Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Имлои пешояндҳо ва пасояндҳо

Пешоянд ва пасояндҳо ҳиссаи ёридиҳандаи нутқанд, ки дар ҷумла пеш аз калимаҳои мустақил омада, онҳоро бо хабари ҷумла алоқаманд месозанд. Пешоянд ва пасояндҳо бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ муносибатҳои синтаксисро бо калимаҳои дигар нишон медиҳандИМЛОИ ПЕШОЯНДҲО ВА ПАСОЯНДҲО

Пешоянд ва пасояндҳо ҳиссаи ёридиҳандаи нутқанд, ки дар ҷумла пеш аз калимаҳои мустақил омада, онҳоро бо хабари ҷумла алоқаманд месозанд.
Пешоянд ва пасояндҳо бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ муносибатҳои синтаксисро бо калимаҳои дигар нишон медиҳанд. Онҳо дар ҷумла ва ибора муносибатҳои масоҳат, замон, сабаб, мақсад, восита, тарзи амал, монандӣ ва ғайраҳоро ифода намуда, барои робитаи аъзоҳои ҷумла, аниқ намудани вазифаҳои синтаксисии феъл ва ҳиссаҳо номии нутқ хизмат мекунанд.
Пешоянду пасояндҳо маънои умумишудаи грамматикӣ доранд, ки дар алоҳидагӣ ҳис намешаванд. Вай ҳангоми дар ҷумла бо калимаҳои дигар ва феъл (хабари чумла) омадан эҳсос мегардад.
Пешоянду пасояндҳо аз ҷиҳати пайдоиш бо ду гурўҳ ҷудо мешаванд: 1.Пешоянду пасояндҳои қадимаи аслӣ (аз, бо, ба, дар, барои, бар, -ро) 2.Пешояндҳо ва пасояндҳои ғайриаслӣ ё номӣ, ки баъдҳо дар натиҷаи тараққиёти забон пайдо шудааст.
Пасояндҳои номӣ аз ҳиссаҳои номии нутқ хусусан, исму сифат ва бандаки изофӣ ба вуҷуд омадаанд, мисли рўи, зери, боло, назди.
Пешояндҳо аз ҷиҳати таркиби морфологиашон ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешавад:
1. Пешояндҳои аслии сода: аз, ба, бар, то, бе, ҷузъ…
2. Пешояндҳои аслии таркибӣ: то ба, ҷузъ аз, ба ҷузъ…
3. Пешояндҳои содаи номӣ ё изофӣ: пеши, назди, рўи, зери, болои, ғайри…
4. Пешояндҳои номии изофии таркибӣ: ба пеши, дар назди, аз паси, дар бораи, аз руи …
5. Пешояндҳои номи изофии такрор: пеш – пеши, таг – таги…
6. Пешояндҳои таркибӣ: пеш аз, назар ба, нисбат ба, оид ба, ғайр аз, пас аз.
Пасояндҳо низ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: пасояндҳои аслии қадимаи – ро, барин ва пасояндҳои ғайриаслии номӣ ва зарфӣ: боз, пас, баъд, пеш, муқаддам, замон, ҳамон, баробар, берун, инчониб… Пасояндҳои аслӣ аз маъноҳои луғавӣ ҳам маҳруманд, аммо пасояндҳои ғайриаслӣ маънои луғавӣ ҳам доранд.

Имлои пешояндҳо
Дар имлои пешояндҳо ду қоидаи навишт мавҷуд аст:
а) Пешояндҳои сода аз ҳиссаҳои номии нутқ ва масдар: бо дуст сўҳбат кардан, дар роҳ мондан, то истгоҳ рафтан, барои Рафиқ, мувофиқи матлаб.
б) Ҷузъҳои пешояндҳои номии таркибии изофӣ: аз барои, ба муносибати, бо мурури, то давраи, дар байни…
в) Ҷузъҳои пешояндҳои аслии таркибӣ: ба ҷузъ, то ба, ҷузъ аз…
г) Пешояндҳои таркибии номии беизофӣ: пеш аз, доир ба, роҷеъ ба, оид ба…
д) Пешоянду пасоянд дар таркибҳои пешояндию пасояндӣ: ба боғ андар, барои дўст шуда…

Пешояндҳое, ки бо дефис навишта мешаванд:
а) Пешоянди классикии «бад» бо ҷонишинҳо: бад – ин, бад – ў
б) Пешояндҳои изофии номии такрор: гирд – гирди, зер – зери, пеш – пеши…
в) Пешояндҳои ихтисоршуда: з-ин, з-ў, з-он бо ҷонишинҳо

Имлои пасояндҳо
а) Пасоянди – ро бо калима ҳамроҳ навишта мешавад: китобро хондам, таҳсилро давом медиҳам:
б) Пасоянди – ро баъди қасв бо нохунак ва дефис меояд.
Сараъзо (мубтадо ва хабар) – ро бунёди ҷумла меноманд.
Романи «Fуломон» – ро устод Айнӣ навиштааст.
в) Пасоянди номии мураккаб якҷоя навишта мешавад: инҷониб, интараф…
г) Пасоянди ғайриаслӣ ва номӣ: барин, боз, пеш, қабл, замон, ҳамон
аз калимаи пешина ҷудо навишта мешавад: гул барин, қанд барин, омадан замон корро сар кард, панҷ сол қабл…


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.