Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Имлои исмҳо

Исмҳои навъи зерин ду тарзи навишт доранд: а) баъзе исмҳое, ки бо ҳамсадои ҳ тамом мешаванд: роҳ– раҳ, моҳ – маҳ, коҳ – каҳ, гоҳ – гаҳ, рўбоҳ – рўбах ва ғайра. б) як гурўҳ калимаҳое, ки бо ҳамсадои й ба охир расидаанд: рўй – рў, мўй – мў, кўй – кў, ҷўй – ҷў, пой – по, сарой – саро, шўй – шў ва ғайраИмлои исмҳо

Исмҳои навъи зерин ду тарзи навишт доранд:
а) баъзе исмҳое, ки бо ҳамсадои ҳ тамом мешаванд: роҳ– раҳ, моҳ – маҳ, коҳ – каҳ, гоҳ – гаҳ, рўбоҳ – рўбах ва ғайра.
б) як гурўҳ калимаҳое, ки бо ҳамсадои й ба охир расидаанд: рўй – рў, мўй – мў, кўй – кў, ҷўй – ҷў, пой – по, сарой – саро, шўй – шў ва ғайра.
в) исмҳои зерин: армуғон – армағон, арғувон – арғавон, гўсфанд – гўспанд, дарафш – дирафш, нахчир – нахҷир, фил – пил, фирўз – пирўз, савол – суол, сафеда – сапеда.

Якҷоя навишта мешаванд:
а) артикли арабии ал – бо исм: алқиса, Алберунӣ, Алхоразмӣ, алвидоъ, алҳазар, алқиёс, алғараз ва ғайра;
б) исмҳои мураккабе, ки аз ду ва ё зиёда асос сохта шудаанд: гулдаста, садбарг, гарданбанд, падарарўс, сарфармондеҳ, хештаншинос, занбўриасалпарвар ва ғайра.
в) исмҳое, ки аз феъли таркибии номӣ ва ибораи феълӣ бо пасвандҲои – ӣ ва – ак сохта шудаанд: пешвозгирӣ, корсозӣ, навсозӣ, мўчинак ва ғайра;
г) исмҳое, ки аз шумораву исм бо пасванди – а сохта шудаанд: себарга, чоркунҷа, дуоба, чоргўша, сепоя ва ғайра;
ғ) исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои – у – ва – о – сохта шудаанд: гуфтушунид, гуфтугў, рафтуомад, гирогир, даводав, хезохез ва ғайра;
д) исмҳои мураккабе, ки аз ибораҳои иқтибосии арабӣ ба воситаи артикли – ал сурат ёфтаанд: маликушшуаро, Мовароуннаҳр, дорулфунун, Равзатуссафо ва ғайра.

Бо дефис навишта мешаванд:
а) исмҳое, ки чузъи шуморавиашон бо адад ифода шудааст: 1000-солагии зодрўзи Абўалӣ ибни Сино, 15-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1000-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва ғайра;
б) исмҳои мураккабе, ки аз такрори калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ ба вуҷуд омадаанд: гулдур-гулдур, гум-гум, чир-чир, қар-қар, милт-милт, ялт-ялт ва ғайра.
Ин калимаҳо бо пасванди калимасоз якҷоя навишта мешаванд: пирпирак, фирфирак, шаршара ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:
а) таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки –у сурат ёфтаанд: афту андом, гўшту нохун, молу ҳол, ишқу ҳавас, обу ҳаво, шаъну шараф, саъю кўшиш ва ғайра.
Вале ҷузъҳои калимаҳои навъи обутоб, сарутан, сурулибос, сарупо, сарукор якҷоя навишта мешаванд.
б) чузъҳои номҳои таркибии ҷуғрофӣ, ки аз ибораи изофӣ ташкил шуда, маънои луғавӣ ва задаашонро нигоҳ доштаанд: Варзоби Боло, Осиёи Марказӣ, Сари Хосор, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур, Қалъаи Лаби Об, Ростови Дон, Сибири Шарқӣ ва ғайра.
Агар маънои луғавии ҷузъи дуюми ин навъ исмҳо хира ё гум шуда, ҳар ду ҷузъ як зада пайдо карда бошанд, якҷоя навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Мавҷигул, Сарвиноз, Мардихудо, Ҳуснигул ва ғайра.
в) исмҳои таркибии изофии зерин: ангури дили кафтар, аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом, зардолуи рухи ҷонон, сатини гули гандум ва ғайра.
г) исмҳои таркибӣ аз қабили мактаби интернат, вагони рестoран, механики ронанда, муҳандиси сохтмон ва амсоли инҳо.

