Зарфҳо аз ҷиҳати маъно ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

1.Зарфи тарзи амал (саросема, кам, зуд, савора…)
2.Зарфи монандӣ (тирвор, бачаёна, барқсон…)
3.Зарфи миқдор (бисёр, андак, хеле…)
4.Зарфи замон (ҳоло, гоҳо, зуд, минбаъд, ҳанўз…)
5.Зарфи макон (дарун, берун, боло, поён…)
6.Зарфи мақсад (қасдан, зўран, лутфан, дидаву дониста…)
7.Зарфи дараҷа (бағоят, басе, беҳад, торафт…)
8.Зарфи сабаб (ночор, ноилоҷ, тасодуфан…)

Тарзи навишти зарфҳо

Якҷоя навишта мешаванд:
а) зарфҳое, ки бо пешвандҳои ба -, бар -, бо -, бе -, дар -, но -, то – сохта шудаанд: баногоҳ, бакуллӣ, баҳузур, батафсил, барвақт, бардурўғ, барқасд, бодиққат, бомуваффақият, бемаврид, ногоҳ, торафт ва ғайра;
б) зарфҳои мураккаб: дузону, дупаҳлу, дучанд, якзайл, якпаҳлу, чорзону, кинояомез, пасфардо, порсол, умрбод, перорсол, парешаб ва ғайра;
в) зарфҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои – а ва – ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: дукаса, дудаста, дутоӣ, даҳсўмӣ, садметрӣ, шонздаҳгазӣ, седонагӣ, панҷдонагӣ ва ғайра.
Агар ҷузъӣ шуморавии ин зарфҳо бо рақам ифода ёбад, бо дефис навишта мешавад: 10-сўмӣ, 300-граммӣ, 10-тоннагӣ ва ғайра;
г) зарфҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнванди – о – ( -е -) сохта шудаанд: дуродур, саросар, лаболаб, пасопеш, паёпай ва ғайра;
д) зарфҳое, ки аз ибораҳои исмии изофӣ ва таркибҳои ҷуфт ба воситаи пасванди – ор сохта шудаанд: баргибеддор, кандуасалвор, пуштимоҳивор, ҳалвоитарвор, мўрумалахвор ва ғайра.
Зарфҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд, бо дефис навишта мешавад: аҳён-аҳён, доман-доман, даста-даста, гурўҳ-гурўҳ, зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, сето-сето, ҷо-ҷо, халта-халта ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:
а) зарфҳое, ки аз такрори калима ва пешоянд иборатанд: дам ба дам, рўз то рўз, ваҷаб ба ваҷаб, сол ба сол, хона ба хона, шаб то шаб ва ғайра;
б) зарфҳое, ки аз ибораи изофӣ пайдо шудаанд: дасти холӣ омадан, сари остин са¬лом кардан, сари по нишастан, пои луч давидан ва ғайра.
Дар зарфҳое, ки аз шумораи миқдории таркибӣ ва исми ченаку андоза бо пасванди -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд, танҳо калимаи охири шумора бо исм якҷоя навишта мешаванд:чорсаду панчоҳкилоӣ, сиву ҳашткилоӣ, шашсаду наваду нўҳсоатӣ, ҳафтсаду наваду шашдонагӣ ва ғайра.
Агар ҷузъи шуморавии ин зарфҳо бо адад ифода ёбад, бо дефис навишта мешавад: 450-килоӣ, 107-тоннагӣ, 645-донагӣ, 162-нафа-рӣ, 117-сарӣ ва ғайра.

Саволҳо аз рўи мавзўъ:
1. Зарфҳо аз рўи маъно чанд хел мешаванд?
2. Зарфҳо аз ҷиҳати сохт чӣ хел мешаванд?
3. Зарфҳои тарзи амал кадомҳо ҳастанд?
4. Зарфҳои миқдор кадомҳоянд?
5. Зарфҳои макон кадомҳоянд?
6. Зарфҳои замон кадомҳоянд?
7. Зарфҳои сабаб кадомҳоянд?
8. Зарфҳои мақсад кадомҳоянд?
9. Зарҳои дараҷа кадомҳоянд?
10. Зарф ба кадом аьзои ҷумла тобеь шуда метавонад?
11. Кадом зарфҳо ҷудо навишта мешаванд?
12. Зарф ба вазифаи кадом аьзои ҷумла меояд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.