Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Имлои садонокҳо (у, ў, и, ӣ, о…)

Имло қоидаи ифодаи овозҳо дар калима ва тарзи навишти калимаҳо. Имло ё орфография мачмўаи қоидаҳои навиштор аст. Имлои забони точики аз қоидаҳои дуруст навиштани овозҳо, кўчонидани қисми калима аз як сатр ба сатри дигар, навишти дурусти ҳиссаҳои нутк, қоидаҳои ҳарфи калон иборат аст. Калима дорои қолабҳои муайян аст. Тағйирёбии қолаби калима боиси таҳрифи маъно шуда метавонадИмлои садонокҳо
Овози ӣ бо ду ҳарф ифода мешавад; и ва ӣ (ӣ-и заданок). Ҳарфи и дар мавридҳои зерин навишта мешавад;
а) дар аввал ва мобайни калима; ибо, идора, иншо, гирифтан, давидан, хандид, китоб, Амриддин, Фазлиддин, Нуриддин ва гайра;
б) дар охири пешоянд, пайвандак ва ҳиссачаҳои ки, чи ва калимаҳои мураккабу таркибии дар заминаи онҳо сохташуда; аз сабаби, ҳангоми, мувофиқи, мисли, балки, азбаски, кошки, ҳарчи, вақте ки, ҳангоме ки, чи шумову чи ман, равем-чи, cap кунед-чи ва амсоли инҳо;
в) дар охири калимаи муайяншаванда чун бандаки изофӣ: гули бодом, насими кўҳсор, панди марди фозил, бародари дўсти наздики ман ва ғайра.
Дар калимаҳои навъи зайл садоноки и ба тамдиди бештар (дароз, раҳим, азиз, басир, шарик, таҳлил, такмил…) дучор мегардад.
3. Ҳарфи ӣ (ӣ-и заданок) дар охири калима дар мавриҳои зайл навишта мешавад:
а) дар калимаҳое, ки ҳиҷои охирашон заданок аст:
шоҳӣ, моҳӣ, олӣ, даштӣ, обӣ, хуҷандӣ, аскарӣ, навсозӣ, таксӣ, туфлӣ, хусусӣ, Тбилисӣ, Батумӣ ва ғайра;
б) бандакҳои феълӣ ва хабарии шахси дуюми танҳо безада бошад ҳам, барои фарқ, кардани онҳо аз бандаки изофӣ бо ӣ навишта мешаванд: ту омадӣ, ту гирифтӣ ва омадӣ, ту коргарӣ ва ғайра;
4.Ҳарфи у дар чунин мавридҳо навишта мешавад:
а) дар oғoз, байн ва охири калима: устувор, устухон, бузург, дуруст, ту, бону, зону, дору, орзу, олу ва ғайра;
б) калимаҳои зер аз рўи анъана бо ҳарфи у навишта мешаванд: тарҷума, хусравонӣ, Хусрав ва ғайра;
в) пеш аз ҳамсадои артикли калимаҳои мураккаби иқтибосии арабӣ у навишта мешавад: Абдуллоҳ, Абдумалик, Абдуманнон, Мантиқуттайр, Равзатуссафо, Мовароуннаҳр, Маликушшуаро ва ғайра.
Дар калимаҳои навъи зер садоноки у дароз талаффуз шавад ҳам, ҳарфи у навишта мешавад: дуд, дур, хун, дун, оҳу, олу, бону, дарун, берун ва ғайра.
5.Ҳарфи ў (ў-и маҷҳул) дар аввал, мобайн ва охири калима навишта мешавад: ўгай, ўймок, зўр, дўст, сўхтан, гулў, бў(й), мў(й) ва ғайра.
6.Овози э бо ду ҳарф ифода мешавад: э ва е.
а) ҳарфи э дар аввали калима навишта мешавад: эдар, эй, элак, Эргаш, эб, эҷод, эълон, эҳсон, эзоҳ ва ғайра.
Дар калимасозӣ қоидаи боло риоя мешавад: беэзох, беэътибор, беэҳтиёт, беэътимод, беэҳтиром, симэлак ва ғайра;
б) ҳарфи е дар дохил ва охири калима навишта мешавад: сер, бел, сафед, шамшер, беда, шанбе, меҳр, меҳнат ва ғайра.
в) асосҳои замони ҳозираи феълҳои додан ва ниҳодан бо ҳарфи е (деҳ, неҳ), вале шаклхои тасрифии онхо бо ҳарфи и навишта мешаванд: медиҳам, мениҳам, мениҳодам.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.