Ному насаб ба таври зайл навишта мешавад:
а) бо бандаки изофӣ: Ҷовиди Ораз, Синои Карими Ҳотам, Ҳусайни Воизи Кошифӣ, Маликаи Фатҳуддини Абулкарим ва ғайра.
Исмҳои хос бе бандаки изофӣ Ҳам ифода мешаванд: Аминҷон Шукўҳӣ, Ғаффор Мирзо, Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим ва ғайра;
б) бо пасвандҳои – ӣ, – зода ( – зод, – иён, – пур, -духт: Ансорӣ, Баҳорӣ, Мирзода, Афсаҳзод, Нодириён, Салимпур ва амсоли инҳо.

Имлои исмҳои хос
Бо ҳарфи калон навишта мешаванд:
1) номҳои Худо : Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Яздон, ОллоҲ;
1а) ном, номи падар, тахаллус ва нисбаву лақаб: Анвари Каримзода, Зафари Назарпур, Нилуфари Ҷамшеддухт, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ғайра.
Калимаҳои ибн, бинт, валад дар байни ному номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Абўалӣ ибни Сино, Ёдгор валади Бозор, Нодира бинти Назар ва ғайра.
Калимаи ибн дар аввали исми хос ҷудо ва бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Ямин, Ибни Мансур ва ғайра;
2) номи сулолаҳои таърихӣ: Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва ғайра;
3) исмҳои хос пасванди ҷамъбандӣ гиранд ҳам, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Анварҳо, Одинаевҳо, Шарифҳо, Раҳимзодаҳо ва амсоли инҳо.
Вале исмҳои хос ҳамчун унсури калимасоз воқеъ гарданд, бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: саъдисифат, ҳофизшиносӣ, хайёмпарастӣ, анварихонӣ, шоҳномахонӣ ва ғайра;
4) Ҳар калимаи номи мақомоти давлатӣ, мансабҳои олӣ, парчам ва нишони миллӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;
5) калимаи аввал ва исми хоси дохили номи таркибии унвонҳои фахрии давлатӣ ва мукофоти олӣ: Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи байналмилалии Нобел ва ғайра.
6) исмҳои хоси маъмуриву сиёсӣ ва ҷуғрофӣ (номи мамлакат, кишвар, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, уқёнус, баҳр, дарё, кўҳҳо, сайёраҳо) ва амсоли инҳо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Амрико, Қўрғонтеппа, Хуҷанд, Самарқанд, уқёнуси Ором, дарёи Вахш, ноҳияи Ҳисор, Офтоб, Моҳ, Замин, Зўҳра, Зуҳал ва ғайра;
7) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ ва фарҳнгӣ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи илмии омўзгорӣ, Китобхонаи миллии Фирдавсӣ ва амсоли инҳо.
8) ихтисораҳое, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд; ДДМТ (Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон), АИ (Академияи илмҳо), СММ (Созмони Милали Муттаҳид), ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайра;
9) Ҳар калимаи номи таркибии ҳодиса ва воқеаҳои таърихӣ: Рўзи Истиқлоли Тоҷикистон, Исёни Муқаннаъ, Шўриши Восеъ ва ғайра;
10) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии асарҳои бадеӣ, илмй, маҷаллаю рўзномаҳо, суруд, мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ: Духтари оташ, Писари Ватан, Садои Шарқ, Садои мардум, Чархи гардун, Сарахбори кўҳистон, Чўли Ироқ ва ғайра;
11) номи фурўшгоҳ, кинотеатр, ошхонаву чойхона ва нақлиёт: ширкатҳо, иттиҳодиҳо: бозори Баракат, фабри¬каи Ширин, кинотеатри Ватан, ресторани Фароғат, фурўшгоҳи Моҳи нав, автобуси Икарус, мошини Волга ва ғайра.

Саволҳо аз рўи мавзўъ:
1. Кадом исмҳо якҷоя навишта мешавад?
2. Кадом исмҳо ҷудо навишта мешавад?
3. Кадом исм бо дефис навишта мешавад?
4. Пасвандҳои ҷамъбандии забони тоҷикӣ кадомҳоянд?
5. Кадом пасвандҳо хурдиву навозишро ифода мекунанд?
6. Исмҳо кадом шаклҳоро доранд?
7. Кадом исмҳо бо ҳарфи калон навишта мешаванд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.