Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Имлои масдар, сифати феълӣ ва феъли ҳол

Масдар шакли ибтидоии феъл буда, номи амалро мефаҳмонад. Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад.Он замон, шахсу шумора ва сиғаро ифода намекунад. Масдар аз асоси замони гузаштаи феъл бо иловаи пасванди -ан сохта мешавад: хондан, дидан, омадан, навиштан, рафтан… Масдар аз ҷиҳати сохт се хел мешавад: аслӣ, сохта ва таркибӣИмлои масдар, сифати феълӣ ва феъли ҳол

Имлои масдар

Масдар шакли ибтидоии феъл буда, номи амалро мефаҳмонад.
Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад.Он замон, шахсу шумора ва сиғаро ифода намекунад. Масдар аз асоси замони гузаштаи феъл бо иловаи пасванди -ан сохта мешавад: хондан, дидан, омадан, навиштан, рафтан…
Масдар аз ҷиҳати сохт се хел мешавад: аслӣ, сохта ва таркибӣ.
Шакли инкории масдар бо пешвандӣ на- сохта мешавад.

Имлои сифати феълӣ

Сифати феълӣ шакли ғайритасрифии феъл буда, амал ё ҳолатеро мефаҳмонад, ки ҳамчун аломати предмет дар яке аз замонҳо воқеъ мешавад.Сифати феълӣ бо се роҳ сохта мешавад:
1. Бо роҳи ба феъл ҳамроҳ кардани пасвандҳои – а ва – агӣ:
Шишаи шикаста,китоби хондагӣ…
2. Бо роҳи ба феъл ҳамроҳ кардани пасванди -анда(-янда):
Замони оянда,оҳуи раманда…
3. Бо роҳи ба масдар ҳамроҳ кардани пасванди -ӣ:
Суханони гуфтанӣ, асари хонданӣ…

Сифати феълӣ 5 шакл дорад:
1.Замони ҳозира:раванда, ҷўянда…
2.Замони гузашта:хонда баромада, бикшода…
3.Замони ҳозира-оянда: мехондагӣ, медидагӣ…
4.Замони ҳозираи муайян: тарсанда, кашонанда…
5.Замони оянда:рафтанӣ, машғул шуданӣ…

Якҷоя навишта мешавад:
а) сифати феълие, ки аз асоси замони ҳозираи феъли таркибии номӣ ба воситаи пасванди -анда сохта шудааст: домодшаванда, хатмкунанда, ҷавобдиҳанда, нишондиҳанда, пешбаранда, мағлубшаванда ва ғайра;
б) сифати феълие, ки аз замони гузаштаи феъли таркибии номӣ бо пасванди – а сохта шудааст: корҳои иҷрошуда, иҷрокарда, дер-монда, қафомонда, анҷомёфта, пиёлаи лабшикаста, саги думбурида ва ғайра;
в) сифати феълие, ки аз феъли таркибии номӣ ва ибораҳои пешояндӣ сохта шудааст: кори баанҷомрасида, ҷавони азхудрафта, пири барҷомонда, умеди барбодрафта ва ғайра;
г) сифати феълии замони оянда, ки бо пасванди – ӣ сохта шудааст; воқеаҳои фаромўшнашуданӣ, пули сарфшуданӣ,қарори вайронашуданӣ ва ғайра.

Имлои феъли ҳол

Феълҳое, ки ба шарҳи амали асосии ҷумла меоянд, феъли ҳол номида мешаванд.Феъли ҳол амали иловагии ба феъли асосӣ пайравбударо мефаҳмонад.

Феъли ҳол ду шакл дорад:
1.Аз асоси замони гузаштаи феъл бо ҳамроҳ кардани пасванди -а сохта мешавад.
2.Аз асоси замони ҳозираи феъл бо ҳамроҳ кардани пасванди -он(-ён) сохта мешавад.
1. Ҷузъҳои феъли ҳол, ки аз асоси замо¬ни ҳозираи феъли таркибии номӣ ва ибораи феълӣ бо пасванди -он сохта шудаанд, якҷоя навишта мешаванд: бозикунон, навозишкунон, роҳравон, сурудхонон, сўҳбаткунон, гулдурросзанон ва ғайра.
2. Ҷузъи номии феъли ҳол такрор ёбад, бо дефис навишта мешавад: пичир-пичиркунон, ҳай-ҳайгўён, чаҳ-чаҳзанон ва ғайра.
3. Феъли ҳоли такрор бо дефис навишта мешавад: ларзон-ларзон, хандон-хандон, хандида-хандида, лангон-лангон, лангида-лангида, давон-давон, давида-давида ва ғайра.

Саволҳо аз рўи мавзўъ:
1. Феъл чиро мефаҳмонад?
2. Феълҳо ба чанд гурўҳ ҷудо мешаванд?
3.Ду гурўҳи феълҳо кадомҳоянд?
4. Феъл чанд асос дорад?
5. Асосҳои феъл кадомҳоянд?
6. Феълҳо чанд шахсу шумора доранд?
7. Бандакҳои хабарӣ кадомҳоянд?
8. Пешвандҳои шаклсози феъл кадомҳоянд?
9. Феъл чанд сиға дорад?
10. Феълҳо аз ҷихати сохт чанд хел мешаванд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.